Бахшҳо

Шеъри "Инқилоб"-и Раҳнамо: “Гар тафаккур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?”

Нашрияи “Нигоҳ” дар шумораи тозаи худ чанд шеъри иҷтимоии сиёсатшинос Абдулло Ҳакими Раҳнаморо ба табъ расондааст, ки дар миёнашон таронаи “Инқилоб” низ ҳаст. Ин шеъри оқои Раҳнамо таблиғи худшиносӣ, ҳифзи Ватан, омӯзиш, парҳез аз додану гирифтани ришва, шинохти қадри вақту ҳалолкорист.

Абдулло Раҳнамо яке аз донишмандони шинохтаи улуми сиёсӣ ва коршиноси муносибати дину давлат мебошад. Ҳоло ин шеъри ӯ пешниҳоди Шумо карда, барояш дар эҷоди ашъори тоза барор мехоҳем.

ИНҚИЛОБ

Гар ба бонги бомдодӣ рахт барбандӣ зи хоб,
Гар расӣ то коргоҳат гарм ҳамчун офтоб,
Гар ту дорӣ тарҳи нобу фикри нобу ҳарфи ноб,
Гар туро пок аст хону хонаву молу ҳисоб,
Гар диҳӣ дар қитъаи худ пеши виҷдонат ҷавоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Гар бидонӣ қадри вақту гар шиносӣ қадри ёр,
Гар ба касби худ расӣ то зинаҳои ифтихор,
Гар набахшиву нагирӣ ришва дар иҷрои кор,
Гар ба илму фан намонӣ аз замони худ канор,
Дар бари фарзанд як соат нишинӣ бо китоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Наҳзати мо гар бувад як наҳзати созандагӣ,
Мазҳаби мо гар бувад парҳез аз паркандагӣ,
Фитрати мо гар бувад инкори фақру бандагӣ,
Бартар аз қавму маҳал дар сатҳи миллат зиндагӣ,
Гар ба ҷои тан кунӣ фикри Ватанро интихоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

То ғуломи нафсу муздури шикам бошем мо,
Дархӯри ҷабру сазовори ситам бошем мо,
Фахр набвад, ориёӣ ё аҷам бошем мо,
Фаҳш агар ин аст, маҳкуми адам бошем мо.
Гар ҷавонеро раҳо бахшем аз бангу шароб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Ёд дорӣ, “кӯдаке мегашт бо қуттии худ”?
Ин ҳикоят сарнавишти кӯдаки тоҷик шуд,
Ормони насли истиқлол ҳаргиз ин набуд,
Гар тафаккуур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?
Гар ба сӯи худшиносӣ рӯ кунад шайху шабоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Инқилоби Миср ҷаҳлу зулмро якбора кард,
Инқилоби Шом ними халқро овора кард,
“Инқилоби нарм”-и Гурҷистон Ватанро пора кард,
Инқилоби Украина мулкро бечора кард,
Меҳани мо гар амон монад аз ин мавҷи хароб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Инқилоби ҳар яки мо ростии кори мост,
Рӯшании фикри мову дидаи бедори мост,
Дасти поку қалби поку лафзи беозори мост,
Инқилоби ҳар яки мо нанги мову ори мост,
Ҳар яки мо гар ба кори хеш гардад комёб,
Пас ҳамин аст инқилоб!
Мӯҳр
Файзи Оли
Орзую омолу хохиши халки Чумхурии Точикистон, ки хокимияти конститутсионии мутлак дорад, дари манзума инъикос ёфтааст.
Кудратхохони сиёси ва иртичои ба ин талаботи мардуми шарифи мамлакат дастдарози накунанд.

Файзи Олї – Муњаррири ашъори Устод Хакими Рахнамо

88
Хамчу "Ин чй шурест, ки... мебинам" на дар хоб,
Аз субх то шом шавад майнаи ман хароб.
Пиру барно дод гуянд, аз бенизомй бо хитоб!
Хар кучое по нихам, Кох,ил бошад "бахтёб".
"Аз кучой?", "Ёри мой!". На-на, ту аз Чайёб!
Пас хамин аст Инкилоб!

бозор собир
шоирон мурданду ....

Салимчон,
бале устод Абдуллох шогирди Турачонзода хастанд ва хамфиру хамандеша хастанд!!! Ин устоду шогирд Ватану халкро дар хакикатхам дуст медоранд ва гам мехуранд!! Инхо мисли баьзехо дупагона нестан!!! инхо дар хакикат равшанфикри даврони хешанд ва зиндаву саломат бошем мебинем, ки рузе номи ин озодандешон вирди забонхо мегардаду номи хокзанхои миллат беобруву ГУМ мегардад!! Инро таьрих исбот хохад кард!!!

