Бахшҳо

Ҷавони тоҷик дар Брянск арӯс меҷӯяд

Як ҷавони 29-солаи тоҷик барои пайдо кардани бахт ба вилояти Брянски Русия рафтааст. Ӯ тавассути як нашрияи маҳаллӣ мехоҳад ҷуфташро пайдо кунад.

Фирдавс Шокиров, як зодаи Тоҷикистон, ки чанд сол қабл ба Русия кӯч бастааст, қасд дорад, бо хонуми русе издивоҷ намояд. Барои ин вай ба рӯзномаи “Десница” муроҷиат кардааст. Ӯ гуфта, дар шаҳри Почеп манзил харидорӣ карда ва мехоҳад ҳамсари ояндааш аз Брянск бошад: “Ман дар бораи духтарони Брянс зиёд шунидаам. Мегӯянд, онҳо хеле бомуҳаббату содиқанд. Маҳз барои чунин як бону ман ба вилоят омадам”.

Ба навиштаи рӯзнома Фирдавс маълумоти олӣ дошта, аз рӯи тахассус омӯзгори забони англисӣ мебошад. Ӯ гуфта, дар Душанбе зода ва ба воя расидааст. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кардаву дар пойтахти Тоҷикистон донишгоҳро ба анҷом расондааст. Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон дӯстдухтар дошт, аммо баъди он ки падарашро маҳбас карданд, хонаводаи духтар аз онҳо рӯ гардонд: “Баъди ин дигар ба духтарони тоҷик нигоҳ накардам”.

Фирдавс гуфтааст, баъди ин воқеа чанд сол қабл ба Русия омад ва нахуст дар Маскав дар яке аз ширкатҳои бонуфуз ба фаъолият пардохт: “Дар наврасӣ орзу доштам ба русдухтар издивоҷ кунам. Ҳоло вақти амалӣ кардани ин орзу расидааст. Нахуст мехостам дар пойтахти Русия издивоҷ кунам, аммо муваффақ нашудам. Бештари онҳое, ки шинос мешудам, мехостанд аз ҳисоби дигарон зиндагӣ кунанд, қисми дигарро тоҷик будани ман метарсонд”.

Ба гуфтаи ӯ, баъдан Брянскро барои зиндагӣ ихтиёр кард ва мехоҳад минбаъд ҳаминҷо ба сар бубарад: “Медонам, ки рӯзномаи шуморо духтарони зиёди хубе мутолиа мекунанд ва бовар дорам миёни онҳо нафаре, ки орзу дорам ҳаст”.

Ин ҷавони тоҷик гуфта, аслан мехоҳад, бонуи орзуҳояш то 28-сола бошад ва агар кӯдак ҳам дорад айбе нест.

Акс аз торнамои province
Мӯҳр
Мизбон.
мехмон,
Мехмончон,агар зани точики дошта боги,баьд табаку кошук намешуви?Хеши хан кайла бзан,хеши шу табак бшу.Ба хешхои янгара табак у тарафтар истад,тарелкаву дег мешуви,бо мошиношуна...э белухи худум намедунум,як дуге Шуи апаву хохару амаву хода дорум,некий ман дар тую маьракахошун,самоварчиву аловкуну тарелкаву тавакшуи мекнум.Хами апахому холахом хамука шувошуна дуст медоранд,ки...бо меравум дар хочагихои дехконишун мардикори хам мекунум,мошиношуна мешувум..
..Хайр аку хами чавон шухи кардай мебини охи..Э Фирдавсшох Санкт-Петербург бие, хар як духтари точки мукимии инчо калон шударо мебини,ки ай пари хушруванд.Проблема надоранд,шукр,шахрванди Россияанд.Хушкаду коматанд,фитнес клубхо Райта гимнастика мекунанд.Якташ трамвай идора мекуна,рамками 45-метром Купчино.Ранги луфтакай,кабинша махкам мекуна,ба точикои бесавод муносибат надора.Хапу хомуш сира бой наметия,факат ба руси гап мезана..Сна ту дипломдориву босавод..Мегарди дар чангалхои Брянск..Аввал бие арусхои точикдухтарони русзабона инчо бин...дар даруни трамвай ...катайсакарда мебаранут...

Ба ин бача тавсия дода мешавад. Бо масъалахои оиладори, хусусан, ташкил додани оилахои интернотсиуноли ба Макс Муллокандов, равоншинос, равонкоб машварат кардан даркор. Баъдан, муайян кардан зарур аст, ки ин бача арус мекобад ё урус?
мухочир,

бо мега ки кудак дошта боша мешава, lol Чи гови багусала шири зиёдтар метат ё ки замини шдгоркардагира побелкуни осонтарай?? АААА, мефораш шав миёнш дард накна lol

Беномус бача(... Зани рус, зан намешавад ба чавонписари Точик, онхо факат корашон аз шахвати хеш мардакро конеъ кардан асту халос! Фелан бисери рус занхое, ки шавхари точик доштан бо дигар мардхо хам алокаи чинси кардаанд. Зани ин маиллат ба урфу одати мо тугри намегирад! Хар кас аз кавму миллати худ бояд зан гирад!

шарм надор дар зиндагии шахсии ман чи кор ту пеш аз оне ки менависи номерота те ман 4 сол боз дар душанбеюм бачахо ин сайтхо дуругай интернета боваар накуне ман Фирдавс Шокиров

ягон суханаш рост нест и журналиста

Фирдавс, муваффақ бошӣ дар иҷрои орзуҳоят. Замони советӣ баъд аз хизмати аскарӣ аз тарафҳои Россия, Украина, Белоруссия, ҳатто аз Германия арус меоварданд ва дар бисёр маврид оилаҳои муваффақ ташкил менамуданд. Аз тоҷику дигар миллат фарзандҳои зебо ва боақл ба дунё меомад. Шояд дар авлоди падарӣ ё модариат чунин мисолҳо бошад. Муҳим ақлона рафтор намудан аст на чизи дигар!

Фирдавс Шокиров муаллими англисии мо дар Колечи информатика ва техникаи компютери аст. Дар бораи Ин хабар уро огох кардем мегуяд дар ягончо чунин мурочиате накардааст. Се сол пеш хамчун мухочир дар Брянск будаст. Шумораи телефонаш 907392626 барои аник кардани хабаратон метавонед аз у пурсед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)