Бахшҳо

Пурсиши “Озодагон”: Фаъол шудани мухолифин дар хориҷ чӣ таъсире ба Тоҷикистон мегузорад?

Гуруҳе аз мухолифони давлати Тоҷикистон бо вуруд ба як ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) аз боздошт ва ба зиндон маҳкум кардани аъзои раёсати ҳизби наҳзати исломӣ эътироз карданд. Теъдоде аз мухолифин рӯзи 19 сентябр дар пойтахти Лаҳистон - шаҳри Варшава ҳамоиши эътирозие баргузор кардаву гуфтанд, дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон зери по мешавад ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бояд ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд. Зимнан, “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: ФАЪОЛ ШУДАНИ МУХОЛИФИН ДАР ХОРИҶ ЧӢ ТАЪСИРЕ БА ТОҶИКИСТОН МЕГУЗОРАД?

Ёрмуҳаммад НИЁЗӢ, мудири Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳо
Албатта ҳаргуна ҳодисаҳои сиёсӣ нисбат ба дигар ҳодисаҳои табиию иҷтимоӣ зудтаъсир аст, аз ҷумла чунин тазоҳуроте, ки саропо аз хушунат ва таҳқири ҳамдигар, ки сарриштаи онро дарёфт кардан бисёр мушкил ва сардаргумкунанда аст, ки мо киро гунахгор ва киро ҳақ пазирем.Шояд раванди тағйири ҳаводиси таърихӣ ба чунин ҳодисаҳо расидагӣ хоҳад кард.

Хурсанд ХУРРАМОВ, сиёсатшинос
Фаъол шудани мухолифинини тоҷик дар Аврупо даъвати ҷиддие барои Душанбе мебошад. Агар то ин замон ҳукумати расмӣ вуҷуди маҳбусини сиёсӣ ва фишор ба мухолифинро иқрор намекард, баъди иқдоми ахир ин кор барояш як миқдор мураккабтар мешавад. Аз аназари ман, мухолифини тоҷик, аз ҷумла намояндагони ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба таври бисёр возеҳ муборизаи дар навъи худ бидуни хушунатро пеш гирифтанд, ки метавонад аврупоиҳоро барои гузоштани қадамҳои ҳалкунанда водор намояд. Онҳо метавонанд фишорҳои худро ташдид бахшанд ва ё дар баробари мансабдорони алоҳида таҳримоти мушаххас ҷорӣ кунанд ё бо пахши изҳороти расмии дорои харакатери тавсиявӣ аз канори ин гуна иқдомоти мухолифин рад шаванд.

Маҳмуд БУРҲОНОВ, таҳлилгари сиёсӣ
Дар ин ҷо ду нукта аст: Нуктаи аввал, ҷанбаи инсонии масъала аст. Ҳамон тавре ки ба ҳамагон ошкор аст, дар як соли ахир аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ангезаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон боздошт ва дар додгоҳҳои ғайри аланӣ ва ғайри шаффоф бо иттиҳомоти сохта маҳкум ба зиндон шуданд, он ҳам бо тӯлонитарин муддатҳо. Хеле табиъӣ аст, ки ин бархӯрдҳои ғайри мунсифона бозтобҳое хоҳад дошт ва барангезонандаи аксуламалҳое хоҳад буд. Билохира он касоне ки зиндон шуданд инсонанд, хонавода доранд, азизоне дорад ва азизонашон дилу отифаву эҳсосот доранд, иззати нафс доранд. Бинобар ин, маълум аст, ки ин бархӯрди ҳукумат дили онҳоро ҷароҳатдор ва иззати нафсашонро поймол менамояд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, баръакс ҳукумат бояд шукр кунад, ки “душманонаш” он қадар бузургвор ва бомаданият будаанд, ки дар баробари ин ҳама бархӯрд, боз ҳам дар чорчӯбҳои маданияти инсонӣ аксуламали худро нишон медиҳанд.

