Бахшҳо

Бояд гирист... Вақте бо тоҷикӣ наметавонӣ нон пайдо бикунӣ

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Дар нишасти ахири хабарии Кумитаи забон ва истилоҳот як хабарнигор аз раис пурсид, бо таваҷҷуҳ ба ин ки аксари мардуми шаҳрҳои Тоҷикистон талош мекунанд фарзандонашонро ба боғчаву мактабҳои русӣ бибаранд (ва ҳатто барои ин ришваҳои бузурге ҳам медиҳанд) зарурат ҳаст, ки забони русиро забони дувуми давлатӣ кунем? Ҳоло бо гузашти ду ҳафта талош кардам, ба ин суол аз зовияи дигар бингарам.

Дар воқеъ, агар таваҷҷуҳ карда бошем дар солҳои ахир ҳамагӣ ва аксаран қишри огоҳ талош мекунанд, ки фарзандонашонро ба боғчаву мактабҳои русӣ бибиранд. Дар ин авохир ҷонибдорони инглисӣ ҳам афзудааст. Зеро аз нигоҳи онҳо (ки мутаассифона дуруст ҳам ҳаст) бо донистани забони русӣ ва инглисӣ нон ёфтан ва зиндагӣ сохтан осонтар аст. Шояд аз нигоҳи бозор ва замон ин як амали дуруст бошад, аммо аз нигоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ин бисёр вазъи ҳузнангез аст. Мо наметавонем ин мардумро барои дӯст надоштани тоҷикӣ, барои эҳтиром накардани арзишҳои миллӣ гунаҳкор бидонем. Мо наметавонем ин мардумро нохудшинос биномем ва ё мардуме бидонем, ки ифтихорӣ миллӣ надоранд. Зеро муҳит дар мо ҳамин гуна шакл гирифтааст. Шаклгирие, ки барои ояндаи миллӣ хеле хатарбор аст. Яъне, агар урёнтар суҳбат кунем ба ояндаи муҳити тоҷикӣ бовар нест...

Бисёр дардовар ва риққатбор аст, вақте ту медонӣ агар фарзандат мактабӣ тоҷикӣ бихонад нонёбиаш мушкил мешавад. Бисёр хатарзо аст, вақте дар як кишвар тайи ин қадар сол муҳити нонёбӣ, муҳити давлатӣ ва муҳити иҷтимоӣ бар асоси забони ҳамон давлат шакл намегирад.

Дар боғча ва мактабҳои русӣ довталаб аз меъёр ду ва ҳатто се маротиба зиёдтар аст. Инро инкор карда намешавад. Ин вазъро Вазорати маориф ҳам медонад, ҳукумати кишвар ҳам медонад ва кумитаи амният ҳам муталлеъ аст. Ҳамин сол яке аз дӯстони мо ҳам хост ки фарзандашро ба мактаби 20-и Душанбе бибарад. Довталаб ба ҳадде зиёд буд, ки ба гуфтаи дӯстам, ҳатто кормандони баландпояи Вазорати маорифро ҳам васила қарор дод, аммо масъала ҳал нашуда. Дар боғчаҳои русии Душанбе ва шаҳрҳои дигар бидуни ришваву василабозӣ имкон надорад, ки кӯдакатро бипазиранд. Зеро ба ибораи маъмул “талабот бениҳоят зиёд аст”.

