Бахшҳо

Эълони сабаби марги Умаралӣ Назаров

Ташхисгарони тиббӣ-судӣ сабаби марги Умаралӣ Назаров, шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистонро дар беморхонаи Симбалинаи шаҳри Санкт Петербург эълон карданд.

Тибқи хулосаи ташхиси тиббӣ, ки имрӯз, 7 ноябр эълон гардид, Умаралӣ бар асари иммунитети заиф, норасоии қалбӣ ва бемории шуш ба ҳалокат расидааст: “Инчунин дар ҷисми Умаралӣ ситомегалавирус дарёфт гардид, ки ҳанӯз дар батни модар, агар иммунитет заиф бошад, ба тифл осеб мерасонад”.

Дар баробари ин ташхисгарон таъкид кардаанд, ки дар роҳи нафаси Умаралӣ варамиҳои зиёд ва дар мағзи сараш паразитҳои хурд дарёфт гардидаанд. Айнан дар хулосаи тиббӣ бо забони русӣ инчунин омадааст: “У ребенка был также найден миокардит, дистрофия миокарда и печени, панкреатит, трахеит, пневмония и очаговый бронхоспазм. В надпочечниках имелись мелкие кровоизлияния, тонкий кишечник поражен хроническим воспалительным процессом".

Ташхисгарон таъкид мекунанд, ки Умаралӣ бар асари камбуди иммунитет даргузаштааст, зеро организмаш аз ҳар ҷониб мавриди ҳамлаи инфексияҳо қарор гирифтааст.

Марги мармузи Умар Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Симбалина даргузаштааст, дар ҷомеаи Тоҷикистону Русия вокуниши шадид ба вуҷуд овард. Мақомоти Русия мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар мавриди таҳқиқи қазия Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ахиран эълон кард, ки ба Кумитаи федералии тафтишоти Санкт-Петербург ва додситонӣ ёддошти эътирозӣ равон хоҳад кард, чун ба гуфтаи намояндагии Тоҷикистон дар ШКД-и ноҳияи Адмиралтийски Санкт Петербург ва хадамоти муҳоҷирати ин ноҳия кӯшишҳо барои айбдор кардани волидон дар марги кӯдак дида мешаванду ҳуқуқи вакилони дифоъро дар ин қазия нодида мегиранд.
Мӯҳр
Наход ки хамаи намуди беморихо дар як кудак дар як вакт ефт шуда бошад ин хама барои гунохи худшона пушонидан ва дар чомеаи чахони кормандони милисаашона пок нишон додан аст

Наход ки хамаи ин беморихо дар як вакт дар як бадани кудаки 5 моха чой дошта бошад ин хама ба хотири руйпуш кардани гунохи кормандонашон ва дар чомеаи чахони ба хотири худашона бегунох баровардан аст,“У ребенка был также найден миокардит, дистрофия миокарда и печени, панкреатит, трахеит, пневмония и очаговый бронхоспазм. В надпочечниках имелись мелкие кровоизлияния, тонкий кишечник поражен хроническим воспалительным процессом айб

Азиз
Барои чи, пеш аз 13 октябр неву махз баъди кудакро гирифтани пулис он вирусхо таъсир карда тифлро ба халокат расонидаанд??????

Шармандахо як ба чехраи зебои тифл нигаред!, магар ба бемор монанд аст. Бигзор хамон инфексияхои ёфтаи Шумо рост бошад, чунки ин инфексияхои номбаркардаи Шумо кариб дар хамаи организмхо агар нагзтар коби ёфт мешавад. Умед дорем, ки подоши амалатонро мегиреду мебинед!

Пирзода Мъруфчон
Ман хаминро гуфтаниам ба волидони ин дуструяк хамааш як такдир мебошад. Волидони мухтарам ин хушруча "Чанатулфирдавс"ро сохиб шудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)