Нуктаи дуввум, ҷанбаи сиёсии масъала мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамон ҳизбест, ки бо шарофати гузашту исори ӯ дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ ба поён расид. Имрӯз гӯиё хелеҳо аз ёд бурданд, ки ҲНИТ яке аз тарафҳои сулҳу созиш ва оштии миллӣ буд, ҳизбе ки аз оғози истиқлол сар карда дар тамоми таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон яке аз бозигарони таъсиргузор будааст. Бинобар ин, хеле содалавҳона аст, ки пиндошта шавад, ин пешинаи решадорро метавон, бо чанд моҷароҷӯии сиёсӣ аз андешаи миллат зудуд. Интихоботи парлумони соли 2010-ро ба ёд доред? Тибқи омори шибҳирасмӣ намояндагони ҲНИТ беш аз 40 дарсади орои мардумро аз худ карда буданд. Ин нишонгари пойгоҳи мардумии васеъи ин ҳизб аст, ки табиъатан бо таҳти фишор қарор гирифтан ва мазлум воқеъ шудани ҳизб, ин пойгоҳ дучандон хоҳад гашт. Бо таваҷҷуҳ ба ин, пурвозеҳ аст, ки фаъолият ва таҳаррукоти аъзоёни ҲНИТ дар хориҷ аз кишвар, ба хотири ҷойгоҳ ва пойгоҳи густардаи мардумиаш, бе шубҳа таъсироти зиёд ва созандае дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон хоҳад дошт. Аввалин таъсири он, зинда нигаҳ доштани ормонҳои пайравонаш мебошад, ки солиёни сол бо он ормонҳо ҳаёти сиёсии худро пеш бурдаанд. Таъсири созандаи дигари он эҷоди умед дар дилҳои ҷавононест, ки худкомагии ҳукумат дили онҳоро аз муборизоти мусолиматомези сиёсӣ ноумед карда ва ба самти ифротгароӣ савқ медиҳад. Дар воқеъ ҳар фаъолият ва муборизаи солими сиёсӣ мисли подзаҳре дар баробари рафторҳои заҳролуди худкомагон мемонад, ки дониста ё надониста ҷавононро ба самти муборизоти носолим ва ифротӣ мекашонад. Бинобар ин, фаъолиятҳои имрӯзаи ҲНИТ на фақат барои худаш таъсирбахш аст, балки беш аз он барои ҷомеъа ва ҳаёти сиёсии кишвар таъсири созанда хоҳад дошт.

Меҳрон БАШИРӢ, муҳоҷири тоҷик дар Аврупо
Фаъол шудани ҳаракатҳои оппозитсиюнӣ дар хориҷи кишвар ба фазои сиёсии дохилии Тоҷикистон таъсири чашмрасе надорад. Далели ин иддаои ман он аст, ки ҳар гуна ҳаракатҳои мухолифи ҳар ҳукумат бе доштани заминаҳои дохилӣ ба чизе даст пайдо намекунад. Айни чизро мо дар симои мухолифони тоҷик мебинем. Онҳо дар дохили Тоҷикистон ба гунаи шадид саркӯб шудаанд. Чанд тане ҳам ки мондаанд як ҳарфи онҳо масъалаи буду набудашонро рақам мезанад. Танҳо коре, ки он мухолифони бурунмарзӣ метавонанд бикунанд, ин ба гӯши ҷаҳониён ба таври айнӣ расонидани вазъи мухолифони сиёсӣ дар дохили кишвар аст. Ба мисли вориди ҷаласаи САҲА шудани онҳо.