Ин вазъро бояд аз нигоҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва равонӣ ба хотири ташхис додани ояндаи миллат таҳлил кард. Зеро мағзи гап ин ҷост, ки фикри миллӣ ба тоҷикӣ шакл намегирад ва ҳувияти миллӣ дугонаву духура ташаккул меёбад. Албатта донистани забони русӣ, инглисӣ ва ҳар забони дигаре, ки имрӯз забони илму иқтисодҳои бузург эътироф шудаанд аз ҳар нигоҳе хуб аст. Аммо барои як давлат ва як кишвар шарти аслӣ ва зарурӣ ин аст, ки муҳити иҷтимоӣ, тафаккури давлатӣ ва фикри миллӣ бояд бар асоси забоне шакл бигирад, ки таърихан дар тинати мардум аҷин шудааст. Ба забони миллӣ шакл додани фикр ва руҳияи миллӣ ҳаргиз ба маънои аз ҷаҳони берун канор гирифтан нест, зеро ин номумкин мебошад ва хоҳу нохоҳ забоне барои доду ситадҳои илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ин миён васила қарор мегирад. Аммо зарур ва ҳатто бисёр зарур аст, ки муҳит ба гунае сохта шавад, ки фикри тоҷикӣ шаклдиҳандаи руҳияи миллӣ ва маниши миллӣ бошад. Вале дар мо, оё ҳоло ҳамин гуна муҳит офарида шудааст? На!

Кӯдаки тоҷик имрӯз имкон надорад, ки бо забони модариву миллияш филми тасвирӣ бибинад. Ҳарчанд дар кишвар телевизиони вижае барои кӯдакону наврасон таъсис шудааст. Аммо ин телевизион ҷойи ин ки барои кӯдаки тоҷик филми тасвирӣ бисозад ва ё ҳадди аққал тарҷума кунад, вориди бозиҳои сиёсиву идеологии давлат шудааст. Ин телевизион ҳам бештарини филмҳои тасвирӣ ва ҳунариву бадеиро барои кӯдаки тоҷик бо русӣ нашр мекунад. Камбахтона ҳатто истудёҳои мустақиле пайдо нашуданд, ки бо тоҷикӣ барои кӯдакону наврасон филми тасвирӣ бисозанд ва ё аз имконоти фаровони фанновариҳои иттилоотӣ истифода кунанд (ба истиснои чанд маркази маҳрамонае, ки забону фарҳанги ин миллатро бо забони шикаству шевагӣ таҳвин мекунанд). Дар мавриди китобу василаҳои донишдиҳандае барои кӯдаконе, ки ҳанӯз мактаб намераванд ҳоло сухан намегӯйем. Бо тоҷикӣ ёфтани ин гуна абзорҳо тақрибан номумкин аст. Агар ҳам ҳаст як ду се китобе ҳаст, ки ҳам аз нигоҳи мазмун ва ҳам аз нигоҳи санъати чоп бисёр сифати паст доранд. Дар ин миён чанд китобу дастури арзишманде, ки Сарредаксияи энсклопедияи миллӣ анҷом дод истисноанд. Агар мехоҳед дар ин маврид мутмаин шавед саре ба дӯкону марказҳои китобфурӯшӣ бизанед.

Барои бачаҳои мактабхон ҳам вазъ аз ин фарқе намекунад. Ба ҷуз китобҳои дарс тақрибан китобу василаҳои ҷолибу ёрирасоне ба забони миллӣ пайдо намешавад. Дар ин гуна вазъу шароит фикри миллӣ бисёр маҳдуд шакл мегирад. Ҳамин аст, ки падару модар ба мактабу марказҳое майл мекунанд, ки ба забонҳои дигареанд, ки бо ин забонҳо имкону дурустару фаррохтар шакл додани фикру тафаккур осонтар аст.

Вақте мо ҳамин гуна пойгоҳи иҷтимоиву маърифатиеро барои шакл додани фикру тафаккури миллӣ насохтаем, ҳақ надорем дар мавриди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз минбарҳои баланд кафки даҳон бипаронем. Миллатсозӣ ҳазина металабад, хароҷот дорад. Фавҷ-фавҷ, бо латтаҳои сурх дар пешобағал, дар дастҳояшон парчами давлатӣ ба хиёбонҳо кашондани хонандагону ҷавонон ҳаргиз маънои инро надорад, ки мо онҳоро “дар руҳияи милатдӯстиву ватанпарварӣ” мепарварем. Зеро пойгоҳи иҷтимоиву маърифате барои чунин парвариш насохтаем.

