Бахшҳо

Пешниҳод: То соли 2023 аз баҳри футбол бароем!

Абдулазизи ВОСЕЪ

Шояд замоне расида, ки дар футболи тоҷик танаффус эълон кунем? Барои 7 сол! Кормандони Федератсияи футболро ба рухсатии бемузд гусел намуда, кулли дастаҳои футболро барҳам бидиҳем.

Дар ин муддат масъулини футболу бозигарон аз пайи кори дигару барои ҷомеаву худ бонафъ шаванд. Нуриддин Давронов (нимҳимоятгари тими миллӣ) бо симое ки дорад, роҳат метавонад дар шоу-бизнес мақом ёбад. Фатҳулло Фатҳуллоев (нимҳимоятгар) худро дар волейбол бисанҷад. Дарвозабон Алишер Туйчиев (баъзе муаррихон бар инанд, ки дарвозаи тоҷик то инқилоби октябр қулф надошт. Шояд Алишер ин фарҳангро дубора зинда карданӣ аст?), ба ҳукумат консепсияи сиёсати “дарҳои боз”-ро пешниҳод кунад. Агар “муваффақият”-и Алишерро бо дастовардҳои ҳукумат дар заминаи сиёсати “дарҳои боз” муқоиса кунем, ӯ пешсафтар аст. Сиёвуш Асроров (ҳимоятгар) тоҷир, Амирбек Ҷӯрабоев (нимҳимоятгар) мансабдор шаванд. Хуршед Маҳмудов (нимҳимоятгар) зеби бозии баскетбол дорад. Давронҷон Эргашев (ҳимоятгар) беҳтар аст, ҷойи гармашро дар бошгоҳи “Жетису”- Қазоқистон сард насозад. Мануҷеҳр Ҷалилов (ҳамлагар)-ро дар футболи Русия хуб мешиносанд ва фикр намекунам, ки барояш ҷое пайдо накунанд. Ва ҳамин тавр мураббиву сармураббиҳо низ барои худ кори муносибе пайдо созанду “чу осиё пайи ризқу рӯзӣ”-и худ шаванд. Президенти ФФТ ҳам дигар маҷбур намешавад, бори ин ҳама бебарориро бикашад ва масъулияти бузурги дигаре, ки дорад, онро ба гунаи аҳсан иҷро мекунаду то дигарбора эҳёи футболи тоҷик коррупсионерҳоро решакан месозад...

Ва вақте ҳама чӣ фаромуш шуд, дубора кори ФФТ аз сар гирифта шуда, клубҳо таъсис шаванд. Ба қавле “ҳама чӣ аз варақи сафед оғоз шавад”. Шояд он вақт шоҳини бахти футбол рӯи китфи масъулини ФФТ мешинаду футболи тоҷик оламгир ҳам ки нашуд, “СНГгир” ё аққалан “Осиёи Марказигир” мешавад.

Ба ҷуз ин роҳи дигар чист? Истеъфо? Аввалан дар мо фарҳанги истеъфо шакл нагирифтааст (ҳоло андак-андак фарҳанги дилзанак эҳё мешавад). Дувум бояд онҳое истеъфо диҳанд, ки масъулият доранд. Дар тими миллӣ ҳама як масъулият дорад, пас бояд ҳамаро ба истеъфо фиристод: ду 15 як 30!

Дар ин ҳама сол на мураббии хориҷӣ, на майдонҳои замонавӣ ва на президенти бообрӯву пулдор дар ФФТ натавонист футболи тоҷикро номовар кунад. Ба қавли он бузург “ҳанӯз дар хами як кӯча” қарор дорем. Ва ҳеч экстрасенсу фолбину ҷодугар ин қобилиятро надорад, ки пешгӯӣ созад кай ин “хамӣ”-ро убур карда, ба хиёбон мебароем.

