Бахшҳо
02 авг 2013 13:23Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Суоли баҳсбарангези Сайфулло Сафаров ба Кабирӣ ва Зоиров

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС), дар як нишаст дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ гуфт, ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 сари қудрат мебошад, ҳанӯз хидматашро ба поён нарасондааст. Ба ҳисоби оқои Сафаров, ин ҳукумат ҳадди ақалл даҳ соли дигар метавонад барои миллат хидматҳои дигареро анҷом бидиҳад.

Ин ҳарфҳоро Сайфулло Сафаров дар ҳоле рӯи забон овард, ки рӯзи 2-юми август бештари коршиносон дар нишасти “Демократияи номуваффақ ё бозгашт ба авторитаризм” дар қароргоҳи ҲНИТ сабабҳои инқилоб дар ҷаҳони арабро дарозумрии раҳбарон номиданд. Онҳо гуфтанд, ҳукуматҳои дарозумр чунин вазъиятеро ба вуҷуд меоранд, ки мардуми ба "ҷономада" ба хиёбонҳо бирезанд. Нишасти “Демократияи номуваффақ ё бозгашт ба авторитаризм” дувуми август дар қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе баргузор шуд. Дар кори он коршиносони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони чанде аз сафоратҳо иштирок доранд.

Сайфулло Сафаров дар оғози сӯҳбаташ ба инқилоби баъзе кишварҳои арабӣ ишора карда ва дар идома дар бораи низоми феълии Тоҷикистон, ки бештар аз бист сол инҷониб зимоми қударатро дар даст дорад, низ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, “мо ин низомро интихоб кардаем ва дар ҳақиқат хидматашро карда истодааст. Ҳоло вақти иваз намудани он нарасидааст. Ин аз соли 1993 бояд 30 соли давом кунад.”

Сафаров дар ҳамин вақт ба тарафи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ, ки дар паҳлӯяш менишастанд, нигаристу гуфт, “агар Шумо демократияро қабул доред, пас, бояд онро ба ҷомеа, аз ҷумла давлат нишон диҳед, ки чигуна раҳбарият тез-тез дар 4 ё 5 сол иваз мешавад. Вале Шумо чанд соле ҳаст, ман медонам, онро накардаед, ба ин савол чӣ ҷавоб медиҳед? Ба оқои Зоиров низ ҳамин саволро доданиам, ки раҳбари ҳизби Шумо кай иваз мешавад?”

Ба гуфтаи муовини раиси МТС, аҳзоби сиёсӣ дар ҳоле метавонанд, дар бораи зуд-зуд иваз шудани раҳбарият ҳарф зананд, ки худ таҷрибаи онро дошта бошанд: “Ин танҳо савол мебошад, агар инро анҷом диҳед, сипас ҳақ доред аз дигарон, бахусус Эмомалӣ Раҳмон ё Ҳизби халқӣ-демократӣ иваз шудани раҳбарро пурсед ва ба ҳамаи мардум низ роҳеро нишон диҳед, ки мана мо кардем, Шумо низ кунед. Вале то вақте инро карда наметавонед, пас маълум аст, ки ин фарҳанги мо гашта, ҳамаамон чунинем.”

Муҳиддин Кабирӣ дар ҷавоб ба Сайфулло Сафаров гуфт, дар оинномаи ягон ҳизб давраи раисӣ маҳдуд нашудааст: “Ойинномаи тамоми аҳзоби сиёсӣ барои давраи раҳбарият маҳдудият надоранд. Маҳдудият дар мавриди сол ё то анҷуман вуҷуд дорад. Вале чанд бор раҳбар интихоб шудани як шахс наомадааст. Агар маҳдудияти чанд бор интихоб шудани раҳбар дар ойинномаи ҲНИТ вуҷуд медошт ва мо онро тагйир карда, давраи сеюм раҳбар интихоб мешудем, ин суол мантиқ дошт. Вале мо ҳоло давраи дуюми раҳбарияти худро ба поён нарасонидаем.”

Вале, ба гуфтаи ӯ, бино ба қонунҳои Тоҷикистон раисиҷумҳур танҳо барои ду давра ҳаққи интихоб дорад, ки риоя накардани он хилофкорӣ хоҳад буд: “Мо таҷрибае дорем, ки демократ асту номи демократӣ дорад, вале баъдан қонунгузориро барои тамдиди салоҳиятҳояш тағйир медиҳад. Ин алакай ошкоро нишон медиҳад, ки ин ҷониб пойбанд ба арзишҳои демократӣ нест.”

