Бахшҳо

Посухи шадиди Академия ба “мулло-вакилон”-у “қарсак-вакилон”

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба интиқоди парлумон аз кори олимони тоҷик посух гуфтааст. Дар посухи Академия, ки дар рӯзномаи “Минбари халқ” нашр гардид, омадааст, ҳуҷуми "мулло-вакилон" ва бетарафии "қарсак-вакилон" ба Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улум ба ҳамагон аз он хабар дод, ки касе аз вакилон дар фикри пешрафти илм нест.

Академия зикр мекунад, Фарҳод Раҳимӣ рӯзи 14 январ ба палатаи поёнии парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника"-ро муаррифӣ кард, ки боиси баҳсҳо миёни вакилон бо президенти академия гардид: "Дар вақти баррасии қонун вакили парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз мушаххас шудани фаъолияти олимон, сухан карда, илова намудааст, ки: "… вақтҳои охир олимон ба ҷои ихтироъ ва корҳои илмӣ, ба масоили сиёсӣ даст мезананд". Кабирӣ ҳамчун олим ва номзади илм намедонад, ки сиёсат ҳам илми мустақил буда, аз рӯи тақсимот ба гурӯҳи илмҳои гумнитарӣ шомил мегардад. Ин олим - рӯҳонӣ, ноогоҳона ва муғризона олимони Фарҳангистони улумро ба даст доштан дар корҳои сиёсӣ муттаҳам карда, шаъну шарафи эшонро бо надоштани кашфиёту ихтироот паст задааст. Аз ин гуфтаи Кабирӣ бармеояд, ки ӯ аслан аз дастовардҳои олимони тоҷик хабар надорад ва ҳамчун намояндаи мардумӣ дар Парлумон билкул маҷаллаю паёмҳои илмиро мутолиа наменамояд. Кабирӣ ҳамчун номзади илм то ба ҳол фарқияти байни илмҳои дақиқ ва гуманитариро намедонад, ки илмҳои гуманитарӣ арзишҳои инсонсолорӣ ва мардумӣ меофаранд, на мисли улуми дақиқ кашфиёти физикию химиявӣ ва техникию технологӣ. Вой бар ҳоли чунин тафаккуре, ки байни бунёдӣ ва башарӣ тафриқа гузошта наметавонад. Магар қонуни нав ба тавсиб расонидан кашфиёти илмҳои гуманитарӣ (сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фалсафӣ) нест? Фарзи мисол, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун натиҷаи пажӯҳиш ва омӯзиши илмҳои иҷтимоӣ - гуманитарӣ буда, ҳамзамон дар кишвар заминаи ҳуқуқофарӣ ба ҳисоб меравад. Агар Шумо низ чунин қазоват мекунед вой бар ҳоли илм ва олиме, ки ҳамчун намояндаи мардумӣ фаъолият мекунад.

