Бахшҳо

“Престиж”-и мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон

Тайи 25 соли истиқлол шаҳвандони Тоҷикистон (манзур сокинони шаҳрҳо) мактабҳои русиро ба макотиби тоҷикӣ тарҷеҳ медиҳанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки талабгорони мактабҳои рӯсӣ нисбат ба мактабҳои тоҷикӣ бештар аст. Бахусус дар ду соли охир сафи довталабони мактабҳои русӣ дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ ба таври бесобиқа зиёд гардида аст. Дар синфҳои русии мактабҳои ҷумҳурӣ гуфта мешавад, ки миқдори талабаҳо аз аз 30 то 40 нафарро ташкил мекунад. Ба ин нигоҳ накарда, хоҳишмандони макотиби русӣ сол аз сол бештар мешаванд. Бо вуҷуди он ки тайи солҳои истиқлол литсей ва гимназияҳои зиёде дар ҷумҳурӣ бунёд ёфтаву ба рӯи талабаҳо дарашонро боз намуданд, аммо аксарияташон обурӯи мактабҳои оддии русиро ба даст оварда натавонистанд. Зикр бояд кард, ки ба гуфтаи бархе аз волидон роҳ ёфтан ба мактабҳои русӣ онқадар содаву осон ҳам нест.

Зимнан, то як соли пеш дар Тоҷикистон макотиби туркӣ низ аз маъруфтарин дабистонҳо шуморида мешуданд ва фарзандони ба истилоҳ элитаи тоҷик дар ин даргоҳ таҳсил менамуданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки макотиби туркӣ пулакӣ буда ва яке аз гаронтарин мактабҳо дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар кишвари мо расонаҳои давлатӣ бахусус телевизионҳо ҳамеша аз пешрафти маориф ва ислоҳоти соҳа тавсифу тамҷид менамоянд. Аммо шуҳрату маҳбубияти мактабҳои русӣ ва туркӣ бидуни таблиғоти расонаҳо аз он мегӯяд, ки ин ҳама тавсифҳо асоси воқеӣ надоранд. Ва худи инки аксари мансабдорон ва зиёиёне, ки доди миллатдӯстӣ ва ватанхоҳӣ мезананд, фарзандонашонро барои таҳсил ба макотиби русӣ мегузоранд, далели эътимод надоштанашон ба макотиби тоҷикӣ метавонад бошад. Оре, ин маънои онро дорад, ки макотиби тоҷикӣ талаботи эшонро қонеъ намекунад.

Волидон мегӯянд, ки дар макотиби русӣ пеш аз ҳама тартибу низом ба таври зарурӣ вуҷуд дорад. Агар рафту муаллиме бемор шавад ҳатман муаллими дигар ба ҷои ӯ дарсҳояшро мегузарад. Гузашта аз ин дар макотиби русӣ камтар ба зоҳири хонандагон аҳамият медиҳанд ва бештар ба донишандӯзӣ ва рафтори талабаҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, аксари хатмкардаҳои мактабҳои туркӣ ва русӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дохил мешаванд, яъне нисбати хатмкардаҳои мактабҳои тоҷикӣ ба маротиб зиёдтар.

Коршиносон мегӯянд, ки яке аз омилҳои таваҷҷуҳи бештари мардум ба мактабҳои русӣ пеш аз ҳама он аст, ки бовар доранд, дар ин макотиб дониши бештару хубтар мегиранд, дуввум имконоте, ки забони русӣ ба як хатмкардаи мактаб меорад нисбат ба забони тоҷикӣ ба маротиб зиёдтар аст, яъне хонанда тавассути забони русӣ ба илму фарҳанги ҷаҳони муосир шинос мегардад. Ҳатто миёни коршиносон чунин ақидае низ вуҷуд дорад, ки яке аз сабабҳои рӯ ба мактабҳои русӣ овардани волидон дар он аст, ки онҳо дар ҷумҳурӣ дурнамои хуберо намебинанд, ба ояндаи рӯшани кишвар эътимод надоранд. Онҳо аз роҳи мактабҳои русӣ мехоҳанд, ки ояндаи фарзандонашон дар хориҷи кишвар сохта шавад.

