Бахшҳо

Ҳушдори Э.Раҳмон аз хушксолию камҳосилӣ: Ғизо захира кунед...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми феврал дар ҷаласаи ҳукумат аз хушксолӣ ва камҳосилӣ дар кишвар ҳушдор дод.

Тибқи иттилоияи расмӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки “камборишии зимистону аввали баҳори имсола ва ҳамчунин фарорасии барвақти ҳавои баҳорӣ аз эҳтимолияти хушксолию камобии дарёҳо ва ҳамчунин аз хатари камҳосилӣ дарак медиҳад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин робита маслиҳат додааст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо аз ҳозир фаровон об дода шавад ва дар ҳар куҷое имкон ҳаст об захира карда шавад: “Киштукори баҳорӣ ва ҳамаи корҳои кишоварзӣ вобаста ба барвақт омадани гармӣ ба роҳ монда шавад ва маблағҳои мавҷуда ва тамоми воситаҳои моддию техникиро сарфаю сариштакорона истифода баранд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки чорабиниҳои давлатӣ ва анъанаю маросими серхароҷоти мардумӣ ҳам бояд бо хароҷоти камтарин ба роҳ монда шаванд ва мардум барои худ маводи ғизоӣ захира намоянд.

Қаблан Маҳмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон низ дар посух ба суоли “Озодагон” аз гармии зимистони имсола изҳори нигаронӣ кард.

Зокирзода гармои зимистонро мояи нигаронии на танҳо кормандони Вазорат, балки тамоми деҳқонони кишвар хонд: “Ин ки зимистон гарм омадааст хуб нест, зеро он намие, ки тирамоҳ буд ва он намнокие, ки дар заминҳои лалмӣ аст, хеле кам мебошад. Мо ғалладонагиҳои зиёд коштем. Бо чунин намӣ мо наметавонем, ҳосили банақшагирифтаамонро гирем”.
Мӯҳр
Ба олими кухистони
Кухистони агар ту номзади илм боши вой сад вой бар илми точик кучо шуд Гафуров кучо шуд Нуъмон Неъматов кучо шуд Мухторов барин шахсиятхо кучо ки мисли туе ва чанд тани дигар ки номхояшонро ин чо овардан бар салохи кор нест. Ту аз назари илм не аз даричаи тангу тори имонат ба чахон ва моварауттабиа менигари ки илми имруз хамаи он афсонахоятро рад кард. Бирав бихон хадди акал дар хамин интернет як клик куну бин холо чи бирасад ба китобхои илми. ба чуз аз имонат ки кори шахсии худди ту ва хамбоварони туст галатхои дини туро ошкор карданд ва нихоят то имруз хирад бар он аст ки инхо хама полудаи андешаи як ё чанд нафар инсони бекор будааст ки ба хамин рох кори худу хонаводаи худро пеш бибаранд гарчи ту ва мисли тухо напазиранд хам. Чаханнам як кушторгохи яхуди буда дар гузашта ва бевосита аз Таврот омада. Пули Сирот хамон Сауратаи Авастост ки бидуни тагир монда. Ин чо ки ту номзади илм хасти як чизи дигарро гуш зад мекунаму хапу дам мешинам ва агар хапу дам шини - ха бале мегуям ба ту. он ин аст ки илм тамоман чизи дигар асту дин тамоман чизи дигар ва роххояшон хадафхояшон ба кулли фарк дорад. илм -факт далел, вокеиятро дунбол мекунад аммо дин тахмин накл эхтимол шоядхо ва нашоядхоро ва дар кул як диктаест бар бани башар, . Имруз назари инсонхои модерн яъне он нафароне ки дар шарк хусусан дар кухистони шумо камтар ба чашм мехуранд хатто дар бораи худо ва худошиноси хам окилонатар ва мантикитар шуда хамчунонки мо инро дар гузаштаи пас аз исломии худ бештар дар Фирдавси мебинем. Ба номи Худованди чону хирад К аз ин бартар андеша бар нагзарад. Худое ки ту тасаввур мекуни факат мекубаду мезанад ва барои инсонхои хуб хуб аст ва инсонхои бадро рохнамои намекунад ва мезанаду мешиканада путс меканад. аммо Худое ки ин Фирдавси мегуяд хам бадро дуст медорад ва хам хубро ва хар дуро рохнамои мекунад ман ин Худои дуввумиро дусттар дорам. Дигар ту худ дони

ХЕЧ ГАП НЕ АЗ ЧИНОВНИКХОИ ДАВЛАТИ ЧАМШ КУНЕД ВА МАРДУМИ БЕЧОРАРО КУМАК КУНЕД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)