Бахшҳо

Исломшиносони назди Президент: Ислом ягон шакли стандартии либосро таъин накардааст

Нусратулло Зокиров, сардори шӯъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон ва Шарофиддин Фозилов, мутахассиси пешбари шӯъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломии ин марказ бо нашри як матлаб гуфтаанд, шариати исломӣ ягон шакли муайяни либоси диниро барои ҳамаи мусалмонҳо таъин накардааст. Онҳо иддао доранд, либоси сиёҳ ва сатри арабӣ, ки мероси анъанаҳои замони ҷоҳилияти араб буд ба шароити ҷуғрофии Арабистон мувофиқ аст, аммо дар Тоҷикистон шароит дигар асту либоси миллии мо низ ҳеч мухолифате бо шариати Ислом надорад. “Озодагон” матлаби Зокиров ва Фозиловро бетағйир пешкаши хонандагон мекунад:

Раванди ҷаҳонишавӣ мушкилотеро дар назди ҷомеаҳо ба миён мегузорад, ки муносибати афроди ҷомеаро ба ҷаҳон ва олами атроф норавшан месозад ва коркарди низоми дурусти муносибатҳо амри воқеӣ мегардад. Махсусан ҳамзистии пайравони дину мазҳабҳои мухталиф фарҳанги таҳаммулпазириро талаб менамояд. Бино ба далелҳои оморӣ имрўз дар кураи замин 7 миллиард одамон зиндагӣ мекунанд, ки 19 дар сади онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд.

Албатта, яке аз аломатҳои зоҳирие, ки мусулмононро аз пайравони дигар дину оинҳо фарқ мекунад, ин сарулибос мебошад. Шариати исломӣ бевосита ягон шакли муайян ва стандартии либоси диниро барои ҳамаи мусулмонон таъйин накардааст, балки кўшиши пўшиши нуқтаҳои муайяни баданро, ки бештар ҷанбаҳои ахлоқӣ-иффатӣ дорад, баён намудааст. Мусулмонони кишварҳои мухталиф либоси шаръиро мувофиқи минтақаи ҷуғрофӣ ва мутобиқи фарҳангҳояшон интихоб ва татбиқ намудаанд.

Агар дар ислом барои мардон бадани худро аз зонувон боло то ноф пўшида нигоҳ доштан муайян гардида бошад, вале бояд иқрор шуд, ки тоҷикон ҳанўз қабл аз ислом либосҳои остинкўтоҳро намепўшиданд ва либосҳои миллии онҳо бадани онҳоро пурра мепўшонид. Ва тоҷикон мувофиқи шароити ҷуғрофӣ ва ҳаёти шаҳрнишинию кишоварзии худ либосҳои мувофиқи миллӣ доштанд, ки чеҳраи миллии онҳоро ифода мекард. Агар дар шароити гармои нимҷазираи Арабистон пайғамбар пўшидани либосҳои абрешимиро барои арабҳо манъ карда буд, ин маънои манъ будани он барои тамоми мусулмононро надошт, зеро дар ислом сухан на дар бораи сатри арабӣ, балки дар бораи пўшидани аврати бадан меравад. Дар минтақаҳои кўҳистону хунук мардум аз абрешим намудҳои гуногуни либоси миллиро тайёр ва истифода мебурданд. Дар ислом, аз ҷумла дар ояти 31 сураи «ан-Нур» сухан дар бораи сатри аврат рафтааст, на дар бораи пўшидани либоси сиёҳ ва сатри арабӣ, ки мероси анъанаҳои замони ҷоҳилияти араб буд ва он дар шароит ва муҳити ҷуғрофии араб барои аз чангу ғубор ва қуми биёбон ҳифз кардан бисёр қулай буд. Баъди густариши ислом ҳам муҳити ҷуғрофии араб тағйир наёфтааст ва ҳамон сатр дар шаклу муҳтавои нав ҳамчун воситаи ҳифз аз ҷангу қуми араб то имрўз боқӣ мондааст ва аслан зодаи ҳаёти воқеии табиӣ-иҷтимоии араб буд.

Вале як чизро мебоист ба назар гирифт, ки сарулибос низ дар асоси шариати исломӣ вобаста ба маҳалҳо ва минтақаҳои истиқомати мусулмонон аз ҳам фарқ мекард. Лекин ҳамаи талаботи динӣ ба либос риоя мегардид. Махсусан дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ин намуд либосро ба таври ба худ хос занону модарон ба бар мекарданд, ки гўиё фарҳанги ғании тоҷикон бо омезиши табиати муҳит буд. Масалан, либосҳое, ки дар минтақаҳои Зарафшону Бадахшон, Хатлон, Рашту Ҳисор мепўшиданд, дар маҷмўъ як чиз буд ва як қисмати бузурги фарҳанги миллии мо низ ба шумор мерафт, ки ба ислом ҳеҷ ихтилоф надорад, зеро либоси миллии мо вазифаи сатри исломиро адо мекард ва мо ҳеҷ вақт сатри арабиро, ки ба шароити ҷуғрофии мо мувофиқ набуд, қабул накардаем. Ягон ниҳоди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар масъалаи сатри исломӣ ҳеҷ дахолате накардааст, балки ҳукумат зидди тақлидкорона ҳамчун сатр истифода бурдани либосҳои бегона аст, ки ба анъанаҳои фарҳанги исломию миллии мо мувофиқ нестанд.

