Бахшҳо

Баҳси мухолифон ва тарафдорони Айнӣ дар пайи пешниҳоди Зоиров

Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои номгузорӣ шудани яке аз кӯча ё хиёбонҳои Эрон ба номи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Агар бархе аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ ва ҳимоят карда бошанд, нафарони зидди он низ кам нестанд.

Асрор, як корбари “Озодагон”, бо ирсоли номае ба унвони хабаргузорӣ, аз ин пешниҳоди Нарзихон Зоиров, мушовири фиристодаи Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ибрози норозигӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, “рафиқ Зоиров, ба устод Айнӣ аз будаш зиёд баҳо надиҳед. Дар ташкилшавии давлате бо номи Тоҷикистон пеш аз ҳама бояд аз фарзонамардони тоҷик - Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ном гирифт. Хидмати Айниро инчунин устод Лоҳутӣ низ дар адабиёт ба миллати тоҷик кардааст. Вақте Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар доираи сиёсӣ ба Сталин ва ВЦИК-и СССР нома менавиштанд, ин нафарони номгирифтаи Шумо куҷо буданд? Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” баъд аз 2 соли ташкилшавии Тоҷикистон, яъне аниқтараш дар соли 1926 рӯи чоп омадааст. Албатта, агар соли 1923 нашр мешуд, гуфтан имкон дошт, ки сабаби ташкилшавии Тоҷикистон ин китоб аст. Ба хидмати ҳар шахс бояд баҳои мунсифона ва воқеӣ дод."

Ин хонандаи мо дар идома навиштааст, "бовар дорам, агар Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз дигар минтақаҳо мебуданд, ҳайкалҳои тилоии онҳоро гузошта, аз онҳо на ҳамчун қаҳрамони 5 ва 6-уми Тоҷикистон, балки қаҳрамони рақами 1 ё 2 ном гирифта мешуд. Зеро онҳо тоҷики кӯҳистонианд ва дар ҷанги тоҷиккушӣ соли 1992 маҳз ҳамдиёрони ин барпокунандагони барҳаққи Тоҷикистон қатли ом гардиданд, аз ин рӯ қаҳрамондиҳии онҳо ба дарозо кашид. Ба назари ман, агар ин ду нафар барпокунандаи Тоҷикистон зинда мебуданд, ҳатман аз даҳшати ба мардуми диёр овардаи душманони миллат ба шигифт омада, аз кори кардаи худ сахт пушаймон мешуданд. Маҳз барои ташкили Тоҷикистон ва зарбаи сиёсӣ задан ба пантуркистон ин ду роҳбалади миллати тоҷик бо пешниҳоди пантуркистон соли 1937 кушта гардиданд.”

Дар ҳамин ҳол, корбари дигари “Озодагон” низ дар номаи фиристодаи худ ба мо аз пешниҳоди дипломати тоҷик ҷонибдорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, “Айнӣ дар як гӯшаи дунё барои зинда мондани забони форсии дарӣ ё худ ҳамин забони тоҷикӣ хидмат кард ва бояд ба ин хидматаш арҷ гузошт. Ҳадди ақал набояд таҳқир кард ё аз ӯ ба бадӣ ном гирифт. Чун ҳарду кори хубе нестанду гуноҳи худро доранд. Чӣ тавре бародарони мусулмони мо огаҳӣ бештаре доранд, бояд аз кибру ғурур ҳангоми қиёс ва баҳо додан ба масъалае каме бояд поин фурудомад. Бо гузашти вақт довари замон худ, ки беҳтарин довар аст, баҳо хоҳад дод, ки кӣ буду чӣ коре анҷом дода буд! Устод Айнӣ дар адабиёт ва шиносондани мардуми тоҷик хидматҳои шоёну назаррасе кардааст. Албатта, инро ҳама медонаду мункири он ғалат кардааст. Магар имрӯз дар ҷомеаи мо ба мисли қаҳрамонҳои китобҳои ӯ, аз ҷумла Одинаву Дохунда ва Ғулому сӯдхӯрон кам дида мешавад?”
Мӯҳр
Босмачи,
Вале тоҷикони Тоҷикистон на гап зада метавонанд, на нависта! "Ма ира да лубой ҷо да пеши сад сведетл метонум даказат кнм!" Ҳамин аст забони тоҷикии имрӯза?