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, то кунун се давра дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок карда, баранда шудааст. Қарор аст, ӯ моҳи ноябри соли ҷорӣ барои чорумин бор дар интихоботи президентӣ ширкат ҷӯяд.
Мӯҳр
Балее ачаб кори но чо аст ин сиесат. Ое мардуми точик метавонанд рузе бо ин рохбарони бемасъулият ба максадхои худ бирасанд ин савол хамеша пушида мемонад

Бародарони громи ва дустдорони сиесат ман хаминро гуфтаниам ки барои рохбари конун е ягон махдудият хам набошад метавони бо иродаи худ аз рохбари даст каши мисол ман бо Зоиров ва Мухиддин Кабири гуфтаниам ки аз рохи сулхомез наметавонед хокимиятро сохиб шавед мардумро ба гумрохи набареду фикри махдудиятро накарда бо иродаи худ аз раисиятон даст кашед... То як шахсиятхои тавонманд мувафак шуда хокимиятро сохиб шаванд.

шамс
Дар чумхурии мо одамони бачономада нестанд. Алхамдулилох хонаи мардум обод шуда истодааст. Ин баъзе гуруххои дар орзуи мансаб бекароранд, ки наметавонанд, токати дастовардхои давлатдории Чаноби Рахмон бубинанд.

Раҳгузар
Шунида будам, ки Сафар баъзе пукигариҳо дорад, вале ҳеҷ гумон намекардам, ки то ба ин дараҷа бошад.

Маъруфи Н
М. Кабири гуфтааст, ки "бино ба қонунҳои Тоҷикистон раисиҷумҳур танҳо барои ду давра ҳаққи интихоб дорад, ки риоя накардани он хилофкорӣ хоҳад буд"
Магар Кабири намедонад, ки мувофики иловахо (1999, 2003, бахусус дар иловаи соли 2003) ба сарконун, давраи Президенти ду маротибаи дигар боло бурда шуд?

Хайрият, ки Зоиров чавоб надодааст, вагарна боз ягон «билиберда»ро мешунидему тамоман хайрон мешудем. О будааст ку … Маҳдудият дар мавриди сол ё то анҷуман вуҷуд дорад…, як нотарсида дигар намешавам, гушамро гирифта тавба мекунам гуед? Ё нафари дигареро таърифкунон чотонба монед!
Ин хамма ойинномахои Шумоён чанобон калкаи КПСС мебошаду барои «вечно» буданатон сварка шудаги!! Вагарна бо ин хамма бенатичагиатон таи ин солхо бояд кайхо Шуморо ё рафиконатон озод мекарданд, ё худатон чуръат карда ИСТЕЪФО медодед.
Лекин Шумо партократиаатонро демократия номида гаштаеду боз дигаронро танкид мекунед!!

Озод Орзуев

сухани Сайфуллоҳ Сафаров дар мавриди иҷро нашyдани низоми димократи ва яке аз онҳо тағере раҳбарон бисхyсyс дар мавриди Ҳизби Наҳзати Исломи дуруст ва ба маврид аст. Дар ин ҳизб билхусус раҳбарон ноҳияҳо ва поинтар интисоби аз тарафи раҳбарони болои мебошанд ва ҳаргиз бо роҳи интихобот намеоянд. Хидмати шахс ба раҳбарони болои, лаганбардории бардавон ба раҳбарони болои ҳизб, кур курона тақиби гуфтаҳои раҳбарони болои дар ҳизб сабаб мешавад ки солҳо як шахс раҳбари гуруҳ бошад ва ҳаминхел ҳам астy мо ба чашми худ дидем. Имруз сабаби кам таваҷуҳии мардyм нисбати ин ҳизб ҳам ҳамин аст ки дар он ба кор ва фаолият ва ихлоси шахс ба Ислом ва муҷтама ҳеҷ дида намешад. Аз ҳизбе Зоҳиров хабаре надорам шояд дар мавриди Y ва ҳизбаш ҳам дуруст бошад. Дар мавриди ҳизби Сафаров гап нест вале сиёсат бад астy бояд Сафаров барои боқи мондан дар вазифааш ҳамин суханҳоро гуяд ки 10 соли дигар бояд давлати ҳозира дар сари қyдрат бошад. Бовар кунед зулм зулм аст дар Тоҷикистони мо, намедони аз пушти ки рави, ҳама тараф менигари нифоқ астy, дуруяги ҳасти, сиёсати дуруғ ва орзуи касби қyдрату ғасби моли мардyм.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)