Бахшҳо

9600 сомонӣ ҷарима-поёни қиссаи “бузӣ”-и мусофиру зӯрии кондуктор

Хадамоти зиддиинҳисории Душанбе дар пайи шикояти як донишҷӯй аз дағалӣ ва барзиёд гирифтани роҳкиро дар мусофирбари рақами 28, раиси ҷамъияти “Нақлиёт”-ро 8 ҳазор сомонӣ ва ронандаи “баднафс”-ро 1600 сомонӣ ҷарима бастааст.

Бародмат Муродов, роҳбари ҷамъияти “Нақлиёт”, масъули хидматрасонӣ дар хатсайри 28 имрӯз, 8 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард, ки масъулини зиддиинҳисорӣ ҷамъиятро 8 ҳазор ва ронанда Алишер Усмоновро 1600 сомонӣ ҷарима карданд.

Ҷаримабандӣ дар пайи шикояти Муҳаммад Болтаев, як донишҷӯи тоҷик ба “Озодагон” сурат гирифт. Болтаев арз кард, ки мусофиркашҳои №28 аз назди Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи 33 то бозори Корвон аз мусофирон ду сомонӣ талаб мекунанд: “Мо чанд нафар эътироз кардем, ки чаро ду сомонӣ мегиред? Аммо кондуктор гуфт, “касеро нафорад, нашинад”. Вақте хостам рақами қайди давлатии мошинро акс гирам, кондуктор дашномҳои қабеҳ кард: “Гуфт, эй буз очата фалон мекунам. Боз чанд дашноми дигар кард. Вақте ба аксгирӣ идома додам, як оҳан дар дасташ аз мусофиркаш пешам омад ва дод зад, ки “бра любой ҷо бзӣ кн, қатит любой ҷо мерам”.

Дар пайи муроҷиати Болтаев, Шӯъбаи Хадамоти зиддинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе муайян намуд, ки мусофиркаши мавриди назар, рақамаш 2416 ТТ 05 ба Алишер Усмонов, зодаи шаҳри Истаравшан тааллуқ дорад.

Аз Хадамоти зиддинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар пайи баррасии қазия ҷамъиятро барои иҷро накардани амрнома оид ба таъмини танга, ки як моҳ қабл фиристода шуд, 8 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Бародмат Муродов, роҳбари ҷамъияти “Нақлиёт” бо ин сабаб ҷарима шуданашро тасдиқ карда гуфт, қаблан баъзан ронандаҳо бо худ танга доштанду баъзан на: “Ҳоло мо ҳар саҳар танга меорем ва назорат мекунем, ки ронандагон барои баргардонидани бақияи мусофирон танга доранд, ё на. Агар надошта бошанд мо онҳоро бо танга таъмин мекунем”.

Раиси ҷамъияти “Нақлиёт” дар маҷмуъ аз фаъолияти Алишер Усмонов ронандаи ҷаримашуда ситоиш карда гуфт, то ин замон ягон огоҳинома надорад: “Ҳар саҳар аз ҳама пеш ба кор ҳозир мешавад. Аммо ҳамон рузе, ки бо мусофир нофаҳмӣ шуд, ёрдамчиаш намеояду нафари дигарро ба ҳайси пулчинак мегирад ва нофаҳмӣ бо гуноҳи пулчинак рух додааст”.

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе оид ба рафтори ноҷои кондуктор гуфтанд, “азбаски ӯ бо ҷамъият ягон шартнома надорад, ин масъаларо ба баррасии корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” гузоштаанд ва ин ниҳод бояд нисбат ба ӯ чораандешӣ кунад”.

Юсуфҷон Бобоев, масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, имкони назорати ҳамаи 2,5 ҳазор нақлиёти мусофирбари Душанберо надоранд: “Аз ин рӯ дар ҳамаи нақлиёти мусофиркаш рақамҳои Шӯъбаи зиддиинҳисории шаҳрӣ, харитаи хатсайр мавҷуд аст. Дар сомонаи “Озодагон” ҳам шумораи телефонҳои боварии шӯъбаи зиддиинҳисорӣ ҳаст. Шаҳрвандон ҳангоми мушоҳидаи қонуншиканӣ бо он рақамҳо тамос бигиранд. Кумаки шаҳрвандон бисёр муҳим аст ва ҳар муроҷиат саривақт мавриди баррасӣ қарор мегирад”.

