Бахшҳо

Пешниҳоди омӯзиши дарси Пешвои миллат дар макотиби миёна ва олӣ

Сиёвуш Наботов, устоди кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, дар макотиби миёна ва олии кишвар омӯзиши “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” ба роҳ монда шавад.

Ҷаноби Наботов дар матлабе, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, изҳор дошта, бо назардошти хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад, ки мавзӯи “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” дар макотиби олӣ дар фанҳои сиёсатшиносӣ ва дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар фанни таърих мавзӯоте мавриди баррасӣ ва омӯзишу таҳқиқ қорор гиранд, то насли нави имрӯз, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро надидааст, бе гумон бидонад, ки барҳамзанандаи алангаи ҷанги хонумонсӯз маҳз Пешвои имрӯзаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аст: “Вақте сухан дар бораи Пешвои миллат меравад, ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан- эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст ва он ба таври ҳатмӣ бояд ҳамчун мавзӯи дарсӣ дар мактабҳо дарс дода шавад. Умед аст пешниҳоди мазкур қобили қабули ҳамагон хоҳад буд, зеро аз рӯи таҳлили воқеияти имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, эҷоди институти ҳуқуқии Пешвои миллат як зарурати воқеии давлатдории мо дар шароити имрӯза мебошад”.

Ин устоди донишгоҳ дар идома гуфтааст, “омӯзиши таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ ва назарбандиҳои илмӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки доштани “Пешвои миллат”, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ дар ҷаҳони ноором шарт ва зарур аст”.

Ба таъкиди Сиёвуш Наботов, хилофи арзишҳои демократӣ ва ғайриконститутсионӣ донистани масъалаи пешвои миллӣ, бештар ноогоҳии мунаққидон аз фазои гузашта ва имрӯзи ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро нишон медиҳад: “Барои мисол дар Амрико онҳоро “Падарон — асосгузорони давлати Амрико” — Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷеферсон, дар Туркия Падари миллати турк -Ататурк, дар Ҳиндустон “Падари миллати ҳинду” — М.К. Гандӣ, дар Покистон падар асосгузори давлати Покистон — Алӣ Муҳаммад Ҷиноҳ, дар Сингапур «Асосгузори давлати Сингапур» Ли Куан Ю, дар Қазоқистон “Пешвои милат” Н.А. Назарбоев ва инак дар Тоҷикистон “Пешвои миллат” Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудаанд. Назарияҳои илмӣ ва таҳлилҳои ҳуқуқиву сиёсӣ нишон медиҳанд, ки аз шинохт ва эътирофи онҳо демократияи ин давлатҳо ва ё дигар озодиҳояшон ҳеҷ зарар надида, амали конститусионӣ ҳисобида шуда, роҳи суботи рушди давлат ҳифз шудааст”.
Мӯҳр
Масчои
Эҳ Аллоҳи Бузург агар ту вуҷуд дори тухми хушомадгую маддоҳон ва чолпусонро аз миллати тоҷик несту нобуд кун! Дар асри 21 дар муддати 24 сол, мардуми худро бо оддитарин шароит, қувваи барқ таъмин карда натавонистанду, имрӯз ин маддоҳони лагандбардор бо бузургони дунё уро баробар мекунанд. Давлати қашшоқтарини дунё, фасодзадатарин давлат ва ана ҳамин хел бесаводон ба мисли ин сиёвуш дар сари қудрат!

Номи
Вот, пошло и поехало!

Сафар
Офарин! Боз 25 соли дигар бе барку чои кор бошем, ана он вакт пай мебарем, ки дар хакикат мо пешво дорем. Амрикоихо, туркхои усмони, мардуми соданд, онхо миллату ватанашонро тавонистанд пешрафтаву саноати кунанд. Мо чи, хамаро дар таххонаи россия гуломи русхо кардем, ба мардум чои кор надодем, маош надодем, точикро ба бекадртарин миллати дунё табдил додем. Магар ин хизмати бузург нест. Боз як бори дигар офарин бар ин пешниходу химмататон чаноби Наботов! Хатман ягон вазифа хохи гирифт. Иншооллох!

Расул
Ба мастчохи ва у баринхо: хеч гох оиди вучуд доштани Оллох шакку шубха накунед. Хеч вакт нагуед, ки "агар вучуд дошта боши".