Абдуманон ШЕРАЛИЕВ, ҷомеашинос
Фаъолияти мухолифин ва фазои сиёсӣ иртиботи мустақим ба ҳамдигар доранд ва тағйир дар равиш ё ҳаракати яке наметавонад ба дигари таъсир нарасонад. Ба хусус дар Тоҷикистон, ки ҳукумат нисбати мухолифинаш бисёр ҳассос аст ва ба камтарин ҳаракоти онҳо вокуниш нишон медиҳад. Ҳамин тазоҳуроти дирӯзаи мухолифин дар бинои САҲА ҳам таъсири чашмрасе ба мақомот доштааст, ки аъзои хонаводаи мухолифинро ба идораҳои мақомоти интизомиву амниятӣ бурдаанд. Ва ин "тадбир"-и мақомот ҳам, ки нисбати мухолифин меандешанд, бе таъсир ба фаъолияти ояндаи онҳо нахоҳад буд. Ҳатто хонаводаи онҳое ҳам, ки аслан дар ҳеч тазоҳурот ва фаъолияти сиёсие ширкат накардаанд ва танҳо гуноҳашон ҳамин будааст, ки дар хориҷ қарор доранд ва озодандешанд, бозпурсӣ шудаанд, ки ин кор ҳам бетаъсир намонда, бештар ба зарари ҳукумат тамом хоҳад шуд. Чун, як нафар шояд ба он хотир сукут ихтиёр кардааст, ки намехоҳад хонаводааш озурда шаванд ё дар фикри зиндагии шахсии худаш аст, вале вақте хонаводааш танҳо бо ин сабаб, ки кадоме гумон кардааст ӯ дар фаъолияти мухолифин ҳамроҳ аст, чун дар хориҷа қарор дорад, истинтоқ ба таҳқир мешаванд, ин нафар тасмимаш ҳам алайҳи онҳое хоҳад буд, ки алайҳи хонаводааш иқдом кардаанд. Ва ҳамин иқдомҳову вокунишҳо чӣ аз тарафи ҳукумат ё мухолифин ва ё шахсони алоҳида, ҳатман дар фазои сиёсӣ таъсир мекунанд.
Мӯҳр
JEFRY
Ман як чизро намефахмам ин Аврупо ва Амрико аз як тараф равияхои мусулмониро экстремисту террорист мехонанду таъкибашон мекунанд ва аз тарафи дигаре агар касе онхоро даст расонад "Талхакаф" мешаванд. Ин кишвар, ки онхоро сари вакт боздошт ва фаъолияташонро мамнуъ донист боз гунахкор шудааст. Хайрият аз хамонхо халос шудем, хело шуд ки вазъ ором буд акнун намедонам чи мехоста бошанд боз ин "Хомиёни сулху оромиву амният".........

Озодагон дар маколаат танхо андешахои тахлилгаронеро чой кардаи ки мавкеи зиддихукумати доранд...

З. Юсуфӣ
Нисбати тақдири миллату давлатам ҳеҷ гоҳ бе тараф нестам.
Юсуфӣ З., омўзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Ман, як тан шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастам ва нисбати тақдири миллату давлатам ҳеҷ гоҳ бе тараф буда наметавонам. Зеро имруз мо дар фазои озоди кишвар зиндагӣ ба сар бурда, аз тамоми ҳуқуқу озодиҳо бархурдорем ва ба меҳнати осоишта машғулем. Ин озодию осоиштагӣ ба шарофати заҳматҳои пайгиронаву устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдигарфаҳмию таҳамулпазирии миллати куҳан бунёду тамаддунофари тоҷик ба даст омадааст ва барои мо ниҳоят азизу гиромӣ аст. Барои ҳимояи дастовардҳои замони истиқлол тамоми мардуми мо ба фидокорию ҷоннисорӣ омода аст.
Он хабари ҳангомақўёнае, ки дар радиои озодї 21-сентябри 2016 аз ҷониби ҷаноби Стив Свердлов таҳти унвони «HRW: Тоҷикистон дар умқи бўҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад»), саропо олудаи туҳмату буҳтон буда, дорои ғаразҳои сиёсӣ мебошанд ва ба ин васила мехоҳанд бинои муҳташами оромии ҷомеаи моро валангор созанд.
Ҷанобоне, ки чунин маводҳоро пешниҳод кардаанд, бояд фаромуш насозанд, ки ҳар як давлат қонуниятҳои худро дорад, ки нисбати муҷримону ҷинояткорон муҷозоти дахлдор пешбинӣ шудааст ва ҳар як ҳолати ҷинояткорӣ дар асоси қонунҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Чунин муносибат, яъне ба маҳкама кашидани ҷинояткорон, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми давлатҳои пешрафтаю мутараққӣ мушоҳида мешавад ва ин ҳеҷ гоҳ поймол гардидани ҳуқуки башар арҷёбӣ намегардад.