Бо қарори шаҳрдорӣ аз тобистони соли 2011 фосилаи ҳатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медод, ба ду қисм ҷудо шуда, роҳкиро барои ҳар қисмат 80 дирам муайян шуд. Аммо ронандаҳо аз мусофирони худ аксаран ба ҷойи 80 дирам як сомонӣ ва ба ҷойи 1,60 дирам 2 сомонӣ талаб мекунанд. Баъзе шаҳрвандон мегӯянд, ронандаҳое ҳам ҳастанд, ки барои як хатсайр аз мусофирон се сомонӣ талаб мекунанд. Моҳи июли соли равон баъди шикоятҳои зиёди сокинон аз талаби роҳкирои бештар аз сӯйи ронандаҳои мусофиркаш, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе тавассути “Озодагон” рақамҳои телефони ин ниҳодро эълон кард. Масъулини хадамот аз мусофирон даъват карданд, дар сурати ситондани роҳкирои барзиёд сокинон метавонанд шабонарӯз бо шумораҳои 2 21 45 28, 221 45 29, 900 09 59 00, 988 99 11 88 тамос бигиранд.
Мӯҳр
Аҷаб кори хубе кардааст хадамоти зидиинҳисории шаҳри Душанбе. Аммо бадбахтона то имруз ҳолоҳам ронандагони хатисайри 28 мисли пешина 2 сомони мегиранд.

Шофир
О у шофири бечорара чиба штраф кардияну гунахгори асоси гаштай у кунгузаки сиехи быкара баре гуфтай ку любойчо мерам значит рост мегуфтай

Ман хам чанд борхо шохиди чунин холатхо шудам, ки дар онхо ронанда бемасулиятии худро нишон дода, хисси ягон чазо йо чаримаро надорад.
Дар ба.зе мавридхо ба хотири чунин истисморхо бо ронандахо чанчол мекардам, лекин фоида нест. Чунки мас.улин тамоман бетарафанд.
Ман ба хеч вачх бовар намекардам ин ходисаро, агар худам дар мохи августи соли чори истисмори мардумро дар истогохи бозор Корвон намедидам. Старексхои бо навиштачоти " Караболо" , ки аксаран мошинхои хатсайри 52 буданд, аз мусофирон 3 сомони рохкири ва мошинхои сабукрав бо чунин навиштачот аз мусофирон 5 сомони талаб мекарданд. Мутаасифона мардум хам бе зиддият савор шуда нархи гуфтагии онхоро пардохт мекарданд.
Наход ки ин ходисаро то хол касе аз мутассадийони кори мазкур дида набошанд? Хатман мебинанд, вале йо кори худро ичро кардан намехоханд ва йо аз ин фоида ба даст меоранд.
Сар ин мас.ала бояд хукумати шахр чидди кор кунад, ки холат то ба куштор расиданаш аз эхтимол дур нест. Мардум хама асабиянд ва дар чунин холатхо хама чи рух додан мумкин аст.
в,
в,

Вазъият дар роҳҳо хеле вазнин аст. Ҳазорҳо мусофирро ба ихтиёри маршруткачиҳо супурдан - худ як бемасъулиятӣ аст. То автобусҳо зиёд нашаванд мушкилот ҳал намешавад. Аз дигар тараф, автобусҳо ҳастанд. Масалан, рақами 8 Фурудгоҳ-Зарафшон. Вале даҳҳо автобуси ин хатсайр дар аввалу охир соатҳои тӯлонӣ "дар навбат" меистанд. Дар истгоҳҳои хатсар ин автобусро дар 30-40 дақиқа як бор мебинӣ. Пас мардум чӣ кор кунад? Албатта ки худро ба таксиву маршрутка мезананд. Дар бораи билетдиҳӣ умуман гап нест! Билети воситаҳои нақлиёт дар ҶТ комилан нест шудааст, гӯем, хато намешавад. Пас он ронандаҳои автобусу троллейбусҳо бегоҳӣ аз рӯи кадом ҳуҷҷат ҳисоботи даромад медиҳанд? Маршруткаҳо чӣ гуна андоз месупоранд? Ин ҳолат як шармандагист! Шояд дар ягое кунҷу канори дунё ин намуди "иқтисоди миллӣ" вуҷуд надошта бошад!!!

Охир дар ягон наклиёти мусофирбар хатсайрхо ба ду кисм чудо карда нашудааст. Бале бо қарори шаҳрдорӣ аз тобистони соли 2011 фосилаи ҳатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медод, ба ду қисм ҷудо шуда, роҳкиро барои ҳар қисмат 80 дирам муайян шуд ва Шумо худ инро кайд кардед. Пас чаро холо дар ягон наклиёти мусофирбар хатсайрхо то ним кайд нашудаанд. Ман дар як чи дар таачубам, ки чаро хатсайри 2 ва 19 аз як макон (Гипрозем-городок) бо як рох то Чал-Чам ва баъд хатсайри 2 то сирк рохкиро 1 сомон, вале хатсайри 19 то Чал-Чам 1 сомон. Мехостем, ки дар хатсайри 19 то ними рох нишон дода шавад. Рахмат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)