Бахшҳо

Камол Насрулло дар бораи номҳои арабӣ, ҳиҷоб ва асолату тарсуии тоҷикон

Камол Насрулло, шоири халқии Тоҷикистон бо нашри як матлаб таассуб ва хурофотро аз бемориҳои дерину куҳансоли мардуми мо хондааст, ки ҳанӯз Носири Хусрав, Умари Хайём, Абӯалӣ Сино, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон муборизаи беамон бурдаанд.

Оқои Насрулло бо нашри як матлаб дар хабаргузории “Ховар” изҳор доштааст, ки нахуст мо бояд динро бо хурофот омехта накунем, зеро онҳое, ки хурофотро манбаи даромади худ ва ҳадафи ниятҳои носолимашон сохтаанд, бештар аз номи дин ва “Қуръон” баромад мекунанд: “Ҳол он ки хурофот душмани дин аст ва обрӯи онро мерезонад. Зеро маънои хурофот сафсата, яъне дурӯғ, найранг аст”.

Мисол аз зиндагӣ...

Муаллифи матлаб ҳодисае аз ҳаёт дар яке аз деҳоти Тоҷикистонро мисол овардааст, ки ба гуфтаи ӯ собит мекунад, ки хурофот ва муллоҳои мутаассиби мо чи андоза метавонанд мардумро роҳгум занонанд ва корҳое кунанд, ки шоистаи суннатҳои неки миллати башардӯсти мо нестанд: “Чанде пеш дар яке аз деҳоти Тоҷикистон як зани рус, ки шавҳараш ӯро баъд аз ҷанг бо худ овардаву солиёни зиёд-қариб як умр дар ин деҳа бо ҳам зиставу соҳиби фарзандҳо гардиданд, вафот кард. Ин зани рус ба куллӣ тоҷик шуда буд. Ӯ ба тоҷикӣ сухан мегуфт, либосҳои тоҷикӣ мепӯшид, ҳама одобу суннати тоҷикӣ ва шариати исломиро риоя мекард ва дар ҳамин руҳия фарзандонашро низ парваридаву ба воя расонида буд. Шавҳари ӯ пеш аз ӯ тарки дунё кард. Рӯзе, ки ин зан фавтид, муллои деҳа ба иллати он, ки ӯ мусулмон нест, иҷозат надод, ӯро дар қабристони деҳа бигӯронанд. Ва дар он деҳа касе ёфт нашуд, ки пеши роҳи ин ҳукми беадолатонаи муллоро бигирад. Маҷбур шуданд он занро дар қабристони деҳаи ҳамсоя гӯронанд”.

Камол Насрулло ин ҳодисаро далели хурофоту таассуб ва убур аз сарҳади инсонигарӣ хонда, афзудааст, ки он натиҷаи эътиқоди кӯр-кӯрона ба таассубу хурофот ва муллоҳои ифротгаро аст: “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки яке аз пешвоёни дину тариқати ислом буд, вақте аз дунё даргузашт, аз паси ҷанозаи ӯ яҳудиву насрониву буддоиву мусулмон бо ҳам мерафтанд ва тафриқаи динӣ садди роҳи эътиқоду инсонигарии онҳо нагардида буд. Ва аслан Худо яктост ва ба тамоми башарият тааллуқ дорад”.

Халқи мо тарсу шуд...

Дар мавриди сабаби гирифтории мардуми мо ба таассубу хурофот Камол Насрулло изҳор доштааст, ки он танҳо ноогаҳӣ нест: “Миллати мо дар тӯли таърихи гарону вазнину хунин борҳо зери ҷабру зулм, шиканҷаву зӯровариҳои истилогарон қарор гирифтааст. Садсолаҳо ӯро ғорат мекарданд, сар мебуриданд, хунаш мерехтанд. Тамоми шаҳрҳои замоне ободи он борҳо қатли ом дидаву бар хок яксон шудаанд. Ин ҳама даҳшатҳо ин халқро то ҷое ба ҷонаш расонд ва тарсу ҳаросро ба сиришти ӯ, дар тафаккури ӯ ҷо намуд. Ана ҳамин тарс, тарс дар пеши фардо, дар пеши тақдир, дар пеши мушкилоту масъалаҳои чигил халқи моро сахт тарсу кард ва боварӣ ба фардоро аз ӯ даррабурд. Имрӯз як сабаби гирифторӣ ба хурофот ана ҳамин тарси ботин дар пешорӯи мушкилот, ана ҳамин бовар надоштан ба худ, ба нерӯи созандаи худ ва ба фардои худ аст. Тарси рӯ ба рӯ шудан ба мушкилот, даст ба гиребон шудан бо он, аз сари роҳ бардоштани ин монеаҳо боис мешаванд, ки роҳи осони ҳалли мушкилро дар хурофот ҷӯё шаванд. Мо бояд ин тарсро аз ниҳоду сиришти халқамон бизудоем”.

