Бахшҳо

Зинда бод миллати бемору ғариб!

Файзинисо ВОҲИДОВА

Зиндагие ки имрӯз мардуми тоҷик дорад, таҳқири миллат мебошад. Шароите ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон таҳаммул мекунад, шояд аз бешаю биёбони Тайга тафовуте надошта бошад. Шояд ҷонсахттарин миллати рӯи дунё тоҷик бошад, ки дар як шабонарӯз бо се соат барқ - саҳару бегоҳ қаноат мекунад. Бо фурӯзонакҳои каммасрафи чинӣ, ки ҳеч равшанӣ ва нур надорад, ҳукумат шояд тасмим гирифтааст, миллатро куру нобино кунад. Дар 23 сол ин миллати азияткашида кару гунг буд, чун ситоиши сунъии лаганбардоронро намешуниду аз камбудии масъулин эрод намегирифт. Чун ин амалу рафтори мардум ба ҳукуматиҳо писанд омад, акнун вақти он расидааст, миллат нобино бошаду аз зулму ситами иҷтимоӣ лаб накушояд!

Аз дуди ғализи шамъи чинӣ мардум касалу дардманд, дар кӯчаю бозор, нақлиёти ҷамъиятӣ ҳама месулфад. Аз дуду бӯи ангишт мардум дарди сар, фишори хун баланд, бемори қалб... Заҳролудшавии одамон аз дуди ангишт, фавти шаҳрвандон ва ин ҳама дар қарни 21. Чанд сол қабл вақте ки ба фурӯзонакҳои каммасраф гузаштем, ҳукумат ваъда дод нерӯи барқ сарфа шуда, лимит сабуктар мегардад. Аммо бо гузашти чанд сол шоҳиди он гардидем, ки ҳеч беҳбудии назаррасе дар ин самт нест. Имсол лимити барқ дар вилояти Суғд аз моҳи сентябр оғоз гардида, як ҳафта мешавад, дар шаҳрҳои марказӣ низ ҷорӣ шудааст. Чунин маҳдудият шояд қабл аз ин набуд. Ҳатто дар беморхонаҳои ҷамоатҳо рӯзона пурра нерӯи барқ қатъ мегардад. Ман ин ҳамаро таҳаммул мекардам, агар дар хонаҳои раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят низ баробари мардуми оддӣ лимит вуҷуд медошт.

Абдураҳмон Қодирӣ баробари таъин шуданаш ба симмати раиси вилоят аввалин коре, ки кард роҳи хонаашро аз шаҳр то ҷамоат мумфарш намуд ва мутмаинам дар ҳавлиаш шояд шабона на камтар аз 150 адад фурӯзонак рушан бошад. Ӯ ҳамчун инсон қабл аз ҳама барои худ ва аҳли байташ шароити иҷтимоии беҳтар дуруст кард. Пас, мардуми вилоят инсон нестанд? Ё мо бачаҳои ҷайра ҳуқуқ ба рӯзгори обод надорем? Барои як каф хоки Камоли Хуҷандӣ бо сарфи маблағи ҳангуфти давлат ба Эрон рафт. Оё имкон надошт, ки дар фасли зимистон бо ин маблағ каме ҳам бошад, шароити иҷтимоии сокинони вилоятро беҳтар созад? Як каф хоки Камол заруртар аз ҷони чандин инсон аст, ки аз дуди ғализи ангишт мемиранд? Аз Камол-ку шояд устухон ҳам боқӣ намонда бошад, аммо хубтар нест, ки ба зиндаҳо ғамхорӣ шавад? Дар замонаш Камоли бузургро дар дарбори давлати тоҷикон азият карданду аз Ватан ронданд ва дар ҳичрат “во ғарибӣ, во ғарибӣ” гуён ҷон дод, имрӯз як каф хоки қабристони Камол ӯро зинда мекунад ё зулму ситами нисбат ба ӯ раво дидаро ҷуброн месозад? Ё мо миллате мебошем, ки танҳо баъди ҷабру ситам ва мурдан аз мо ёд мекунанд? Имрӯз ҳоли ин миллати кару гунг, куру нобино, бемору беҳуқуқ аз Камол бадтар аст.

Маълум аст, ки тоҷик ҷонсахттарин миллати рӯи олам мебошад, аммо чиновникҳои ҳукуматӣ боре ҳам фикр карда бошанд, ки ин ҳама оқибат миллатро ба нестӣ мебарад? Мисли Камол дар ғарибӣ мемирему Ватанро ба ихтиёри чиновникҳои бевиҷдону беимон мегузорем. Зиҳӣ миллати тоҷик, миллати бемор, миллати нобино, миллати ҳайрону сарсон, миллати ғариб!