Илова бар ин, Кабирӣ қайд менамояд, ки: "олимон дар утоқҳо нишаста, аз буҷаи давлат маош мегиранду ба масоили сиёсӣ даст мезананд". Худи ӯ тӯли 10 сол аст, ки дар курсии гарму нарми парлумонӣ нишаста, барои пешрафти кишвар ҳеҷ коре накардааст. Кабирӣ ҳамчун вакили Парлумон зимни сафари кориаш ба шаҳри Москва (30.11.2014) бояд аз сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон пуштубонӣ мекард, ки ба ӯ имкони хуби зиндагию фаъолияти сиёсӣ додааст. На баръакс, ки ба кишварҳои хориҷа сафар карда, миёни фарзандони тоҷик ҷудохоҳию тафриқаандозӣ намуда, шаъну шарафи олимонро паст занаду эътибори илмро паст намояд. Агар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ илм пеш нарафту олимон ҳеҷ ихтирое накарданд, чаро Кабирӣ ва наҳзатиёнаш аз кашфиёту дастовардҳои худ хабар надоданд? Ин даъвои кӯр-кӯронаи Кабирӣ дар ҳолест, ки мардум беш аз 1300 сол аст, ки даст ба сӯи осмонҳо доранду ҳеҷ нест, ки аз осмонҳо ноқилу микросхема, комютеру робот, мошину таҷҳизот ва дигар асбобу лавозимоти барои зиндагии инсон зарурӣ резад. Ба самъи Кабирӣ расониданием, ки тамоми дастовардҳое, ки Шумо ва пайравонатон истифода мебаред, ҳамааш маҳсули дастранҷи инсонҳои заминианд, на аз авлиёву анбиёи илоҳии пиндоштаатон. Чизи дигаре, ки ин ҷо ба самъи Кабирӣ расонидан мехоҳем ин аст, ки дар Аврупо ба толибилмон ҳам оид ба кванту фотон, кварку лейптон, КРН-у КДН, АТФ-у АДФ, валенту реаксия, истихроҷи маъдану ККФ, биомассаю энергияи офтобӣ, нанотехология электродинамикаи квантӣ ва ғайра ҳарф мезананду дар мо бошад, то ҳол кулухро ба фалон дастат гир, бо фулон даст таҳорат кун, бо фалон поят аз дари ҳоҷатхона даро ва дигар андешаҳои музахрафотии асри 7 сухан меронанд.

Агар сухан сари обрӯ ва шаъну шарафи олим равад, ҳама мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки солҳои 90-уми асри гузашта маҳз намояндагону пайравони ҲНИТ чи гуна амалҳои ноҷавонмардонаро нисбати ин қишри ҷомеа раво медиданд ва ҳатто Академияи улуми кишварро Маркази куфр хонда буданд. Он солҳо чаро пешвоёни «ҳизби Худо» аз илм ва олимон дифоъ накарданд ва баръакс, онҳоро сангсор карданду фатвои маргашонро хонданд? Имрӯзҳо бошад, дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ маҳз табақаи рӯҳониён ба шаъну шарафи мактабу муаллим латма ворид менамоянд, на донишмандону фарҳангиён. Барои мисол, дар ноҳияи Вахш як узви ҲНИТ хонаи муаллимро оташ заду роҳбарияти ҳизб қулф ба гӯш зада, чашм пӯшиданд, гӯё чизеро нашудаанд ва надидаанд. Ин гуна ҳодисаҳо ба фарди худогоҳу худшинос на дар ҳафтаю моҳ, балки ҳар сонияю дақиқа рух медиҳад. Ин амалҳо ба он хотир анҷом дода мешаванд, ки арабпарастону биёбондӯстон мардуми бедору худогоҳро аз аслу насаби хеш дур намоянд. Лекин Кабирӣ ҳамаи ин ҳаводиси нангинро нодида гирифта, барои худро аз ин варта раҳонидан пайт ҷуста, касеро гунаҳкор кардан мехоҳад. То ин муддат аз ягон нафар аз ягон ҳизби сиёсӣ нисбат ба Академияи илмҳо ҳарфе нагуфт. Бояд қайд кард, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 оғоз карда, кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ бо навиштани мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва гузоришу баромадҳо ба воситаи радиову телевизион мавқеи ишғолнамудаи рӯҳониёну наҳзатиёнро танг карданд. Чун Кабирӣ, Тураҷонзодаҳо ва чанд тан аз ҳамрадифонашон фазои иттилоотии кишварро барои худ танг дида, якбора ба таҳқиру бадном ва такфир эълон намудани кормандони Марказ рӯй оварданд. Ин усули истифоданамудаи Кабирӣ дар сиёсатшиносӣ остракизм ном дошта, ӯ мехоҳад бо роҳи бадномнамоӣ эшонро дар назди давлату миллат гунаҳкор намояд, зеро рӯҳониён дар истифодаи методи остракизм таҷрибаи 1300 -сола доранд.

Кабирӣ барои чунин сухан гуфтан, ислоҳро аввал аз худ ва баъд аз пайравонаш оғоз намояд.

