Бахшҳо

Бозгашт: Аз Қорӣ Исмату Одинаҳои дирӯзу имрӯз то эҳёи миллат

Далер Шарифов

Имрӯз бо вуҷуди иқтисоди заиф, буҳронҳои фарогири иҷтимоӣ, заъфи андешаву ғояҳои миллӣ, дар баробари таҳоҷуми иттилотию фарҳангӣ шиорҳои миллатсозӣ баланд мегарданд. Нақши шахсиятҳо ва боло бурдани имиҷи миллат бештар садо медиҳад. Натиҷа номаълум аст. Вокуниши табиӣ дар ҷомеа ба мушоҳида намерасад. Дар мубориза ё тарғиби андешаҳо бештар мавзуъҳое ҳадаф қарор мегиранд, ки хусусият динӣ, тахаюлӣ, эҳтимолӣ ва ё аз будаш бузург нишон додани баъзе масоили рӯзмарра аст.

Аксар соҳибқаламон барои асоснок кардани навиштаҳои худ дар ҷустуҷӯи андеша ва назарҳои мутафаккирон ва ҷомеашиносоне ҳастанд, ки онҳо бештар дар бадана ё таркибҳои миллати худ тадқиқот анҷом дода, бардоштҳои худро барои тарақиёти ҷамъият ба тарзи назария ё хулоса пешниҳод намудаанд. Шояд беҳтар аст, ки мо дар раванди миллатсозӣ бештар сари мавзуъҳои худӣ ва шикасту рехти миллат ҳадалимкон ба гузаштаи ду садсолаи охир таваҷҷуҳ намоем.

Мо тоҷикон тақрибан ҳафтод сол мешавад навиштаҳои Устод Айниро мутолиа мекунем. Аз мактаби миёна то донишгоҳҳо ё дар мутолиаҳои шахсӣ асарҳои “Мактаби куҳна”, “Одина”, “Марги судхӯр” ва “Ғуломон”-и Устод Айниро мутолиа кардаем ё аз рӯи ин асарҳо филмномаҳо, намоишҳои алоҳидаро тамошо кардаем. Чунин тарғиб мешавад, ки ин навиштаҳо замони тираи Аморати Бухоро ё сохти феодаливу ғуломдории он давраро ба намоиш гузошта, чеҳраи бади руҳониён ва диндоронро ба мо ошкор мекунанд. Мутаассифона омӯзгорони муҳтарами мо дар мактаби миёна ва донишгоҳҳо аз рӯи ҳамин бардошт асарҳои мазкурро шарҳу тафсир мекунанд. Агар аз зовияи дигар ба навиштаҳои Устод Айнӣ назар бикунем, он дард ва мушкилоти миллати тоҷик аст, ки дар ду садсолаи ахир ба он мувоҷеҳ аст.

МАКТАБИ КУҲНА

Дар мактаби кӯҳнаи Устод Айнӣ гап танҳо сари системаи ақибмонда ё шароити бади таълим намеравад. Масъала сари системае меравад, ки манғитҳо онро дар Аморати Бухорро бунёд гузошта буданд ва дар чунин система ё тарзи идора тафаккури маорифпарварӣ ё донишомӯзӣ хушк шуда, аҳмияте барои дарбору дарбориён надошт. Мардум дигар аз донишу мактаб дил канда ва иддаи камтарини ҳам, ки ба он алоқа доштанд имкони таҳсил надоштанд, ё хонда донишманд ҳам мешуданд агар, дар он система илм ва дониши онҳо ба кор намерафт. Зеро илм ва дониш чизеро ҳал намекард.

Мутаассифона баъди ҷанги шаҳрвандӣ ин андеша дубора барои миллати тоҷик зоҳир шуда, то ба ҳол идома дорад. Гарчанде системаи маориф борҳо мавриди ислоҳот қарор гирифт, мактабҳои замонавӣ сохта шуд, аммо шиорҳои “Хонда чӣ мешавӣ?” “ Дигарҳо хонданд чӣ шуданд, ки боз ту мехонӣ”... бештару бештар садо медиҳад ва хусусияти оммавиро касб кардааст.

Фасод дар бахши таълиму тарбия аз боғчаи бачагона шуруъ шуда, то хатми донишгоҳ идома меёбад. Фазо тавре ба назар мерасад, ки дигар илм ва дониш чизеро ҳал намекунад. Гарчанде шиорҳои маорифу мактаб баланд садо медиҳад, аммо вазъ дар ҷомеа ва аҳволи донишомӯзон чизи дигареро ба мо нишон медиҳад. Дар қиёс бо кишварҳои пешрафта ҳануз мактаби мо “Мактаби куҳна аст”.

ОДИНА

Мутаассифона навиштаи Устод Айнӣ дар бораи саргузашти як тоҷики камбағал ҳамчун афсона дар гузашта намонд. Кош бо рафтани он системаи куҳна ва ақибмондаи манғитҳо дигар миёни миллати тоҷик Одинаҳо ба вуҷуд намеомаданд. Вале сафи Одинаҳо ба маротиб афзуд. Кор ба ҷое расид, ки шароит ва саргузашти Одинаҳои муосир аз Одинаи гузашта ваҳимтару мушкилтар шуд. Аз сарбуриву сӯзондан, то ҳабсу зинда гӯронидани Одинаҳои муосири тоҷик натанҳо навиштаи Устод Айниро ба воқеият табдил дод, балки онро оинаи акснамои миллат қарор дод. Ин ҳамон муҳоҷирати бенизом ва ногувор ҳаст, ки солҳост миллати тоҷик азияташро мекашад. Дар баробари он, ки бо қавитарин барномаҳои иқтисодӣ бояд як чунин муҳоҷиратро масъулин ба танзим бидароранд, сад афсус, ки баҳона пеш меоранд ин муҳоҷират дар ҳама кишварҳо вуҷуд дорад. Вале бо ин аҳвол, ки мардуми мо бо муҳоҷирату муносибат рӯбарӯ мешаванд, шояд дар ҳеч кишвари дигаре вуҷуд надошта бошад.