Дар сатҳҳои болоӣ вазъ аз ин фарқ намекунад. Аз нигоҳи иҷтимоӣ агар бигарем дар шаҳрҳо, хусусан дар пойтахти кишвар, вақте мардум дар таълими фарзандон ба забони ғайри миллӣ тарҷеҳ медиҳанд, вазъ буҳронӣ аст. Зеро ҳанӯз дар пойтахти кишвар фикри тоҷикӣ дар таъини ҳувияти миллӣ асаргузор нашудааст. Як нукта бисёр нигаронкунанда аст, вақте бачаҳо дар пойтахт бузург мешаванд, вале дар шинохти арзишҳои миллӣ назарашон мухолифи ҳамин арзишҳост (таҷрибаи талхи русихонии шӯравӣ аз хонаводаҳои ба истилоҳ зиёии Душанбе ва дигар шаҳрҳо пеши мо гузинаие барои дар ин замина шубу рӯз фикр карда аст). Инро бояд ба ҷиддӣ гирифт. Замони ватандӯстии дурӯғин гузаштааст, замони муҳитсозии амал омадааст.
Мӯҳр
ба дохили гур
Дуруд точикон ту арз дори ки дар сари кабри кабристонихо бо забони навха мехони.. на ин аз китоби мукадас аст ва гуфтахои худованди бахшандаву мехрубон. донистани он ба хар яки мо фарз аст. моро аз асли худ аз хати ниегон дур сохтаннд ,ки мо ба ин зинна расидем . мо дар тамоми мавзухо китоб дорем афсус вай бо хатти фопси. аз Саьдиву Хофизу Хайем сухан мегуем афсус хат дигар аст. моро ба дурроха бе маслихат гузоштаанд.

Россия намегузорад ки мо ба асли худ бирмем. ин сиесати берунаи ин кишвари бузург аст. имруз мо дар ин кишвар кор мекунем. ба як мушкилии мухочирон макомот наметавонад шахрвандонашро мухофизат кунад. ин талх аст аммо рост. аз ин сиесати Путини чизеро нар кас метавонад ба даст орад. холашро дар казияи халабон дидед. чи кадар мухочироннро азоб боданд.....

шахрванд
Озодагон аз чи сабаб шахри маро чоп намекунед? Ба фикрам озод нестед?

хониш
Ҳар ки у аз ҳамзабоне шуд ҷудо
Безабон шуд, гарчи дорад сад наво. Руми
Саломат боши Иршод! Агар аз чихати забондони фикр кунанд бехтар.

Ватандор
Офарин !Ахсан хакасту рост

Чамшед
Чавоб ба "Аз дохили гур". 1400 сол боз то ин чониб ояти Куръон хондан сари гур ин маънои навха хонданро надорад. Тафаккур накардан дар оятхои Куръон шуморо ба ин хол овардааст. Мавзуъ дигар чист дар бораи дигар чиз шарх нанавис. Саъдии Шерози, Хофизи Шерози, Абдулкодири Бедил , Чалолиддини Руми ва дигару дигархо донандаи забони араби буданд аммо инро барои пешравии илми фарханг истифода карданд. Максад аз донистани забони хоричи, махсусан забони руси ва ингилси ин ба нафъи худамон истифода кардани онхост. Бо тарчумаи китобхо, таер кардани филмхои тасвири ва мусаннад ки хангоми эхтиеч доштан ба ягон китоби мухими дарси е гайри дарси тавонанд чомеаи Точикистон онро хонанд. Максад аз ин макола хифз ва рушд додани забони точикист. Барои ин "Аз дохили гур" хато нафахм.

