Бахшҳо
19 ноя 2014 10:37Тоҷикистон / Сиёсат

Қодирӣ дар Табрез: Бурдани хоки Камол ба Хуҷанд супориши президент аст!

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд шоми рўзи сешанбеи 18-уми ноябр ба оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Табрез ташриф оварда, дар маросими турбатбардорӣ аз мақбараи ин шоири бузург иштирок намудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилоят дар робита ба ин ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, Абдураҳмон Қодирӣ зимни сўҳбат бо масъулини эронӣ дар мақбара баён доштааст, ки «Камоли Хуҷандӣ аз шоирони бузурги Тоҷикистон буда, бахше аз умри худро дар Табрез гузаронидаву дар ҳамин шаҳр вафот кардааст ва иқдоми бунёди мақбараи Камол дар зодгоҳаш ҷиҳати арҷ ниҳодан ба ҷойгоҳи ин шоири бузург сурат мегирад».

Ҳамчунин, Абдураҳмон Қодирӣ изҳор доштааст, ки тарҳи интиқоли хоки мақбараи Камоли Хуҷандӣ ба Тоҷикистон бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Бино ба иттилои манбаъ, феълан дар шаҳри Хуҷанд, дар боғе, ки 7 гектар масоҳат дорад, мақбараи Камоли Хуҷандӣ бунёд ёфта истодааст.

Ҳамзамон, раиси вилоят аз таҷлили Наврўзи байналмилалии соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд ёдовар шуда, изҳор доштааст, ки мақбараи бунёдшаванда дар соли 2015 бо ҳузури Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Манбаъ афзуд, ки Абдураҳмон Қодирӣ аз ҳамкориҳои масъулон ва мардуми Эрон ҷиҳати пиёдасозии ин ҳадаф изҳори ташаккур карда, аз миллати Эрон даъват намудааст, то дар таҷлили Наврўзи соли 2015 дар Тоҷикистон ширкат варзанд.
Мӯҳр
самад
Дигар кор нестми раисбобо факат худнишондихи

Во ғарибо.....
одам, ки пир шуд, хангомачу мешавад, бе нагмахои ту боин раисам Камоли Хучанди садсолахост, ки дар дилу дар дидаи миллати точик накш баста аст, бехтараш ашъори шоирро омузед, таргиб кунед, аз хоку мок ягон фоидае нест. Между прочим шахри Хучандба дар асри 21 барк нест гуед, раиси мо хок кофта гаштиян.

4654
.....изҳор доштааст, ки мақбараи бунёдшаванда дар соли 2015 бо ҳузури Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Ин чумла ё бемаъност ё маънои пушида дорад??????
умуман арвохи Хоча Камолро безобита кардан чандон кори хуб нест.

бе барк
Сер чи парвои грусна дорад 7 район вилояти сугд 24 шуд барк
надорад шумо раисо хок бозикарда гардед мисли кудако!
Бехтараш пеши узбекистон мерафти камтар зора мекрди шояд барк медод. Камтар

Ситора
Мухтарам Рамс Шумо дигар кор надоред Мурдахо кати сару кор доред Бий акнун мурдахоро ба холи худашон монед аз кафои зиндахо гардед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)