Бас аст! Монед халқам озод нафас кашад!
Абдусамадов Х., омӯзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Хабаре, ки дар радиои озодӣ 21-сентябри 2016 тањти унвони «HRW: Тоҷикистон дар умқи бўҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад») пахш гардид, ягон фарди озодихоҳи тоҷикро бетаъсир нагузошт. Фикр мекунам, инҳо ғараз дигар аст: Шумоён лаганбардорони хоҷаҳои берунмарзӣ намехоҳед, ки ХАЛКИ ТОҶИК нафаси озод кашад, ватанаш обод гардад. Ҷашни бузурги Истиқлолияти Тоҷикистонро аз дур тамошо карда, аз ҳасадхўрии зиёд дарун-дарун сухта, чи хел ба ин оромию осоиштагӣ халал расониданро фикр мекунед. Дар урфият мегуянд: “Гардани хамро шамшер намебурад”. Намешавад, ки ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, боқимонда умри худро дар хоки Ватан баҳри хизмати халқ ва ободии кишвар сарф кунед. Халқи бузургдили тоҷик хатогиҳои шуморо авф мекунад, агар минбаъд хизмати шоёнеро бар Ватан нисор кунед.
Бас аст! Монед халқам озод нафас кашад!

Шарифов Исомиддин, омўзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Аз созмонҳои мазкур эҳтироман хоҳиш мешавад қабл аз оне ки даъвоеро ки бояд кишварҳои иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё шурои ҳуқуқи башари СММ алайҳи Тоҷикистон чора андешанд, роҳ андозӣ намоед бояд сараввал вазъи воқеиро бо назардошти низоми қонунгузории ҶТ ва таркиби ҷиноятҳои содиршуда ва хатару пешомадҳои он ба манфиатҳои давлатию милллии ҶТ бояд бозбинӣ намоед.

Худ бинед ва казоват кунед ки дар Википедия шархи стив Свердлов намебарояд картинаву боз чизхои дигар. Тамоми корхои анчоммедодаи у ба тарафгирии сиеси нигаронида шудааст яьне оппозитсия. Ин стив худ чо ус АСТ ва вазифааш ноором кардани вазьияти ороми сиеси дар осиеи маркази мебошад, на ин ки "хифзи хукук". Барои чи ин созмонхо дар худи ИМА фаболият намекунанд, хар руз ба мукобили сиехпустон зуриро истифода мекунанд, хама хомуш. "Ба сиесати дохилии мо кордор нашав" мегуянд онхо. Мо акнун мефахмем, ки созмонхои байналхалки ташкилотхои террористиро чонибдори мекардаанд.

Ман як чизро намефахмам, ки мардуми точик то чи кадар пуртокат будааст. Хамин зиндагие ки мо дорем саг надорад. Мумкин шахсоне тарафдори хукумат мебошанд ё вазифадороонанд ё бекорчиёнанд. Агар одам коргари оди ва бизнесмени ягон соха бошад бад мефахмад ки хукумат чист.

Дамирхон
Шариф,
Пастзанию болозаниро бояд туи хубу ширин дарк карда тавони! Агар не манкурти! Даромаду баромади як гурух мухолифину номухолифин ин шармандаги , пастзании миллат нест.Дар Аврупо харрузу хар соат садхо гуруххо даро баро доранд, ин як чизи мамулист, хатто дар Аврупо инро кадаммонии миллат низ мегуянд(на истодани миллат), вале шаттахурихою шапалокхурихои миллат дар русияи "бародар" ин пастзанист, шармандагист.Шармандаги , пастравию пастзани унест вакте кудаки 5 мохаи туро мекушанду ту хомуш, духтари туро тачвуз мекунанду мекушанд, ту хомуш, сари бачата дар хонаат омада мебуранд ,ту хомуш,духтарчаи 9 солаатро кордчазани карда мекушaнаду ту хомуш...Оё ту манкурт нести?

virkan
Бехуда чонканихо асту бас, миллионхо маротиба талош кунеду зур заеду бехуда, миллиард талош кунед ха арзише нахохед дошт.