Ташаккур ба Иршод! Мавзуи басо мухиму саривакти, аммо роххои бартарафкунихоро мушаххасан иброз бояд кард ва мо дар ин сурат метавонем муваффак шуд. Пешниходхо набояд аз дохил кабр садо диханд, балки ашхоси ватандустон зинда нестанд. Зиндахои ватандуст ба пеш....

Точик
Чавоб ба "Аз дохили гур". Аз суханхоят бармеояд, ки мусулмон нести. Вакте мурди, гуй, ки дар сари кабрат оят нахонанд. Дуюм ба Иршод гуфтаниам, ки ин такозои замон аст, кадом тараф, ки бехтар бошад инсон ба он тараф майл мекунад. Кани дар иниернет бо забони точики дар ягон мавзуи илми маводе пайдо куни? Нест. Сеюм ин ки Иршод ва ту баринхо, забони точикиро расво кардед. Кани забони Рудакиву Айниву Турсунзода? Шумо хама эронипараст хастед. Бисёр калимахоро аз забони эрони истифода мекунед. Як чанд сол бо бо " хилматхо"-и шумо филологхо аз забони точикии дари асаре намемонад.

"Замони ватандӯстии дурӯғин гузаштааст, замони муҳитсозии амал омадааст"... офарин, аҳсант вале ҳамон тавре, ки худатон бародари арҷманд қайд кардед, касе парво надорад фақат ҳама лаганбардорӣ карда гаштанд...

берун аз гур
Аз дохили гур,
ба дохили гур пеш аз хама бояд таълим гири баъд аз он нисбати як миллат ва як кавм сухбат дошта боши русхо сахтарин зарба бар миени миллати точик задаанд нисбат бо арабхо агар истиклолият ба даст намеомад хол ту бо руси сухбат мекардиву забони модариатро фаромуш мекарди ва аз суханонат бар меояд ки мусалмон нести лекин точики асил бош!Арабхо чи хел ки бошанд набошанд динеро ба мо оварданд ки худо амр кардааст бо сабаби кабули ин дин миллати точик дар чахон миллати номдор ва пуркудраттар шуд лекин русхо омаданд чи хуби барои милати точик карданд ба чуз шикастану пора пора кардан акли ту дар кучост дар чое ки худат
муаррифи кардаи дар зери гур не агар дар зери гур мешуд ту чунин сухбат нисбат ба дуо кардан намегуфти умедворам ки дар хакки ту касе ефт нашавад ки дасти дуо бардорад ва дуо кунад.

Мухлисс
Аз дохили гур,
Рут дар гур кати и афсонаи нависондагит. Дар инчо арабу забони араб причем. Як чилд китоб ту чиро дар назар дори аку? КУРЪОНРО? Худо бехабар...

Фанат
Бурдборихо ба Шумо Иршодбой! Проблемахои вазнинро тахлил мекунед.

хаким
Аз дохили гур,
Аз дохили гур хеч вакт набаро ту точик нести миллат надори

ромсар
Чавоб! ба Дохили грух: Бо ин гапхо ме хохи ки Исломро барои Кам саводи Точикон ва тамойл пайдокардани Точикон бо забон ва фарханги бегона Гунахкор куни .Бародар Иштибох мекуни аввал ислом аз АрабХо нест дувуман Шумо барарин инсонхо аз ислом бардошти галат даред ! Севуман ки Шахсиятхои бузург Точик аввал Исломро омухтанд ба баьдан адабийоти точикро навиштанд Ба мисли Рудаки Садриддин Айнив чун аз Исломи ибтидои бардошти друст доштанд ва як замоне Забони Араби забони Илм буд.

зиеи
Иршод бехтарин масьаларо барраси карди. Хамин масьаларо боз каме васеьтар тахлил кардан даркор. Агар барои халли масьала пешниходхои мушаххас дошта боши, хеле хуб мешавад.

гунг
Забону миллати точикро аз забони арабиву руси, ки манфиаташон хасту лек бегонаанд фарк кунем. Умри фанатизми дини 50-60 соли дигар бокисту халос.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)