Ин шеърро Чаноби Оли хонанд, хурсанд мешаванд. Зеро ин шеър устувории хокимияти он касро, умуман давлатро таъмин мекунад. Агар мушовирон натарсанд ва ин шеърро расонанд, бисёр хуб мешавад. Агар касе шархи баръакс надихад, бисёр хуб мешавад.

Мухаррири шеърхо, ки Файзи Оли бошад, ин шеър ба манфиати миллату давлат аст. Зеро Файзи Оли одами бисёр наздик ба дойрахои хукумат, ба рохбарони боло мебошад. Аз тахрири Файзи Оли гузашта бошад, яъне ба манфиати давлат аст ва ОК аст.

Умедвор будам ки ҷаноби Раҳнамо дар баробари насиҳат кардани мардум, дар ин шеър, ки моҳияташ ба истилоҳи бародарони хуҷандӣ "қист карда шинед" аст, ҳадди ақал ягон насиҳате ба сарчашмаи ҳамаи эътирозҳо ва атрофиёнаш ҳам менамуд. Аммо дареғ, ки ин кас ба марҳилаи севуми хушомадгуйи расидаанд. Интизор бошед Раҳнамо скоро вазифа мегиранд! Хайр, чаро не, Аз Тураҷонзода умед нест, Зайд дар зиндон! Пас да здравствует РАХМОН! Браво Раҳнамо!

99
Ба Сино!
Бародар! Аввал ин,ки одам 100 шуда наметавонад. Дуввум ин,ки одам бояд ба ягон сомона бовар накунад ва одаме, ки назари худро менависад, 100 нест!!!

шоире дар асри 21 гуфтааст!!!
Газал:мисраи охар...

Дар замона нест кадри илму дониш Шохзамон,
Зиндаги гар бесамар бошад ба мо даркор нест!!!

سعدی
کی برای کودک تاجیک چنین وضعی نمود
ما نداریم هیچ امیدی برای بهبود
پیش چشم ما همه نابود گردید تار و پود
رهنمای قوم خلاف این برای ما نمود
پس همین است انقلاب؟؟؟؟
.....
!!!!!!!
البته شاید آزادگان این شعر من را نشر نکند. اما نوشتم برای خوانندگان.

Гариб
Офарин . хуб шеъри пур мазмун !!!

Кайхо боз ин хел шеърро нахонда будам. Шеъри точикро зинда кардед, бародар. Рахмат ба Абдуллохи Рахнамо ва ба мухаррири шеър Файзи Оли.
Росташро гуфтааст, ё шумо мехохед, ки Шуморо фиреб кунанд. Ин кадар сухани ростро хоидед. Хуб нест ин кор. эй танкидгарони ин шеъри хуб.

Довуд
Якум ин, ки Рахнамо "ЧИНОВНИК" нест чи тавре, ки дар боло як инсон кайд намуд. Маркази тадкикоти стратеги ин вазорат ё кумитаи назди хукумат нест.
Дуюм муаллим Рахнамо ба гайр аз кор дар МТС коранди илмии Академия мебошад.
Сеюм. Ба ман асархои илмии он кас бисертар маъкул аст
Чорум. Фикр мекунам шеър шеъри хуб аст.

Шеъри хуб, танҳо ҳамчун як шеър хуб. Ин ҳама орзуҳоро кӣ амалӣ мекунад? Дар ҳоле ки ҳамаи моро фасод ба коми худ кашидааст, аз омӯзгори мактаби миёна сар карда, то донишҷу ва вазиру кабир. Аҳамияти тарбиявии ин шеър дар Тоҷикистони имрӯза ягон аҳамият надорад. Ҳаёли хом! Орзуҳои пуч! Дар рӯи сӯхта - намакоб!

Эй Юусуфи Азиз
як бори дигар шеърро чукурррр хонда буроед.
Агар он чи дар ин Шеър гуфта шудааст, ичро кунем, Точикистон гулистон мешавад. Кишвари кавиро инсонхои кави месозанд, инсонхои заифу бесаводу танбал ки бошанд, сад хукумат иваз шавад, боз кишвар дар хамон хол аст. Хар байти ин шеър хуб аст. Афсус ки одамони эхсосии ба маънои он чукур намераванд, балки максад факат танкид аст. ТАНКИД. Ин амале ки мо дуцст медорем...

Ташналаб,
Эй Ташналаби азизу гиромӣ! Ман нагуфтаам, ки шеър бад аст. Як бори дигар шарҳро бихонед. Мушкил дар он аст, ки оё мардуми сад дар сад (бигзор 99 дар сад) фасодзада қодир аст, он орзуҳоро татбиқ бикунад? Биёед татбиқро ману шумою муаллиф оғоз бикунем! Дигарҳо идома бидиҳанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)