Қайтармаву аласт, бахшигӣ ва ғайраҳо аслашон муғуливу туркист...

Муаллиф идома додаст, ки суннатҳои баланди миллии мо ҳеч муносибате ба хурофот надоранд, аммо онҳое, ки таассуб ва хурофот манбаи даромадашон шудааст, бисёре аз ин падидаҳоро нишонаҳои суннату одоби миллӣ нишон доданӣ мешаванд: “Масалан, суннатҳои миллие, мисли гаҳворабандон, мӯйсаргирон, рӯйбинон ва даҳҳои дигар суннатҳои миллие мебошанд, ки бо ҳадафҳои неку мақсадҳои наҷиб амалӣ мегарданд. Дар онҳо озодагиву покӣ, гигиенаи миллӣ зоҳир шуда, ҳар яке дар тарбияи кӯдак саҳме дошта, ӯро дар рӯҳияи одобу суннатҳои солим тарбият менамоянд. Аммо падидаҳои номатлубе чун қайтармаву аласт, бахшигӣ ва ғайраҳо, ки аслашон муғуливу туркӣ буда аз замони тороҷи чингизиҳо боқӣ мондаанд, ягон муносибате ба суннатҳои волои мо надошта, ҳама фиребу макру дурӯғанд ва бар ваҳшонияту бефарҳангӣ бунёд ёфтаанд”.

Мусалмонӣ гузоштани номҳои арабӣ ва пӯшидани либосҳои арабӣ нест...

Ба ақидаи Камол Насрулло масъалаи ҷиддии дигар дахолат ба фарҳанги либоспӯшии мо мебошад: “Солҳои охир аз ҷониби онҳое, ки мехоҳанд симои халқи моро таҳриф кунанд, суннатҳои волои либоспӯшии моро аз байн бубаранд, боз ҳам дар зери ниқоби гӯиё дину шариат кӯшишҳои фаъолона шуд ва мардуми содабовари мо қариб буд ба он гирифтор шаванд. Теъдоди онҳое, ки аз баҳри либосҳои миллӣ баромадаву саропо сияҳпӯш гардидаанд ва симову хулқу атвор ва ҳатто рафторҳои ношоистаи худро дар паси ин ниқобҳо пинҳон карданӣ шуданд, зуд афзуданд ва ҳамин тавр зуд фош ҳам гардиданд”.

Шоили халқии Тоҷикистон мегӯяд, муқобили либоси миллии дигар кишварҳо нест, аммо либоси миллии мо, фарҳанги мо, маънавиёт , симои миллии мост: “Дар кишварҳои мусулмонӣ ҳам халқи ҳар кишвар, бо вуҷуди ягонагии дину мазҳаб, фарҳанги хоси либоспӯшии худро дорад. Мусулмон будани онҳо садди роҳи либоси миллӣ доштани онҳо нест”.

Мо тоҷикон бояд нишон диҳем, ки мо бештар мусулмонем, ҳатто номамон арабист...