Халқ бедор шуда аст, офарин

Юсуфи! Шумо як фоизи чомиа ва зомби кардашуда мебошед. Касе ки дар муасисаи давлати кор кунад, бояд тавсифу таргиби сиёсати пайгирифтаи чанобашонро кунад. Ин хам манзалати уро дар назди рохбар баланд мекунад ва хам мансаб кафолат аст. Озодагон низ чунинхоро чоп мекунад, чунки у низ точики аст ва у низ канди сафед мехохад.

як нафар бо номи курбон хеле хуб навиштааст "каметарихоро мехони фикр мекуни шахрванди сингапури"манхам ба чунин хулоса омадам онкадар тариф точикистон ин точикистон вай эй Хоча чаш кушоию хол бин,чашми сар надори бо чашми дил бин.бекори бехуки бебаркию бесивети порахури.боз барзами ин бо идхои зиёд чавононро аз хондан боз дошта чашну маросимхо овора мекунед.пас аз кучо мо рушд кунем э чавононро монед илм омузад як гурух мухолифин дар хорич садо баланд мекунад шумоён дарав чавонро мачбур ба этироз кардан мекунед.ин муоамои шумо бояд шумо шароите муаян кунед,ки хама шоду хурсанд сарбаланд хукукаш дар дасташ хурматаш дар чояш озодияш тамин бошад он вакт шуморо халк дастгири мекунад.

Политолог
Эй мардуми шарифи Точикитон фирефтаи ягон гуррухои ифроти нашевед ва дар ёд доштабошед, ки максади хоричиён ноором сохтани авзои сиёсии ватани азизамон Точикистон мебошад зиракии сиёсиро аз даст надихед хамватанон!

Заррин
ХАМВАТАНОНИ АЗИЗ ДАР ХОРИЧА ВА ДАР ДОХИЛИ КИШВАР ХОДИСАХОИ Сурия ба мо дарс бошад, ки аз тарафи ба ном давлатхои демокаратии тараккикарда ва " маърифатпарвар" мардумро гумрох намуда хонавайрон кардан. Дар хакикат империализм руи одами надоштааст, агарчанде солор ва ичтимои шуда бошад хам Мисли гургест аз хурдани гушти як гуфанд сер мешавду, локин дахо гусфандро харом мекунад. Безплатный сыр бывают толька в мишеловки. Хозир замони ситеза на аз тарафи рост на аз тарафи чап хаст. Барои кайке пустинро сузондан аз руи акл нест. Дар минтака афроде дар хамсояги дорем, ки баъзе аз онхо 40 -сол аст нони хочагони баном адолатхохро аз давлатхои серупур хурда дар онхо нишонае аз дину мазхаб намондааст ва аз рохи мустаким берун баромадаанд ва бехабар шудаанд. Ин хатар барои мардуми Точикистонро факат бо хучуми Мугулон ба давлати Хоразмшохиён баробар карда мешаваду халос. Дар ин шароит касе аз дохил ва берун ба беобуруй шудани миллат ва давлати мо новобаста аз макеи ичтимояш фардхои хатаровар ба пусту хуни ачдодии худ хисобида мешавад. Бози бози маро ба чанг оварди гутаанд. Хамватани азиз биёед ба хотири рахм ба зоти худ аз ситезакори ва якдигарбадбини акалан то муътадил шудани вазъият дар минтака худори намоем. то "Бечора харак орзуи дум кард, ноёфта дум харду гуш гум кард" нашавем. Зану кудаку авлоди мо таги пои дигарон нашаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)