Илова бар ин, дар Парлумони Тоҷикистон беш аз 5 доктор ва 10 номзади илм фаъолият менамоянд, ки аз миёнашон 2 академики АИ ҶТ низ ҳастанд. Вале, мутаассифона, аз рафти ин баҳс аён гардид, ки аз доктору номзадҳои парлумонӣ сар карда то одитарин вакили он дар фикри пешрафти илм нест. Агар нафаре дар Парлумон ҷонибдори пешрафти илму техника мебуд, он гоҳ пешниҳоди Фарҳод Раҳимиро дастгирӣ менамуд. Дар шароити имрӯза метавон гуфт, ки вакилон пурра аз мардум ҷудо гардидаанд ва ягон вакил аз вазъи мактабу маорифи ҳавзаи интихобшудааш ба таври амиқ огаҳӣ надорад. Маҳз ҳамин тарзӣ корбарӣ ва фаъолияти эшон боис гардидааст, ки касе додраси мактабу маориф ва омӯзгору тарбиятгар нест. Бо вуҷуди ин ҳама камбудию норасоӣ ва мушкилот боз як нафар ҳомии илму маорифи тоҷик - Фарҳод Раҳимиро дар парлумон муҳокима менамоянд, ки ин амал дар худ ҳеҷ мантиқе надорад. Ин рафтор, яъне ҳуҷуми «мулло-вакилон» ва бетарафии «қарсак-вакилон» ба Раҳимӣ ба ҳамагон аз он хабар дод, ки касе дар фикри пешрафти илм нест.

Дар мавриди раванду ҷараёнҳои муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, Фарҳод Раҳимӣ хеле дақиқкорона фармудааст, ки: «олимон вазифа доранд, равандҳои сиёсиро омӯзанд ва таҳлил кунанд ва ба мардум хулосаҳои дуруст пешниҳод намоянд». Дар робита бо мавқеи Президенти АИ ҶТ намояндагони мардумӣ дар сатҳи касбияти худ аз вазифа ва усулҳои омӯзиш ва пажӯҳиши илмҳои иҷтимоӣ - гуманитарӣ огоҳии кофӣ надоранд. Дар ҳамин партав ҷаҳонбинии дунявӣ доштани онҳо ҳам зери суол рафт. Раҳимӣ зимни суханронии худ, аз дастоварҳои илмии кормандони Академия сухан карда, қайд намуд, ки: «Дар соли гузашта 12 патенти ихтирооти нав ба қайд гирифта шуда, ба саноатчиёни кишвар 30 пешниҳоди мушаххас оид ба ворид кардани тағйирот ва таҳаввулот ба дастгоҳҳои истеҳсолкунанда ироа шудааст. Дар соли 2014 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ Академия маблағҳои ғайрибуҷетӣ дарёфт кард».
Кормандони Академия 1 285 мақолаи илмӣ, яъне ҳар рӯз академия 4 мақола ба табъ мерасонд ва дар се рӯз як моногрофияи илмӣ ба таъ расонидаанд, яъне бо боварии том метавон гуфт, ки дастовардҳои Академия нисбат ба солҳои қабл хеле самарабахштаранд.

Ҳамин тариқ, дар шароити имрӯза нерӯи илмии кишвар дар 87 муассисаи илмӣ, аз ҷумла дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ муттаҳид шудааст, вале то ҳол ҳамгироии самараноки илми академӣ ва донишгоҳӣ дар мамлакат мушоҳида намешавад. Пас аз қабули қонуни мазкур, умедворем, ки илми тоҷик ба таври бемайлон рушд хоҳад ёфт ва Парлумони мо нисбат ба илм ҳушёру чолок хоҳад шуд".
Мӯҳр
ТОЧИК
ПЕШНИХОД МЕНАМОЯМ, КИ ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМХО БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯ ВА МУХИДДИН КАБИРИ ЯК СЕМИНАРИ КУШОД ТАШКИЛ ШАВАД ВА БИГУЗОР ДАР БАХСИ ОЗОД ОНХО ФИКРХОИ ХУДРО ГУЯНД ДАР ОН ВАКТ КИ ХАК АСТУ КИ НОХАК МАЪЛУМ МЕШАВАД. АЗ МУХИДДИН КАБИРИ ХОХИШ МЕНАМОЕМ, КИ БАРГУЗОРИИ ЧУНИН СЕМИНАРИ КУШОДРО ТАЛАБ НАМОЯД АГАР КАСЕ РАД РАД НАМОЯД ПАС ОН ПЕШ АЗ МУХЛАТ БАХСРО БОХТА ХИСОБ МЕШАВАД.