Коршиносони соҳа мегӯянд, ки мактабҳои тоҷикӣ аз хусуси китобҳои дарсӣ ва дастурҳои мектодӣ низ аз ҷаҳон хеле қафо мондаанд. Аксари китобҳои дарсӣ ҷавобгӯи замони муосир нест. Мактабҳои русӣ аз рӯи барномаҳои мактабҳои Русия (ҳарчанд аз рӯи барномаҳои куҳнаи Русия ҳам бошад) таълим дода мешаванд. Будани мактабҳои русӣ ва таваҷҷуҳи зиёди мардум ба онҳо дар назари сатҳӣ ҳеч бадие надорад. Ҳатто ба фоидаи кишвар ба назар мерасад, аммо агар жарфтар андеша намоем, дарк хоҳем кард, ки ҷои нигаронӣ дорад. Чаро? Шуҳрати макотиби рӯсӣ аз заъфи мактабҳои тоҷикӣ бармеояд. Яъне тамоми ҳисоботҳо ва ислоҳотҳо то имрӯз дар рӯи коғаз боқӣ мондаанд. Дар 25 соли истиқлол мо натавонистаем мактаберо ба вуҷуд орем, ки ҷавобгӯи замони муосир ва талаботи хонандагону волидон бошад.

Ғайр аз ин нуктае, ки касро водор ба андеша менамояд он аст, ки оё хатмкардагони мактабҳои русӣ дар руҳияи фарҳанг ва сунатҳои миллӣ тарбия мегиранду ба воя мерасанд ё хайр? Хонандае, ки адабиёти тоҷик нахондааст фардо метавонад аз арзишҳои миллӣ дифоъ кунад ва ҳуввияти тоҷикӣ дошта бошад?
Ва худи авло шуморидани мактабҳои русӣ ва омӯзиши забони русӣ барои тарк кардани Ватан ва мушкилоти беҳисобаш нест?
Ва магар ин роҳи дуруст аст?
Ва чанд 25-и дигар лозим аст, ки мо ба сохтани мактаби миллии дархури замон муваффақ шавем?

Бознашр аз ҳафтаномаи “Озодагон”
Мӯҳр
Кумитаи ислохоти забони давлати кучоя дидсодай? Ба таври очили забони точикиро чояшон-ба шинондан даркор, то молида молида тухм бароранд.

Сухан сари "Престиж" намеравад. Биёед тан дихем, ки дар макотиби руси савияи дониши бачахо нисбатан баландтар аст. Ва бо адабиёт ва таърихи форсу точик ба кайхон парида намешавад, техника ва технологияи муосирро, ки бе омузиши он таракиётро тасаввур кардан номумкин аст, аз бар карда намешавад. Барои таракиёти чомеа мутахассисони мухандиси заруранд, на таърихшиносону адабиётшиносон. Ва барои аз бар кардани ин илмхо забони руси ва англиси зарур аст. Аз хамин лихоз волидайн мехоханд фарзандонашон ба ин рох раванд.

бАРОДАРОН! Ман ду фарзанди русзабон дорам ва онхо дар мактаби русси мехонанд. Калонаш дар синфи 9 ва майдааш дар синфи 6-ум. Боз 5- фарзанде дорам, ки дар мактаби точики мехонанд. Дар хакикат мактаби русси бо программаи руссия дарс мегузарад ва ин фарзандон мувафактар аз фарзандони мактаби точики мебошанд. Чизе точики бошад у корношоям мебошад. Хато ягон кори вайронаро мо худ бо такир мегуем. Инро мегуем, ки точики мебошад. Мардуми мо каме беинсоф ва беперво мебошад.

ы
Ман хар се фарзандонамро ба мактаби руси додам. Дар мактабхои точики донишомузи нест. Танхо черезбозиву пулчамъкуни.

Точик
Тахсили хуб аз кумаки падару модар хам вобастаги дорад. Ман фарзандонамро ба мактаби точики додам. Дар мактаби руси точикбача русмичоз мешавад ва агар доно хам шавад мухаббати точикиро гум мекунад.

Фарзанди сеюмамро ба мактаби руси додам ва умедворам, ки нисбат ба бародаронаш аьлохон мешавад. Дар хусуси мактабхои точики гуфтаниям, ки савьияи донишомузи хеле заьиф ва забони китобхои дарси хеле дурушт аст. Вазорати маьориф пеш аз хама бояд ба мавод ва китобхои дарси эьтибор дихад, хангоми мутолиаи китоб талаба чезе фахмад ва шавковар бошад , то ин ки шавкро дар дили хонанда пайдо кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)