Ин навбат ҳам умеди мухлисони футболи тоҷик барои дидани тими миллиамон дар қисмати финалии сабқати қаҳрамонии ҷаҳон-2018 ба боди фано рафт. Дар қувваозмоиҳои даври интихобии ин мусобиқа яккачини Тоҷикистон бо Австралияву Бангладеш ва Урдуну Қирғизистон ҳамгуруҳ буд. Дар пайи натоиҷи ҳамаи бозиҳо мунтахаби мо аз охир дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Ба Австралия дар Австралия бой додан (бигзор 7:0), аслан ҳеч гапе нест, ҳарчанд яке аз мураббиҳои хубамонро дилкасал карду ба болини беморхона кашид. Ҳарчӣ набошад, яккачини Австралия қаҳрамони феълии Осиё аст. Аммо дар майдони худамон бар ҳамсояе, ки аз бисёр ҷиҳат мисли худамон аст, бохтан чӣ? Намедонам аҳволи Мубин Эргашев баъди шунидани хабари бо ҳисоби 1:0 аз Қирғизистон шикаст хӯрдан акнун чӣ мешавад. Оё футболи тоҷик кирои ба касалии қабл гирифтор шуданро дорад?

Дуруст аст, ки варзишро касе пешгӯӣ карда наметавонад ва дар он баъзан гардишҳое мешавад, ки касе интизорашро надошт. Аммо гумонам ин формула ба мо корагар нест. Аз замоне ки худамро мешиносам ҳеч гардиши ғайриинтизор дар футболи Тоҷикистон рух надодааст. Аслан дар мо футбол пешгӯишаванда аст: “Истиқлол” ҳамеша пирӯз мешавад, “Равшан” ё “Регар-ТадАз” дуюм ё сеюм...

Аслан ин тур ҳам нест, ки футболу Тоҷикистон ду чизи бо ҳам умуман ночаспон бошанд. Дар Шӯравӣ тими миллии мо, ки номи “Боми ҷаҳон” – Помирро дошт, шуҳратёр гардид. Шояд баъди 7 сол номи тими миллиро бо умеди касби муваффақиятҳои бузург, рамзан “165” – илҳом аз миллаи 165-метрии парчам гузорем? Аз карнайчӣ як пуф гуфтаанд, шояд бо шарофати ин номи баланд дар рейтинги ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) мақоми намоёнеро ишғол намоем. Шумо чӣ мегӯед?

P.S. Шояд мепурсед, чаро пешниҳод кардам, ки барои 7 сол футболро фаромӯш намоем? Дар Тоҷикистон ба 7 муносибати хосе доранд: давраи раёсати Президент ду давраи 7-сола аст ва парчами кишварро 7 ситора оро медиҳад. Ва боз 7-умин рӯзи ҳафта -- якшанбе истироҳатист)))

_____________________

Акс: Кадом як соле декани факултаи журналистикаи ДМТ Асадулло Саъдуллоев (Худо раҳматаш кунад) маро “Дарвозабони беҳтарин”-и мусобиқаи футбол миёни дастаҳои факулта эълон карда, ифтихорномаву тӯб ҳадя карда буд.
Мӯҳр
Бисёр таклифи хуб. Лекин дар мо мафхуми истефо нест. Дар мо чойивазкуни хаст. На танхо сабаби пеш нарафтани сохаи варзиш, балки иктисоди чумхури дар хамин аст. Як гурух мансабдорон хама вакт чоивазкуни мекунанд ва бо вучуди ноухдабароиашон аз радари хукумат дур намешаванд. Онхо медонанд, ки дар ин вазифа нашуд ба вазифаи дигар мегузаранд ва зиндагии шохонаашонро давом медиханд. Пас аз 7- сол низ агар футбол монополияи як оила бошад пешравиро дар командаи футбол интизор нашавед. Бигзор футбол озод ва ба элита дахл надошта бошад. Холо банданд. Ман тарафдор.

donishjui
salom,
ikadar makolai zebo, rosti i futbolbozoi mo sadkai ikadar dastgirii Rustam shavan, ba uzr khohi kor peshnamerava, natija nishondodan lozim, bo rangi turist da Facebook suratora katormekunen, bagufti kadomhajvnigor megui ie az summi ATASHON raftaboshan, bakhshish namepursam bigzor futbolbozho khonda dar pustashon monand hasharot dokhil shavad(((

Шояд дар оянда пешсаф шавад

Мусофир
Чаро рохбарони Федерация ба истеъфо намераванд,?Оё онхо гунахкор нестанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)