Бахшҳо

Вокуниши тунди Шабдолов: Президент, ҳар чӣ ҳоҳад кардан гирад...(ВИДЕО)

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шарҳи натиҷаи интихоботи парлумонии якуми март, гуфт, "ин интихобот нест, он як фарс, як таъинот аст, ки бо супориши зимомдорон анҷом ёфт".

Раиси коммунистҳо, ки ҳизбаш бо 2,3 дарсади овозҳо ба парлумон роҳ наёфт, натиҷаҳоро супоришӣ унвон карда, афзуд, дар мулоқотҳои пешазинтихоботияш аз намояндаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ шунид, ки тибқи супоришҳо коммунистҳо бояд 2 фоиз овоз гиранд: “Мо бо Шермуҳаммади Шоҳиён ин масъаларо ба миён гузоштем ва гуфтем, агар ҳузури мо дар парлумон лозим набошад, мо иштирок намекунем ва интихобкунандаҳои худро низ саргардон намесозем. Аммо ӯ гуфт, ки иштирок кунед. Аммо то ин дараҷа дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон набудааст. 24 сол мо барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар паҳлуи Президент кор кардем. Ин чӣ хел шудааст, Ҳизби аграрӣ, ки дирӯз ташкил шуд, овози зиёд гирифту мо ду фоиз?”.

Ба гуфтаи Шабдолов Ҳизби аграрӣ, ки дар парлумони нави кишвар 3 мандат гирифтааст, давоми ҲХДТ аст, ки бо супориши Президент таъсис ёфтааст: “Инҳо ҳамааш як қанотанд, аммо шумо дар куҷо дидед, ки парранда бо як қанот парвоз кунад? Ҳукумати мо мехоҳад, парламент бо як қанот парвоз кунад. Марҳамат!”

Дар мавриди вокуниш ба натиҷаи интихобот Шабдолов изҳор дошт, ҳеч ҳамоиши эътирозиро ташкил карданӣ нестанд: “Ба кӣ шикоят кунем, ба прокуратура, КМИР, ба кӣ? Ҳамааш дар дасти як ҳизб аст, ки роҳбарии онро Президент ба уҳда дорад. Ҳеч ҳамоиши эътирозие намекунем, аммо оқибати ин интихобот хуб намешавад. Намедонам ба Президент кӣ инро маслиҳат додааст, аммо одам бояд натиҷаи корашро фикр кунад”.

Шабдолов илова намуд, маъракае, ки якуми март дар кишвар баргузор шуд, интихобот нест, балки таъинот аст: “Ман эътироз мекунам. Президент ҳар чӣ коре мекунад, кардан гирад. Мебанданд моро ҳар чӣ хоҳанд кардан гиранд...”

Шабдолов таъкид намуд, шахсан он қадар хоҳиши вуруд ба парлумони навро надошт, чун шаш бор ба парлумони Тоҷикистон интихоб шудааст: “6 дафъа вакил шудаам, мумкин аз ҳузури ман безор шуданд, дар парламент. Аммо мо даҳҳо қонунро қабул кардем, аммо аҳзобе, ки чанд баробар аз мо зиёд мегирифтанд, чӣ кор кардаанд”.

Шабдолов муътақид аст, агар интихобот шаффоф баргузор мешуд, ҲКТ дар бисёре аз минтақаҳои ҷумуҳурӣ ҷойи якумро мегирифт.



ВИДЕОИ вокуниши Шабдолов ба натиҷаи интихобот дар BAMBUSER

Мӯҳр
СУЛАЙМОН
Бобои Шабдолов! Шумо хеле хизмат кардед, давлат ва миллат аз Шумо миннатдор. Биёед дигар вориди сахнаи сиёсат нашавед, чунки синнатон хам ба чое расида, саёхат карда, гардед. Вактатона сарфаи дигар корхо намоед.

Чавонмарди хатлони
Бобои Шоди хамрохи муовинатон акаи Исмоил шуморо вакти масчиду чоихонарави шудааст. Бас аст хамин гапхои зиёдати дигар аз дастатон хеч коре намеояд.

сабаби чоп накарданатон дар чист?

КОМСОМОЛ
Офарин Шабодолов Ш. - коммунисти хакики, аз ангуштшумор нафароне, ки дар ин "даври камар" борои адлу адолат овоз баланд мекнуни. Бояд то охир мубориза бурд

мардикор
рост гуфтед бобойи шоди инхо манаполя карда гирифтаги хамаи точикистонро

абубакр
ВАЛИЗОДА, Бале Вализода дуруст кайд кардед.ки Шабдолов дар шаш мавсим ба мардум бехбуди накард вале ХХДТ дар муддати ин солхо чунин хизмат ба халк кардааст,ки бехбуди дар хама соха ба назар мерасад.Офарин ба ХХДТ.ки дар сари тамоми вазорату нохияхо мебошанд ва шумораи мухочиринро зиед карданд,шахрро бе барк монданд,корхонахоро нест карданд,одамони босаводро дигарро ба махбас мебаранд,вазифаи давлати моликияти шахси шуд,точик ба миллати пасттарин табдил ефт ва .г.х.Ин хизматхоро хам ба назар гир ВАЛИЗОДА

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)