Дар мавриди номгузорӣ Камол Насрулло изҳор доштааст, ки бо иваз кардани номҳои тоҷикӣ ба арабӣ мусулмонии мо на афзун мешавад, на кам: “Аслан ягон миллати дигаре ба хотири мусулмон будан аз баҳри номҳои миллии худ баромадаву номҳои арабӣ қабул накардааст. Аммо боз ҳам мо — тоҷикон ҳар корро бояд ба ифрот расонем. Бояд нишон диҳем, ки мо бештар мусулмонем, ҳатто номамон арабист. Ҳол он ки мусулмон будан маънои араб буданро надорад. Миллатҳои зиёде ҳастанд, ки дини мубини Исломро қабул кардаанд,аммо фарҳанги миллии номгузории худро маҳфуз медоранд. Чаро боз ҳам мо нопойдорем...”.

Ба гуфтаи Камол Насрулло таҷрибаи замони кӯтоҳи мо нишон дод, ки ҳиҷобҳои сиёҳи зоҳиран исломӣ на танҳо соҳибони онҳоро мусулмон намекунанд, балки, баръакс, агар инсон покният набошад, дар паси пардаи онҳо метавон симову маънову рафтори ношоистаи ғайриисломиро пинҳон кард: “Хулоса, пӯшидани либосҳои арабӣ ва гузоштани номҳои арабӣ ҳанӯз маънои мусулмон шуданро надорад. Аммо, чунон ки гуфтем, вақте либоси миллии худро аз даст медиҳем, симои маънавии худро аз даст медиҳем, вақте номҳои тоҷикии худро аз байн мебарем, мо маънавиёти худро аз байн мебарем. Ҳар миллат, ҳар халқ бо фарҳанги таърихиву хоси худ бояд арзи вуҷуд кунад ва бохтани ин фарҳанг, бохтани асолати хеш аст. Зиёда аз ин, халал ворид овардан ба фарҳанги либоспӯшӣ ва фарҳанги номгузорӣ зиён овардан ба маънавиёти миллист. Ва зиён овардан ба маънавиёти миллӣ зарба задан ба асолати миллӣ ва ҳувияти миллист”.

Дар охир шоири халқии Тоҷикистон гуфтааст, вақте мо асолати миллӣ мегӯем, халқу миллати худро даъват ба асилзодагӣ ба наҷобати воқеии таърихии худаш мехонем: “Вақте мо дар бораи ҳувият мегӯем, ин даъват ба шинохти худ, шинохти имрӯзу дирӯзи худ, шинохти наҷобату хуҷастагиҳои миллии хеш аст, ки дар бисоту сиришти миллати мо таърихан вуҷуд дорад”.
Мӯҳр
Насрулло
Савол ба Устоди арчманд Камол Насрулло : Либоси милли гуфта шумо чиро дар назар доред? Хамон либосе ки матоъаш аз хитой як дузандаи точик бо риштаи хитойи бо кайчии хитой буррида ва мошини дарздузи хитойи духта шудааст ? Устод бахшиш аммо хуб мешуд пеш аз он ки ба либоси занхо чанг зада ба зиндагии шахсии мардум кор гирифтан , коре мекардед ё рохе нишон медодед , ки матоъ , ришта ва мошини дарздузи истехсоли ватани гардад. Ана баъд чикадаре ки метавонед чор занед мо хам аз окиби шумо даст боло мекунем.

Муртазо
аз паи Бозор рафт!

Мардум хама имруз дар кайхо гаштестай мо бошем либосу токи номи точики гуфта гаштем ана хаминхел шоирон мардуми моро ба ин руз расонданд, боваркунед хами шоира нагзтар пурсен фарзандош дар хайоташон формаи точики напуштдаанд, ва ногуфта намонад ин шоир бафикрам,ки хеч звезда нашидестай ва мехохад бо ин мавзуш афтаритет шавад...
..

Мусавви
KAMOL NASRULLOH, ахсан бар Шумо ва ба равшанфикриатон. Ман аз хондани мавзуъи матрахшуда як чахон манфиъати маънави гирифтам. Агар Шумо барин равшанфикрон дар чомеъаи мо фикрхояшонро баён кунанд дунё гулистон мешавад. Худо нигахбонатон бод!!!

Муртазо
Либос аврупои,ба чои токи прическаи итолеви. Гибрид! О дар бораи дину оин,Сару либос рухониен бояд сухбат кунанд! Аммо чаноби Камол халки мо тарсу нест!