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ахсан сад дар сад ташакури зиёд, ки хакикатро гуфтаед агар ин мардуми кару гунг мисли шумо бошадку вале афсус... Лекин он шахсе, ки ном бо Tojik баромад карда ин суханро гуфтас у буз хаст ё лагандбардори чиновнико мебошад. Номарди калон хаст гуем хато намекунем... Зинда бод апаи Файзинисо ё Умарали ё Додочон гаме бошад хам хакикатро рушан карда истодаетон... Аммо Лоики безавол пеш аз фавташ гуфта буд,ки Точикистон хамеша мемонад торикистон гар сад Нораку Рогун бисозад...... Ахсан бори дигар апаи мехрубон агар ракамхои тел шуморо медонистам бо як пиёла чой даъват намуда каме сухбат мекардем ман хеле хуш мешудам...

Зинда Бош, зани шучоатманд, ки дарди дили беш аз 7 миллион нафарро руи когаз оварди.

ОФАРИН АНА ХАМИН ХЕЛ ЗАНХО ЗИЁД БОШАД ВАТАН ОБОД МЕШАВАД ЗЕРО ИН ХУМАТ ФАКАТ ВАЪДАИ ДУРУГ МЕДИХАДУ ХАЛОС ОХИР БА 1 ЧАХОН ТАШАККУР ТО БА КАЙ МАРДУМРО ФИРЕБ МЕДИХЕМ ЗИНДА БОД ЗАНИ МАРДОНАВОРИ ТОЧИК

100 % дуруст.
Дигар илова лозим нест!

Эй марг биё, ки зиндагӣ моро кушт!!!

ман нияти мулозиза навиштан надоштам вале баъд аз хондани ин макола
ва чуръати ин апаи ФАЙЗИНИСО худамро мадюни он кас шуморида навиштам.
ин шахс дарди дили тамоми сокинони точикистонро баён намуд офарин.
ин хел давом додани холати точикистон боз ба нооромихо бурда мерасонад ин аник аст.

Ҳофиз
Суханҳои муаллимаи бузург сад дар сад вокеият доранд, беадолати ба авҷи аълояш расидааст.
Ба акаи Кодири
Пас, аз вафот турбати мо аз замин маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост!

Озод
Ман пеши ин модар, ин хохари азиз сари таъзим фуруд меорам, танхо дар чунин холатхо каме сарафрози мекунам, ки агар имруз аз мо мардон тавони талоше намондаву гайрату озодихохи моро тарк карда бошад хам модарону хохарони мо хануз ин кудратро доранд.

Рустам
Апаи Файзинисо! Вы от безделья не знаете себя куда девать. И как это власти никак не доберутся до вас до вашего диплома и до ващей истинной автобиографии. Прежде всего приведите себя в порядок в полном смысле этого слова а потом критикуйте и выступайте. Просто люди не знают вас что вы за человек и одобряют вас. Как вам не стыдно-ЮРИСТ БЕЗ ДИПЛОМА И........

Илохо хеч каса кораш ба ин зан нафарояд! Барои пул очаша мефурушад.

Илохо хеч каса кораш ба ин зан нафарояд! Барои пул очаша мефурушад.

Рустам, это ты бездельник! Ее критикуеш, защищаешь хукумат но фактически деятельность хукумата и своего отца Кодири ставишь под сомнения. Если она юрист без диплома, тогда это не хукумат, а проходной двор, что любой может без диплома работать. Советуешь разобраться с ней? Один раз уже 10 лет назад с ней разбирались и что? Ты и твои дружки только опозорили себя!

Рустам если у тебя есть совесть честно скажи, человеческая жизнь дороже чем горсток грунта из могилы Камола? Если у тебя есть сердце скажи честно тебе не жалко тех людей, которые ежедневно погибают от угара? У тебя дома буржуйка или сандал? У меня сандали, который греет только ноги для буржуйки нет денег чтобы купить уголь. Ты бы хоть один день пожил бы при таких условиях? Наверно живешь в конюшне Кодири, гдеусловия жизни лучше чем у людей.

Саид
Рустам,
Ту худро ба ки фурухта, ки бар ин зан дарафтоди, Ба шумо он кас ки аз озоди ва аз худшиноси харф мезанад маъкул нест.
Ин гулом ибни гулом ибни гулом,
Хуррият андешаи уро харом.

Имруз ду зани тавонои точик барои озодиимардум гаюрона талош доранд, ки яке апаи Файзинисо ва дигари Галати Баротова. Офарини модарони точик, инхоро хамагон бояд дастгири кунем.

Коил карди апачон чигари гапа гуфти ягон духтар надори гирумша лекин мисли худад бошад
amiremritjk@gmail.com
amiremritjk@mail.ru

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)