Бахшҳо
01 фев 2016 10:17Тоҷикистон / Сиёсат

Норозигии сокинони Бадахшон аз “ношукрӣ”-и раис аз кӯмакҳои Оқохон

Суҳбати ошкорои Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон бо рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур, ки кумакҳои Бунёди Оқохонро ба вилоят ночизу эҳсоснашаванда хондаст, норозигии бархе аз сокинони вилоятро ба вуҷуд овардаст.

Шодихон Ҷамшед дар ин суҳбат аз хисороти зиёди офатҳои ахири табиӣ ба мардуми вилоят ёд оварда, гуфтааст, ҳукумат саривақт зарардидаҳоро бо шароити хуби зиндагӣ таъмин намуд. Дар ин баробар кумакҳои Бунёди Оқохонро ба зарардидагон хеле ночиз хонда, таъкид кардааст, мардум ҳам инро ҳис карданд. Раиси вилоят ҳаҷми маблағгузории Бунёди Оқохонро ба вилоят дар соли гузашта 5-8 миллион сомонӣ арзёбӣ намуда, илова кардааст, ин сирф маблағҳои фонди Оқохон нест: “Ин маблағҳои донорҳост, ки бо фонди Оғохон ҳамкорӣ мекунанд”.

Ӯ дар идомаи суҳбат афзуда, "мардум дигарбора итминон пайдо кард, ки воқеан давлат пойбарҷост. Ба ягон ташкилоту идораҳои кумакрасон дигар умед надоранд".

Таъкидҳои раиси Бадахшон сабаби норозигии бархе сокинони Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Гуруҳи сокинони вилоят дар гуруҳи "Pamir-News"-и Фейсбук раисро ба "ношукрӣ" муттаҳам карда, таъкид намуданд, маҳз кумакҳои Бунёди Оқохон дар солҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдиҷангӣ буд, ки мардумро аз гуруснагӣ наҷот дод. Корбарони интернет кумакҳои Бунёди Оқохонро ба соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии қишлоқ, энергетика, маориф ва ғайраро зикр карданд. Ҳокимшо Зулфиқоров, масъули Бунёди Оқохон изҳор доштааст, ки шояд нашрия дар мавриди ҳаҷми кӯмаки Бунёди Оқохон иштибоҳ кардааст, ё ҳаҷми кӯмаки ҳамагӣ як институти Бунёдро дар назар доштааст. Ба гуфтаи Зулфиқоров кумаки шабакаи Оқохон танҳо ба Бадахшон дар соли гузашта зиёда аз 200 миллион сомониро ташкил додаст.

Раиси вилояти Бадахшон дар суҳбат бо Шарифи Ҳамдампур гуфтааст, соли 2016-ро дар Бадахшон соли мубориза бо ҷинояткорӣ эълон кардаст. Ӯ бо зикри сарҳади 800 километрӣ бо Афғонистон, илова намудаст, ки ҷавонони Хоруғ таҳти таъсири гурӯҳҳое, ки аз соли 1992 бо номи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ пайдо шуда буданд, қарор доранд: “Ҳанӯз ҳам ин гурӯҳҳо таъсир, нуфуз ва эътибори худро доранд. Ҳозир то андозае давраи ҳалли ин проблема расидааст...”

Раиси Бадахшон изҳор доштааст, дар вилоят қонуният пурра риоя намегардад ва инро ба камбудӣ дар фаъолияти мақомоти судӣ, прокуратура ва ҳифзи ҳуқуқ рабт додаст. Раиси вилоят ишора намудааст, ки ҷинояткорон дар дохили “система” аз ҷумла миёни атрофиёни маҳдудаш одамони худро доранд: “Ҷинояткорон аз дохили "система" гап мегиранд. Баъе чизҳое барои онҳо ошкор аст, ки ҳайрон мешавам, ки аз куҷо ин гапҳоро мегиранд. Ман дар доираи маҳдуд ҷаласа мегузаронам, аллакай барои онҳо маълум аст. Ман дар ин ҷо раиси вилоят ҳастам. Мақомоти қудратӣ маро ҳимоят кунад, на ин ки ман онҳоро. Ҷинояткорро онҳо бояд рафта биёранд, на ин ки раиси вилоят. Дар назди қонун ҳама баробар аст. Касе ҷиноят кард, бояд ҷавоб гӯяд. Қонун раҳму шавқатро намепарастад”.
Мӯҳр
ман хайрон аз он мешавам, ки агар нисбати изхороти раиси вилоят ангуштшумор нафарон фикру акадаашонро иброз менамоянд (боз хамон нафароне такрор ба такрор комментарияро мегузоранд, ки берун аз вилоят мебошанд ва гуё "патриот" -и диёри хеш астанд) ва фикру акидахои онхо гуё норозигии сокинон аст. Хакикат талх хаст, баъзехо кобилияти кабул кардани онро надоранд. Раиси вилоят бехтарин инсон ва рохбар аст. Ба Шумо Раис тавфик хохонам.

баъзе комменатияхоро хонда аламам меояд, барои чи коментарияхои баъзехо хакикат гуё доранд ва комментарияхои дигарон, ки ба тарафдории сиёсати давлат ва ё сиёсати раиси вилоят иброз мегарданд, ин гуна комментарияхо гуё аз тарафи хешу табори раиси вилоят навишта мешаванд. Хайрият, ки бо раис хешу табори надорем,вагарна наменавиштам вале гуфтани астам, ки раис дар хакикат Шумо бехтарин раис астед. Дар кучое, ки кор аст, дар ончо камбуди хаст. Барори кор Раис.