Ислом
Аввалан шумо окои Камол як туда аз чохилоне ки саводи комилу сахех надоранд дар бораи дин "мулло" нагуед охир.Дар зери сухани шумо аз "мулло" ин адовтау кина ошкор ба ислому сохибони дин аст.Магар сатр моли араб аст?Кани далел?наоварди далел то суханат асоснок мешуд,Сатрро Худо дар Куръон фарз гардонд ба кули мусалмон на танхо ба мардуми араб.Охир шумо аз Фирдавсиву Синову дигарон харф мезанед медонед ки онон парвардаи мактаби ислом буд ва модарони онон сатр доштанду иффату шарм.Ва аз либосу фарханги милли мегуи чаро худ либсои Урупо ба тан кардаи?Ва чаро аз заононе ки дар мачлису корхонахо кор мекунанд ва либсои урупои мисли юбкаву шиму пидажак ба тан мекунанд сухане намегуед??Кадом аз занхои точики мо ки дар дастгохои президенти ва макотибу вазоратхо кор мекунанд либоси точики ба тан доранд??Мо кадмо аз хурофоти арабро пойбанд хастем огои Камол?имруз ман озодам хеч кас болои ман назоарт намебарад ва тарс аз касе надорам аммо мехохам дар чахорчубаи дини ислом зиндаги кунам ва номхои зебое ки маънои бандаги ба Худоро дошта бошад бигузорам ба фарзандони хеш.Хайр тавсияи шумо чист дар бораи номгузори ё дар хама хаёти шахсии хеш аз хукумат тавсияву маслихат гирем?

Хайронам, таачубовар, акай Камол биё аку басай дигар , бештар аз ин аку обруи худта нарез дар чомеъа !!! Озодагон хохишмандам чоп намо!!

Хай устод хам аз чомиай ахли зиё окиб намонам, гуфта як гуфтааст да. Хози мода шудаги ку гапои президента баъди у такрор кардан.

Муллоҳоро таассубгар мегӯяд шоир!
Вале дар суханони ӯ ба ҷуз таассуб чизи дигаре нест!
Шармам меояд аз чунин «оқилҳо»

Бо арзи салом ва адаб хизмати устод Камол, устод дар хакикат агар дар мавриди хамин зани рус ва мулло рост мегуи, пас номи дехаро низ бигу ки дар кичост ва ин муло кист? Лекин ман боварии комил дорам, ки ин як бофтаи хайёли Шумо аст. На чунин деха ва на чунин муло ва умуман ин вокеан ба амал наомадааст. Агар чунин мешуд хатти муло аз Сибир меомад! Бо эхтироми калон!

Хуршеди Ҷамшед
Акнун тасаввур кунед, ки ҳамон зани рус шинос ё ягон хешу табори раиси ҳамон деҳот ё ноҳия мешуд. Оё ҳамон мулло қобилият мекард, ки иҷозат надиҳад дар гӯристонашон он занро гӯгонанд? Не, худи ҳамон мулло аз ҷаноза то ба гӯркунӣ ҳама корро ҳал мекард. Дигар тарафи масъала: Ҳазрати Имоми Аъзам р.а мегуяд, ки масъаларо аввал аз куръон бинед, пайдо накардед ба суннати Пайғамбар с.а.в нигаред, агар пайдо накардед ба мазҳабу дигарашро бинед ва агар пайдо нашуд баъд аз дониши донишмандонатон истифода баред. Ҳол онки чунин воқеяҳо дар замони Пайғамбар с.а.в рух дода буданд. Ҳамчун дарс барои уммат Пайгамбар с.а.в. худашон дар ҷанозаҳои одамони шаробнӯш, зинокор, ва дигар гуруҳи одамоне, ки дар ҷомеашон рафтори хуб надоштанд пеш намедаромаданд, аммо саҳобаҳоро мегуфтанд, ки ҷанозаашонро хонда бурда гӯронед. Ва гуфтаст, ки гар касе дар ҷаноза иштирок мекунад савоб чени кӯҳӣ Ҳирот мегирад ва боз дар дафнаш ишторок мекунад ду баробар мешавад. Ин зан боз либосҳои тоҷикӣ мепушондаст, шавҳараш мусулмон будаст ки медонад шояд аз бисёриҳои мо дида ба Худо наздиктар буд. Бовар кунед бисёр имомҳое ҳастанд, ки сураи фотиҳара маъниша намефаҳманд, фаҳмондарам наметонанд. Ба ҳар ҳол дар ҳаққи мардуми рус дуо кунем, ки дар кадом шароите, ки набошад дар ватани вайҳо кор мекунем ва зиндагии бисёрамон аз сумми муҳоҷират дар ватани онҳост. Хайру садақае ки дар масчидҳо мешавад рафта мехурем ин аз сумми муҳоҷират аст, варна бовар кунед хуроки бо гушта дар 6 моҳагӣ намехурем.