МАРГИ СУДХӮР

Қорӣ Исматҳо саллаҳои худро гузошта, ришҳояшонро тарошида, ҷелакҳояшонро аз тан гирифта дар либоси нав бо шеваи нав миллати тоҷикро ғорат мекунанд. Устод Айнӣ бо тамоми он тавонмандиҳои адабие, ки доштанд, образи Қорӣ Исматро шояд аз чанд судхӯру порагири Бухорои шариф сохта бошанд. Агар Устод Айнӣ имрӯз зинда мебуданд, шояд дар бораи чунин судхӯрони муосири замони мо ҳар рӯз як асар менавиштанд. Бале ин ҳамон судхӯрию порагирие мебошад, ки имрӯзҳо ба як система табдил шудааст. Духтур, мактаб, идора, вазорат...ба ин вабо гирифторанд. Дар муқоиса бо Қорӣ Исмати Бухороии судхӯр ин Қорӣ Исматҳои муосир хавфноктаранд, ки аз дасти онҳо мардум худро ба дор овехтаю ба дарё партофтаанд, ё бехонумону дар ба дар шудаанд.

ҒУЛОМОН

Деҳқонон ва муносибати бойҳо ба эшон яке аз сужаҳои ҷолиби қисми якуми романи “Ғуломон”-и Устод Айнӣ аст. Як бой садҳо деҳқонро фиреб мекунад, ҳақашонро мехӯрад. Аммо ин қишр ва гуруҳе аз ҷамъияти он замон, ки садҳо нафарро ташкил мекунад, наметавонанд коре бикунанд. Ҳатто қозихона яъне додгоҳ ҳам ҳамеша ҷониби бойҳоро мегирад. Бойҳо дасти дароз дошта ҳамагуна муносибати бадро ба онҳо раво мебинанд. Аммо суол инҷост, ки чи гуна як нафар метавонад ҳаққи садҳо нафарро бихурад, онҳоро бардаи худ бисозад?

Зеро надоштани тафаккури муосир, тарс, зулми ҳамешагӣ онҳоро дар руҳияи ғуломӣ нигоҳ медошт. Фазои ғуломӣ ва тафаккури бардагӣ дар онҳо шакл гирифта буд.

Имрӯз ҳам як шахси тавонгар ва пулдор метавонад даст ба чунин амал занад. Баъзан ҳокими як ноҳия бо сокинони он чунон бархӯрд мекунад, ки гӯиё ӯ хоҷаву боқимондаҳо аз ӯ қарздор ва ё ғуломаш бошанд. Одитарин эътироз барои ноадолатӣ барои ҳар нафар ба ҳабс ё таҳдидҳое меанҷомад. Ҳама дар назди қонун баробаранд, як шиори холӣ боқӣ мемонад.

”Хай, чӣ кор карда метавонӣ?” ”ҳамааш дар дасти худашон”, “ҳоло замони онҳо”, “беҳтараш саратро хам карда гард”- ин суханҳои ғуломони замони ҷавонии Устод Айнӣ нест. Суханони тоҷикони асри 21 аст. Магар чунин суханҳо дар баробари беадолатӣ як миллатро ба сӯи бардагӣ ва ҷамъияти феодалӣ ташвиқ намекунад? Оё бо ин тарзи тафаккур ба рушди миллӣ комёб шудан имкон дорад? Ё бо ин ҳол миллати қавӣ шудан имконпазир аст?
Аз ин хотир романи “ Ғуломон” –и Устод Айнӣ ба ҷуз асари бадеии хуб буданаш пайёме барои мо тоҷикон аст, ки ҳушдор медиҳад; тафаккури бардагӣ ин роҳ ба шикаст, аз байн рафтан ва нобуд шудан аст!

АНҶОМ

Барои миллатсозӣ ва уствории давлат агар битавонем ҳамин чаҳор масъаларо ҳал бикунем, ба ҷое хоҳем расид. Бояд он ҳама ҳангомасозӣ, ифтихороти пуч, таърифу тавсифҳои беҳударо канор гузошта, аз паси ҳалли ин масъалаҳо на танҳо бо шиорпартоиву фазосозии маснӯӣ, балки амалан кӯшиш намоем. Ҳар шахс, гурӯҳ ва низоме, ки битавонад ҳамин чаҳор масъалаи решаии миллатро то марзӣ 80 ва 90 дарсад ҳал бикунад, номашро дар таърихи миллат ҷовидона хоҳад кард.
Мӯҳр
Муродали
Далерчон, зинда боши бо ин тахлили зебову комилан илми ва асоснок, азбаски солхост, ки тамоми аъзои оилаи мо бекору хонашинем, аз таърифу мадху санои бемаъни ба дод омада хар чор канали телевизионро аз беху бунаш канда партофта ба тамошои диск ва кироати асархои бадеи гузаштем ва асабамон шукрона ором гашт.

Мардикор
дар Оинаи миллат Ин масъалахо ҳар руз инъикос бояд шаванд!

охо
бо мун гуптум худум худуш да айнаи зиндаги дидаст опарин далербайшербача ростда....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)