Точикак
Шахсан ман хам аз дастовардхои олимони точик хабаре надорам. магар, ки дар илми видеомонтажу байраксози! Э шарм аст, дар Аврупо кварку фотону бозон меомузанду бачахои мо китоб хонда наметаваонанд, пас ин айби кист охир, магар муллохо?

точик
вакте ки беъзе аз ин академикхо чонибдори аз шарли эбдомекунанд дигар хочати гап нест

Шуруъ аз гуфтахои боло дар холест,ки депутатхои порлумон холо хам аз курсихо умеду орзу доранд.Барои онхо як чиз аз хама пеш макбулас "шаходатномаи депутати" на дигар.пас биёед казоват кунед,Кабири ба худтаърифкуни депутатхои дигар аз чаноб гуи вале гами илмро ки мехурдв бошад? Фарод Рахимов муаллими мухтарам аз хамун байтхои Ибни Сино вокиф бошед "Бо ин ду се нодон.....".Хама ба талоши курсии депутати.Биёед ба гуфтахои Раиси Чумхур пайрави кунем.Аз гуфтан Шиками мардум сер намешавад.
1) Модели идораи иктисодии ва ичтимоии давлатро созем илман асоснок намуда.
2) Ба сохтори идоракунии бонк ва бонкдори тагиротити кулли чори намуда тамоми корхонаю ширкатхоро ба системаи ягонаи хисобаробаркуни табдил дихем

3)Тагирот ба кодекси андози ЧТ, ки ба ягон системаи бозоргони рост намеояд аз нав созем,ки хар сол ягон конуни нав инкишофи кормандони андоз аз пеши худ чори накунанд.

Ба вазорати молияи ЧТ озодии пурра дода шавад,ки бо чалби муттахасисони дохил ва хорич буччаи Чумхуриро бо таври реали пешниход намоянд.

Депутат он шахсе нест,ки баъди ба курсии депутат нишастан халкро фаромуш кунанд.Балки ботамом аз ахволи халк аз ахволи интихобкунандагон бояд бохабар боша ва наи ин ки ба фарзанду хешу табораш хона созад ва вазфа таксим кунад.

Ба худо касам аз ин тахкиру маломати якдигар ба хеччое намерасед ва чуз зарар намебинед биёед аз бадгуи даст кашед бовар надоштам ки аз як кишвареки бо икрори худи раис ва сарвари он 99% и он мусалмон хаст ингуна тахкир нисбати авлиёиву дустони вокеии парвардигор ва олимону донишмандон сурат бигирад дар холе ки аксари касоне ки дар орган ва курсихои гарми давлати ншастаанд ба шахсиятхоеки номбар шуд эхтироми зиёд коиланд ман аз номи У Кабири инро гуфтаниям ки ХНИТ дар ихтиёри хеш ягон корхона ва ташкилот надорад ва низ ба у ичоза дода намешаад ки мутахасис таёр кунад кор кушояд олим таёр кунад ихтирь кунад ин имкониятхо баро у махдуд мебошанд то хол бо далелхои катьи исбот нашудааст ки ХНИТ ягон касро ба чанг равон карда бошад ё ьалайи касе шуронда бошад ХНИТ хизби худо хаст худо хохад иншо Аллох рузе голиб мешавад ва душманонаш шарманда ва ру сиё мешаванд

Олимчон
Зй олимони беамал Кабири хама чизро дарк карда баъд сухан ммегуяд агапр оим бошед ба илм сару кор гиред р э

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)