Барои хидмати хар шахсро муайян кардан арзиши хидмат аст имруз Химдмати бузурги айни аз он иборат аст ки забони точиконро гуё кард чи рохбарошро чи халкашро хам нусратуллорову хам шириншорову хам имомрову хам дигаронро бузургонашро зинда кард муаррифи кард агар харфои Айни навишта намешуданду зери зарби чуби Амир мемурд нафари дигаре наметавонист ба мисли Айни бузургони миллати гумноми 1000 сол зери юги мангиту пешавлодош мондагонро начотбахш бошад.Кушиши арзиши хидмати чумхурии шурависохтагонро боло гузоштан аз хидмати Айни буи махалгарои дораду халос Агар Шоирону Нависандагон набошанд умуман аз хастии халку миллат на худаш на дигарон хабардор намешуданду намешаванд на махсуму на шириншову на сомониву на дигару дигарон шохони чахон хама аз ин миллат омаданду рафтанд аммо шоиронаш дар дилу забони халк монданд Асрор сухан дониста гуй ки кадри зар заргар бидонад кахрамонро халк ва торих муайян мекунад.Агар боз ту торихдону мутолиакор боши бхон созтар холи хаму махсуму ширинщора чоншонам хами Айни харида боша зеро бе пипри хирад ва пири кор он давр ба гумон и точикои рохбари ондавр кадаме мем ондла бошанд.Далелхои илми торихи мантики дар торихи халки мо зиеданд бузургии хар наФАРРО КАХРАМОНИШРО ТУЛИ 1000 СОЛ ИСБОТ НАМОЯНД.

Доманакухй
Чун дар кишлоки ман шахсияте мисли Айнии нобига наруидааст ва худо медонад ки пайдо мешавад ё не, пас ман бояд бахилй намоям? Мур, бахил!
Заъифтарин инсон бахил мешавад.

ин тоифаи маҳалгарои нобакор ҳатто устод Айниро инкор мекунанд.Вой бар ҳоли Шумо, ки бо чунин рафтори аблаҳона Тоҷикистонро ба торикистон табдил кардаед...Вой бар мо ,бо инҳоле ки Шумо доред,ва ҳанӯз бешармона Шимолу Ҷануб мегӯед,ба куҷо хоҳем рафт? Лаънат ба чаҳор суи бемаърифат! Мо дар таърихи миллате,ки худро тоҷик хонда бошад,ҳамсанги устод Айнӣ касеро надорем ва он афродеро,ки аз устод Айни боло мегузоред,ба ҳеч вақҳ қобили қиёс бо ин бузургмарди ҷаҳонӣ нестанд.Онҳо низ ҳар кудоме нозанинад,дар ҳадди хеш! Дила мекафад аз хондани чунин тавзеҳҳо ва ҳарфҳои зишт

Agar Nusratullo Maxsum onqadar ziddii panturkiston budaastu muboriza burda boshad, pas charo farzandoni u ba zaboni UZBEKI guftugu mekunand? Hol on ki shahrvandi Tojikistonandu dar Dushanbe zindagi mekunand. In ast xizmati buzurgi Nusratullo Maxsum dar nazdi millati tojik!!!!!!!
Az hamqishloqihoi Nusratullo Maxsum khohishmandam ki in payghomamro dar in jo hazf nakunand. Agar bovar nadored az naberaash ki hamsari yak mansabdori sobiq ast, xudaton bipursed. Agar inkor kard, hoziram daleli isbotkunandaashro ba "OZODAGON" peshkash namoyam.

фалгар
бародарон барои аввалан барои дагали бахшиш.намехостам аммо мачбурам!
Дар даврони шурави дар соли 1939 барои дар сурати Ленин ки дар журнал акс ефтаги буд ва дар корхонаи пахтатозакунии шахри Хучанд барои як чакра шамъ рехтан дар ин сура ба бухгалтери калони ин корхона 5 сол аз озоди махрум хукм шудаги буд.Ана инхел одами шоёни маъракаро хурмат мекарданд.
Сад дарег мо мардуми бо истилох "хамелион".агар мо хизмати Устодро надонем якинан шири модарамон дар харом аст.Бародарон бас аст дигар,бас,,,!биёед хамин махалчигиамонро партоем.ИЛТИМОС,сад ИЛТИМОС!!
Пеш дар даврони Шурави барои як макола як гапро дар ВАО навиштан чи кадар даву тоз.Аммо ба воситаи интернет хозир хар халафу нохалаф нашаста дар бораи касе чизе хоханд менависанд.
к,

БА фикри ман ба Устод ба мисли дигарон кахрамони халки точик додан хато аст.Ё ба усто ин унворо намедодан ё ин ки ба ин бузургвор як унвоне медоданд ки дар тахрих хамин як набарба бошад он хам бошад УСТОД САДДРИДДИН АЙНИ.

мухочир
ин бахсои шумо бефоида бе иктисодиет миллати моро ягон кас намешиносад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)