Бахшҳо

Баҳси раиси “ВАК”-и Тоҷикистон бо Илолов баъди тааҷҷуби Медведев аз докторҳои зиёди тоҷик

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон дар вокуниш ба тааҷҷуби Дмитрий Медведев, сарвазири Русия аз ҳимояи 80 рисолаи номзадию докторӣ тайи 1 сол дар Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки “ин ҷо манзури Д.Медведев на бадгумонӣ дар салоҳиятнокии унвонҷӯҳои Тоҷикистон, балки бештар шакку шубҳаи ӯ нисбат ба фаъолияти «ВАК»-и Русия мебошад”.

Розиқзода бо нашри як изҳороти расмӣ гуфтааст, муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, № 255 таъсис ёфта, Низомномаи он 17 июни соли 2015, № 504 тасдиқ шудааст.
Розиқзода аз Мамадшо Илолов, собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интиқод кардааст, ки гӯиё аз кори Комиссияи олии атестатсионии Тоҷикистон хабар надорад ва дар расонаҳо изҳор доштааст, “мо барои гузаштан ба ВАК-и миллии хеш набояд шитоб кунем”.

Иддао, ки бо таъсиси ВАК дар Тоҷикистон риски хариду фурӯши унвонҳо ва ба дасти афроди ношоиста уфтодани унвонҳои илмӣ меафзояд, норозигии Розиқзодаро ба вуҷуд овардааст. Ӯ дар посух ба Мамадшо Илолов, ки ин рискро воқеӣ хондааст, гуфт: “Муҳтарам Мамадшо Илолов, бояд хотирҷамъ бошед, дар таъсиси ВАК-и миллӣ айни ҳол ҳеҷ гуна хавфи ҷиддӣ вуҷуд надорад, зеро КОА ҳуҷҷатҳо ва механизмҳоеро таҳия ва коркард намудааст, ки «хатару эҳтимолияти хариду фурӯши дараҷаҳо ва унвонҳоро» ҳатман аз байн мебарад. Дар зимни фаъолияти худ КОА ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод, ки рисолаҳои илмии дур аз ҷанбаҳои илмӣ, ихтирооту кашфиёти хому бебунёд иншошуда ба шӯроҳои диссертатсионӣ роҳ ёфта, аз шӯроҳои ташхис гузаранд. Таъсиси «ВАК»-и миллӣ ҳаргиз маънои ба осонӣ «доктор PhD» шуданро надорад. Аз сӯйи дигар, тавре ки маълум аст, дар Тоҷикистон бар зидди амалҳои коррупсионӣ муборизаи шадид бурда мешавад. Зиёда аз ин, ба иттилои муҳтарам Мамадшо Илолов расониданием, ки бо назардошти таҷрибаи талхи ҳамсоякишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон яку якбора ва пурра аз ҳамкорӣ бо ВАК- и Федератсияи Русия даст кашиданӣ нест ва ҳамзамон бо пурра таҳия ва қабул шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва оғози фаъолияти амалӣ марҳила ба марҳила ин равандро амалӣ хоҳад кард”.

Раиси КОА-и назди Президенти Тоҷикистон дар идома алайҳи изҳороти дигари Илолов баромадааст, ки дар суҳбаташ бо “Озодӣ” пешниҳод кардааст, салоҳияти додани унвонҳои илмӣ ба донишгоҳҳо дода шавад: “Мантиқ куҷост? Аз муҳтарам академик пурсида мешавад, магар ба донишгоҳҳо додани ин салоҳият ба қавли худатон «хавфи воқеъӣ»-ро зиёд намекунад?! Ба таваҷҷуҳи академики муҳтарам М. Илолов мерасонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ин ҳам бо сабабҳои гуногун таъсиси ин ниҳоди басо муҳими таъминкунандаи истиқлолияти кишвар дар омода сохтани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, ки аз ҷумлаи яке аз рукнҳои муҳими истиқлолияти миллиамон мебошад, хеле ба таъхир афтод. Агар ба маслиҳати Шумо амал карда, «боз 5 — 6, ҳатто10 сол» даст болои даст гузошта сабр намоем, ҳеҷ гоҳ аз дастнигарӣ ва вобастагии бегонагон халосӣ нахоҳем ёфт”.

