Бахшҳо

Ҳоло замони ин ҳарфҳо нест?! Бояд ҳарф бизанем...

Далер Шарифов, рӯзноманигор

Ҳар миллате, ки аз ҳарф задан мемонад марги тадриҷиаш фаро мерасад. Ин ҷумла хулосаи бештари назарияпардозон ва мутафаккиронест, ки ба омӯзиши рушд ва такомулу таназули миллатҳо машғуланд.

Суҳбату муошират ва ҳарф задани бо ҳам сари ҳар масъалае нишона аз як инсон, гуруҳ, ҷамъият ва миллати огоҳест, ки дар ин аср худро месозад.
Кишварҳое ҳастанд, ки дар ҷаҳон ҳарфи аввалро мезананд. Баъзеашон дар сатҳи минтақа ва дигарҳо барои расидан ба ин ҷойгоҳ кӯшиш доранд.Ингуна кишварҳо аввал тамоми шароитро фароҳам месозанд, то дар дохили кишварҳояшон шаҳрвандон миёни ҳам бидуни кадом тарсу ҳаросе сари ҳар масъалае ҳарф бизананд. Озодона гуфтани фикру андеша ва пешниҳоду хостаҳояшон дар ВАО фароҳам оварда мешавад. Ва давлат тарзе рафтор мекунад, ки ҳеч нафаре аз ибрози андеша эҳсоси хатар накунад.

Ҳоло суҳбат бо волидайн, рафиқ, ҳамсоя ё суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фарогир бо тарс аст. Фарқ надорад, ки ин суҳбат сари асъори хориҷист ё бозии футбол... Ҳама дар чеҳраи якдигар ҷосусеро меҷӯяд. Дар мавриди суҳбатҳои телефонӣ ё муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷои ҳарф нест.

Ҳамарӯза калимаҳое чун терроризм, экстремизм, боздошт, фишор, ифротгароӣ,ҷанг, маҳалгароӣ,барангехтани кинаю адоватӣ миллӣ, мазҳабҳои ғайр,бегонапарастӣ, фасод, куштор, фиреб, хиёнат ба ватан...бо ҳар муносибате аз боғчаи бачагон, мактаб, донишгоҳ, воситаҳои ахбори омма, оила, муассисаҳои тиббӣ, минбари масҷид... ба такрор садо медиҳанд. Аз бачаи мактабхон то муйсафеди ҳаштодсола ҳамаро як нигаронӣ ва тарс фаро гирифтааст. Аммо аз чӣ?

Ин тарс ибрози ҳама гуна андешаеро, ки чизҳои наву созандаро ба вуҷуд меорад, аз байн мебарад. Донишмандон,олимон, зиёиён ва ҷавонон наметавонанд, доир ба масаъалаҳое андеша кунанд ва онҳоро барои омма пешниҳод кунанд, то дар ин маврид муоширати ҳамагонӣ ба вуҷуд биёяд. Оқибаташро ҳазорҳо бор фикр мекунанд, ҳатто то ҷое, ки шояд андешаашон оиди як масъалаи оддӣ бошад. Охири ҳар назар ба ин ҷумла хулоса мешавад. Ҳоло замони ин ҳарфҳо нест. Вале мушаххас нест кадом ҳарфҳо?

Ҳарфе аз ишқ, муҳаббат, созандагӣ, гузашт, бахшиш, таҳаммул, технологияҳои муосир, кашфиётҳои нав, идеяҳо, назарияҳо, баҳсу муколамаҳо сари ҷолибтарин мавзӯҳо... кам гуфтаву навишта мешавад.

Дар ҷомеа ин андеша, ки “дигар хондану гуфтану навиштан фоида надорад” ба шиор табдил мешавад. Хондану навиштану гуфтан маҳаки ҳар ҷомеаи солим аст. Мағзи ҳар милат ин хондану навиштану гуфтан аст. Ҳар ҷомеае, ки ошкору пинҳон мегуяд “эй бародар дигар хондану гуфтану навиштан фоида надорад”, дучори маризие шудааст, ки мисли саратон худашро мехӯраду фурӯ мебарад.

Шояд натиҷаи пайдоиши чунин шиор, ин тарс ва хомӯшии худтанзимкунанда бошад. Тарс ин ногуфтаҳое, ки бояд гуфта шаванд. Тарсро ба вуҷуд овардан ин куштани идеяҳо, андешаҳо ва назарияҳоест, ки боиси пешрафти миллат мешавад. Хомӯшӣ ва ё сукут на ҳамеша ба маънои розӣ будан ё фирор аз масъала аст. Хомӯшӣ, ин пушти лабҳо бастани ҳарфҳоест, ки бояд кайҳо гуфта мешуд, то мо лаззати шириниҳоро аз талхиҳо фарқ мекардем. Хомӯшӣ ва нагуфтанҳо, ҳарфҳои дурусту созандаро ба кинаю нафрат ва адоват табдил медиҳад, ки ҷойи дигар мерезанд ва аз ин ҷомеа зарар хоҳад дид.

Дар Париж ҳодисаи мудҳиши террористӣ рух дод, ки садҳо одам куштаву захмӣ шуданд. Тамоми матбуоти Париж ва қитъаи Аврупо ҳамагӣ се рӯз дар бораи ин ҳодиса навиштанду намоиш доданд. Аммо дар кишварҳои ҷаҳони сеюм ҳафтаҳо ин ҳодиса дар ВАО мечархид. Баъди чанд рӯзе мардуми Фаронса ба кӯчаҳо рехт, аммо на ба хотири он ҳодисаи террор, балки барои маош, мактаб, ҷойҳои кор ва ояндаи беҳтар!

Яъне ба мардум имкон надоданд, ки бештар дар бораи терроризм ва экстремизм биандешанд, ё бо чунин шиорҳо ҷомеаро пур кунанд. Балки онҳо зуд афкори оммаро боз ба сӯи рушд тараққиёт ва инсонсозӣ дар шароити беҳтар ҷалб карданд, то онҳо сари ин масъалаҳо ҳарф бизананд.

Шояд баъзе ҳарфҳо талх, дигараш ширин ва ё беҳуда бароянд. Дар ҳар сурат бояд гуфта шаванд. Бояд бо ҳам ҳарф бизанем то аз бурду бохти ҳамдигар огоҳ шавем. Бояд ҳарф бизанем, то ҳамдигаро бештар бишиносем. Бояд ҳарф бизанем, то бидонем ба куҷо равонаему роҳамон то куҷо дуруст аст.

Хулоса чунон ҳарф бояд зад, ки афкори мардумро ба сӯи рушду тараққиёт бурд, на онҳоро бо шиорҳои даҳшатафканӣ ва нигаронии номаълум дар чаҳорчӯбаи тарсу ҳарос нигоҳ дошт.

Мутмаин бошем, ҳар миллате, ки хондану гуфтану навиштанро ба маънои комили масъала ёд мегирад аз ҳама гуна вазъият ба осонӣ хоҳад баромад ва бақои худро дар ин ҷаҳони пуртаззоду тағйирёбанда нигоҳ хоҳад дошт!
Мӯҳр
Озод
Мо мегуем Партия, Ленинро дар назар дорем, Мо мегуем Ленин, Партияро дар назар дорем!

Далер бисёр хуб гуфтиву лекин яке аз садо бароварда худат буди дар телевизион, ки кариб то мурдана заданат. Дар мачму дурус гуфтиву лекин ман боз дурусттар мегуям ХОЗИ ВАКТИ ГАП ЗАДАН НЕСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)