ЗАРРИН
Хамдиёрони азиз, кавми бародаркуш 40- сол аз баракати худо махрум аст. Албатта рузи сиёх,тахкир аз миллатхои дигар, дастиками ин подоши харакатхои ночои мо нисбати худи мост. Сарварони окилу корозмудахоямонро аз минбархо фуровардем, бо калуш дар рухсори онхо заде, мушт ба ба синахои онхо задем ва аз кудрат дур кардем. Сарварони навро дар аввалли кор чарохатдор кардем ва хар сол як ё ду бор шуриш мебардорем дар кайсари аз кавми Хазрати Мусо гузаронидем ва ба худамон мудом чабр эчод менамоем. Магар идораи ин кавм осон аст. Кисме Лаганбардор,кисме курнамак, кисме беор, кисме ситезакору беандеша, кисме худфурушу душманпарвар, кисме бесабру беруй, кисме дузду карагчи. Барои ба ин хулоса омадан як ВАО-РО ХОНЕД басанда аст. Дар хакикат таърифи зиёдро душман мекунад барои гофил мондани ракиби худ, бе танкид пешрави нест, лекин танкид низ хад дорад. Танкид карди рохи халли масъаларо пешниход намо,раваду кабул гардад. Ту дар бораи Туркони Усмони харф зади онхо зираканд, медонанд. кай танкид кунанд, кай мутахид шавад то душман онхоро фуру набарад. Вокеахои охири бар сари миллати Турк омада дар соли 2015 барои кур асо аст. Точик чи?. макон, вакт, вазъиятро эхсос накарда хаттаро намебинад. Илтимос таъриф ва ё танкидро аз хад нагузаронед.

деҳқон
Хами Наботов камтари дига косара мебардошту фана дар руихати фанои даққиқ дохил мекард ва лаборатория мекушоб вазифа мегирифт!

Саидчон аз Ёкутистон
Чаноби Сиёвуш Наботов,Оё шарм намедоред бо ин мадхи бофтаю сохта?! Боз устоди донишгох будааст шон..эй аз Худо шарм доред .ЭЪ

Бе кор
Салом хонандаи гироми ман ба ин маълми ( агар щумо хонандаи гироми гуед чаро устод ё муъалим не ман мегуям ин кас хто арзищи маълимиро надорад!) Гуфтаниям ки ба чой чунин пещниходхо фикрхои пучу холи агар дар фикри як ихтироот пещбурди иктисод бощед хуб набощад , аммо ин лагандбардорхо метарсам милтро ба нобуди мебаранд саломат бощед ( еее каириб фаромущт мекардам як чахон тащакур)

Салом хонандаи гироми ман ба ин маълм ( агар щумо хонандаи гироми гуед чаро устод ё муъалим не ман мегуям ин кас хто арзищи маълимиро надорад!) Гуфтаниям ки ба чой чунин пещниходхо фикрхои пучу холи агар дар фикри як ихтироот пещбурди иктисод бощед хуб набощад , аммо ин лагандбардорхо метарсам милтро ба нобуди мебаранд саломат бощед ( еее каириб фаромущт мекардам як чахон тащакур)

Саид
Вой ва сад вой!!!!
Дар Ачам гардидаму хам дар Араб,
Мустафо ноёб, арзон Булахаб.
Ин гулом ибни гулом ибни гулом,
Хуррият андешаи уро харом.

Tojik
имруз барои миллати мазлуми мо ободи ва бехтар шудани вазъи маиши мухим аст. Бо халво гуфтан дащон ширин намешавад албатта агар боз халво бошад вагарна коми хамаро талх неакунед. ба фикри таъмини оби солим, барк, гармоиш, сухт кор маош озодона зиндаги кардан ва ... мардум бошед

Наботов! Дар хонаат агар ягон оинаи худбин доштабоши, баркад мону ягон кадаха гиру худат ба худат тост гую нушу сарата печ. Нагз хобат хохад бурд. Бекора худата бо ин гапхо азият нате!

Вафо
Бар худододагон ситеза макун,ки ба онхо худо додааст.эй мардум ношукри накунетон,ки чунин шахсро худованд бар мардуми точик лоик дидааст.ягон нафаое дар хамон солхои 92 пайдо нашуд,ки ман чангро ором мекунам гуфта бошад,чавононе,ки он солхорл надидаанд осон хаст гайбат кардану гапхои бехуда задан,хамин марди бузург буд,ки мардумро аз афгонистони хунин бар ватан баргардонд......бар хама унвонхо лоику арзанда хаст,дар тамоми мамлакатхо мухочир хам хаст факат номи точиконро чугихо сиёх менамоянд,агар коркунони хукук назоратро хуб мекарданд умуман гадои точик дар точ.нест хам гуем хато намекунем.

егыт
Наботов, донишгохи моро паст назан!!!

jeK
Пешвои милат арзандаи тахсин аст

Мана лагандбардорон пеш аз хушомадгуи, аввал назархои мардума ба хисоб гиред. Бинед, ки мардум нисбати чунин шумоён лагандбардорон чи кадар нафрат дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)