Ин баҳс дар ҳолест, ки ахиран Дмитрий Медведев, сарвазири Русия дар Санкт Петербург аз теъдоди зиёди унвонгирандаҳои Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб карда, афзуд, ки танҳо соли 2015 дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст: “Чизи баде гуфтанӣ нестам, аммо ҳамчун факт сари ин мавзуъ бояд фикр кард”.
Мӯҳр
ilolovro az vazia ozod kuned.

Вооох!!!!!! Модоме,ки дар россия 80 доктор зиёд гуянд пас вооой ба холи ТЧ,ки ки медонад дар асл чансад олим баромадааст дар як сол ???
Парво накын хирсуфф!!! Ихтисор сар шид.
Итифоки нависандагон алакай кадамхои чидди гузоштаистодааст барои покиза кардани сафи олимону донишмандон!!!!
Аввал унвону медалу ифтихорнома метиянд дар ин диёр , пас як шатта дари кунатда зада иди к черту мегуянд!!!

Шарифмурод
Дар киёс бо чумхурихои дигар, аз хама камтар мо номзаду доктор дорем. Дар як донишкадаи Арманистон 600 доктор кор мекунад. Чашми Медвед онхоро намебинад. Ин даъвохо баъд аз он сар шуд, ки дар Точикистон номхои даврони Шурави чун Чкалову Ковалро бардоштем. Мо бояд 25 сол пеш ВАК худро таъсис медодем. Мо 25 сол дер кардем. Забони точики 1000 сол пеш забони илм буд. Оне, ки мо забонамонро дуруст намедонем, айби забон нест, айби мост! Дипломфуруши дар Маскав аст. Дар метрои Маскав эълонхо насб шудааст, дар кадом ихтисосе, ки хохи мехари.

Хакимпур
Дар хайратам!!! Барои тарбияи олим 50-солахо басанда нестанд.Осими, Исхокиро куштем. Чанд тани аз олимоне, мисли Мусо Диноршоев, Салимов, Масов ва Илолов, ки дар арсаи дунё шинохта шудаанд, инхоро хам бадном кунему баъд талбак зада гуем, ки мо тамаддунофаринем

Дар хайратам! ВАК-и мо дар Русия аст вале Медведов камбудиро дар Точикистон мекобад. Ё миллате ки таърихи хазорсола дорад, миллате ки Сино, Рудаки, Носири Хусраву Гафуров Дадхаев, Турсунзода дорад, олими дар хар тори муяшон ва дар хунашон аст. Мумкин Медведов хам хасуд дорад ва хам бачаи Хирс гох вакт зураш ба мардумаш нарасид ва миллати бечораи точикро ёфт. Агар Медвед боши нациналистиро дар Русия бархам дех!

Дар кишварамон ягон сохтори босалоҳияте бошад, ки асардуздҳоро фош намояд. Сохторе бошад, ки ришвагир набошад. Агар не Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар як сол мумкин сафи номзадон ва докторҳоро аз шумораи қобили меҳнати кишвар зиёдтар хоҳад кард.

Комил
Ҳозир агар ҳар касе 5-10 ҳазор доллар дошта бошад (вобаста аз ихтисос ва роҳбар), агар хӯса бошад ҳам (яъне тамоман аз саводу дониш маҳрум бошад), метавонад номзад ё доктори илм бишавад (ё бо роҳи худ (тан)-фурӯшӣ барои занҳо).

888
Медведев ба фикрам аз босавод будани миллати мо шубха кардааст.Баъдан агар ин кадар олим дошта бошем пас чаро дар худи чумхури ин корро ба рох намемонем.Ин кадар мушкил аст магар?Баъдан инчо гуфтаанд ки фурухта мешавад унвонхо ин тур нест ки хаммааш бошад боинсофхо хастанд холо.Бечораги нашояд мо мустакил хастем руфако!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)