Рачушч
Озодагон. Дар Точикистон вилояти Бадахшон нест, хаст Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон,рост навиштанро ёд гиред. Дар Барсем зиёд аз 1000 нафар хар руз мардум аз кишлокхои дуру наздик бисёртар кор кард. Точикистон агар побарчо бошад фикре зиёда аз 1,5 миллион мухочир дар Руссия кунад,ахволи бисёрихо саг барин аст.

Раиси мухтарам аз руи такозои замон андешарони карден, локин ин чаноби Хокимшо Зулфикоров хуб мебуд ракамро ислох (200 млн) намекард!!!!! чун ислох кард бояд муфассал нависен: микдори барномахо, маблагхои барнома ва гайраву хоказохо.. ва фоидахо аз фуруши баркро низ нависен !!!!!????? Дар байни хукумат(мансабдорон) ва ахоли шур наандозен, ки аз руи конуни исломи набошад!!!!!?????!!!

НоОзодагон - хамаи комментхоро чоп намекунад. Гапхои хакиката чоп намекунад. Я даже два раза подряд написал но мой коммент так и появился. Бародари раис дар дехаи Танг-и н.Шугнон цементе ки ба БарСелиён хамчун кумак аз давлати Хитой оварда шуд фурухта истодааст. Любой житель С/С Сучан потвердить это.

Бадахши, Барои маълумот. Сементе ки аз Хитой оварда шуд ба Агентии захирахои моддии давлатии назди Хукумати ЧТ таалук дорад ва хисоботдихандаи (таксимкунандагон ва фурушандахо) ин маводхо намояндагони ин Агенти дар вилоят мебошанд на раиси вилот.

Haqiqat ju
Дуруст мегуед шумо на хамаи пул аз Фонди Ого Хон аст, кисме аз ин пул аз они Донорхо аст, Вале шумо бояд дарк кунед ки Донорхо хар кас ба пул намедиханд, махс боварии Донорхо нисбат ба фонди Ого Хон амик аст ки онхо ба воситаи фонди Ого хон ба мардуми Точикистон кумак мерасонанд. Вагарна вайхо пулашонро хеч гох ба хар як созмон ва хар як инсон дароз намекунанд. Офарин ба Фонди Ого Хон ки донорхо бо он хамкори мекунанд.

Haqiqat ju
Кумак Ночиз, Намешавад чаноби Раис, " Qalilan Mo Tashkurun" (Qur'oni majid), "Андаке шукр мекунед", Набояд ношукри кард, Мардум аз Кумаки Хукумат,, аз Пешвои Миллат хамсоягон, дигар мардумон аз Шахри Хоруг, аз Нохияхои вилоят, шахру нохияхои Чумхури ки вакту, кувваю, молашонро дарег надоштанд, аз Созмони Огохон ва дигар созмонхо ва хукуматхои дунъё ки кумакашонро дарег надоштанд ва Хатто аз худи шумо ки ба воситаи мардум кумак расондед, миннатпазиранд, ба фикрам ягон кас инро инкор намекунад. Вале аз чи сабаб шумо махз кумаки созмони Ого Хонро нодида гирифтед ин барои банда як муаммо аст. Худованд бар хама чиз биност (Vallohu bi kulli shay'in basir')

ИН РАИСА РАИСИЯШ АЗ "БАХОРАШ" МАЪЛУМ БУД....

Нууу озодагон. где наши комменти. О монед мардум нависад то бидонед чи кадар ҷазир шудагӣ сиёсати чиновникхо. Имконият медодед як статяи каааалоннн бо тамоми ифлоскорихои ғайриқонунии ин раис менавистем.

Ман якчиза нафамидам кумак чанд сум карданд чи кадар карданд ягон кас хак надорад уро кам гуяду зиёд гуяд...хукумат вазифадор барои ахолии худ кумак кунад

Бехтарин Раис Шодихон Чамшед аст, бигзор касе чизе ва беасос гуфтан гирад. Ман бо раиси ВМКБ ифтихор дорад. Мухтарам Раис дар корхои харрузаи пурмасъулатон ба Шумо комёбихоро тамано дорам. Мо бо Шумо будем, хастем ва мемонем!!!!!

Эй мардум хамин Шумо будед, ки аз Шохтемуру Азизхону Саидюсуфалишою Моёншову Сохибназару Гарибшо, Шодавлату Алимамаду Кодири Косим ва дигару дигархо фарзандони худ рози набудед ва акнун аз Шодихони Чамшед. Боре шукр гуед ба хакикат нигох кунеду баъд гап занед. Махмаддоно бисёр аст вале боре аз худ суол кунед барои чомеа аз Шумо чи фоидае мерасад. Магар Хозиримом мехохад, ки мо чунин муносибат кунем. Кучост иттиходи мо, факат гайбати бехуда.
БЕДОР ШАВЕД! КАМБУДИ ХАМ ДАР ХАМАИ СИСТЕМАХО АСТ ВАЛЕ МО БОЯД ДАР ИТТИХОД ОНРО ХАЛ НАМОЕМ, НА БО РОХИ ГАЙБАТ АЗ ТАРИКИ ИНТЕРНЕТ!

raisi Muhtarram shumo behtarin inson hasted.

Дар хакикат гами мардуми точикро танхо давлату хукумат мехурад накаси дигар. Имрузоо мардуми вилояти Бадахшон дарк намуданд, ки да рузои сахти ва кахти танхо сарвари давлат ва хукумати чТ гамхори оно асту бас. Мо сокоинон Бадахшош бояд хамеша гамхории сарвари давлатро кадр кунему пуштибони сиёсати пешгирифтаи у бошем. Фонди Оғохон бошад, тано дар рузое, ки ба оно ягон чиз даркор бошад, бадан мардум баёдаш мезана. Асозгуори сулху вахадат, Пешвои миллат сарвари азизу гамхори мо Чаноби Оли Эмомалии Рахмон мо бо шумоем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)