Сорбони Охангар.
Акнун аз лугати ришу тарзхои ришдориву ришмони ,ба номгузориву либоспуши гузашткм.Мршали Иттифоки Совети Кундузов ,Берлинро гирифт.Кайхоннавард Гургов ба кайхон пврид.Командири бобои ман дар Чанги зидди Германия полковник Гусфандов буааст.Сарвазири Россия Хирсов мебошад.Номи язнаи ман Кулул аст.Нои апаам Пупвк мебошад....Мо бошем мекобему мекобем..Лекин як сухандис намеебем,ки накби вайроншудаи Шахристонро соз кунадяхама чо шоир,хама чо мушовир,хама хофиз, хама мусиканавзу киззикчи.Инжеер–иктисодчи Каримов.яяяБуБури хам охир адабиетчи шуд..Ман киззикчи,..лахзахои гувороямон давом дорвд.,давом дорвд.[

Муслим
Насруллох магар араби нест??

Форук
Ман ба хурофотхо розихастам, ки хамин гавхорабандон ру бинону чилу солу чумагихо хама хурофотаст. Лекин Хичоб,номхои араби хурофот шуда наметавонад. Ман шахсан сухани Пайгамбари гиромии Исломро ба сухани тубари Шоир ивазкарда наметавонам. Зероки вакто, ки Пайгомар номхои бехтаринро пешниход кардаст ба чои он ман Чамшеду Ковва Захок монам ин бозхам хурофот мешавад. Дар асл агар назар кунем хар чо ки зулм бисёр шавад як вокеае мешавад Зеро Худо золимонро дуст намедорад. Барои хамин аз Худо хохем, ки мамлакати тенчу осуда ва ором монад. Ва бародарони мусаллмоне, ки ин чангхо бар сарионхо омадааст Худо ором созад ва дар хама сарзамини мусаллмонон сулх танин андоз бошад.

Эҳсон
Салом алейкум. Ман боварии комил дорам, ки "шоир" камбуди дар ҷаҳон биноиаш дорад. Шахсан солҳои охир дар Амрико таҳсил карда истодаам ва ба бисёр мамлакатҳои аврупои саёҳат кардаам, бо даҳҳои миллатҳои гуногун шиносоӣ пайдо кардаам, мусалмонҳои онҳо номҳои мусулмонӣ яъне арабӣ доранд зиёди онҳо либоси исломӣ бар тан мекунанд. Суханҳои шоир ягон манфиат ба халқи хеш намеоранд. Шак надорам, ки барои манфиати халқи бечора сухан нарондаасту барои манфиати шахсии худ яъне барои вазифа талош дорад.
Оқои Комил агар хабар надоред дар ҷомеа камбудиҳо бешуморанд,коррупсияи мо дар ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол мекунад, мошинҳои хориҷии мо дар муддати кӯтоҳтарин фарсуда мешаванд, сабабаш роҳҳои фарсудашуда аст, чунин камбудиҳо ҳазорҳо-ҳазор. Вазифаи шумост, ки ба воситаи шеъру мақолаҳои танқидӣ ин камбудиҳоро канорагирӣ кунем, вазифаи худро иҷро карда наметавонед ба дигарон халал нарасонед, ки вазифаҳои худро иҷро кунанд, вай муллое ки қайд кардед, вазифаи худро иҷро карда истодааст, мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ амал кардааст ва назди қонун ҳам гунаҳкор нест агар на, пушти панҷара буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)