Албатта, бо раванди ҷаҳонишавӣ таъсири либосҳои кишварҳои дигари исломӣ ба либосҳои миллии мо низ расида истодааст. Ва дар навбати худ мо дар як қатор кишварҳое, ки ислом дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо нақши муҳим мебозад, мушоҳида менамоем ки шаҳрвандонашон на танҳо либосҳои ба ном дизайни исломӣ, балки либосҳои ғайрисуннатии аврупоӣ низ мепўшанд.

Чуноне зикр гардид, дар зери истилоҳи «ҳиҷоб» ҳамаи намуди сарулибосе, ки бадани занонро мепўшонад (тамоми бадан, ба ғайр аз рўй ва кафи дастон) фаҳмида мешавад, новобаста аз он ки ин либос чӣ рангу намуд дорад. Яъне, дар сарчашмаҳои исломӣ ба таври ошкоро омадааст, ки сарулибоси зани мусулмон кадом ҷойҳои баданро бояд бипўшонад, вале наомадааст, ки ранги ин либос бояд сиёҳ бошад. Дар сураи Аъроф, ояти 26 омадааст: «Эй фарзандони Одам, Ба таҳқиқ барои шумо либосе қарор додем, ки аврати шуморо бипўшонад ва ба шумо зинат бахшад». Пас, агар нақши либос, аз як тараф, пўшидани аврат бошад, аз тарафи дигар, ба инсон зинат бахшидан аст. Барои он, ки либос барои инсон зинат бахшад, хуб аст, ки онро аз рангҳои гуногуне, ки хусусияти ҷалбкунандагӣ ва ё нафратоварӣ надошта бошанд, тайёр кунем, то ҳам барои хеш ва ҳам барои дарвеш пурманфиат бошад. Дар тақвияти ин гуфтаҳо дар поёнтари сураи Аъроф, ояти 32 боз чунин омадааст: «Бигў: кӣ зинати Худоро, ки барои бандагони Худ пайдо кардааст, ҳаром гардонидааст?» Аз рангҳои писандида дар ислом, ки онҳо ба Пайғамбар (с) низ хушоянд буданд, рангҳои сафед ва сабз мебошанд. Чунончи аз Ибни Аббос ривоят шудааст, пайғамбар гуфтааст: «Либосҳои сафеди худро бипўшед, барои он ки онҳо аз ҷумлаи беҳтарин либосҳои шумо ба шумор мераванд ва инчунин мурдаҳои худро низ бо он (либоси сафед) кафан кунед». (Ривояти Абўдовуд ва Тирмизӣ). «Бигў: кӣ зинати Худоро, ки барои бандагони Худ пайдо кардааст, ҳаром гардонидааст?» (7:32)

Дар ҷамъбасти суханони баёншуда чунин хулоса кардан мумкин аст: сарулибос набояд ҳатман сиёҳ бошад; он бояд хеле хоксорона ва боиффат бошад, то мояи кибру худнамоӣ нагардад; либоси бонувони тоҷик бояд аз мардон фарқ дошта бошад, зеро симои зан дар фарҳанги миллии мо ҳамчун рамзи поктинатӣ, зебоӣ ва покдоманӣ аст; бо назардошти шароити имрўза ва зарурати ҳифзи анъанаҳои суннатию динӣ бояд аз ҷониби тарроҳон либосҳои нави шинаму зебо барои бонувон дар шаклу намудҳои гуногун пешниҳод шаванд.
Мӯҳр
Мини юбкаи сиехам мумкин нест?

Камол
Дар замони шурави хам исломшиносон (шаркшиносон) буданд, ки ягон алокае ба Ислом ва мусалмонон надошдант, яъне онхо факат исломро меомухтанд (барои чанг албатта) вале онро кабул надоштанд. Ин мардак хам шоигрдони хамон мактаб аст тамом ва салом.

Ин кадар ки ин исломшиносон гапа тов дода тугри кадесан пас любой дуруга хам рост кадан мумкин

мухтарам Зокиров гуфтахои шумо чуз сари мардумро гаранг куни чизе беш нест. Шумо мардумро бозича фикр карден бакл . бешуур бе савод хато кардед шумо магар якбор фикр накардед ки хар маколае чоп мекунед шарманда мешавед ба маколаи чоп кардагиатон шумо худ бесавод хастед ки нмедонед чи чоп кардаистодает

Ба сураё Хочибоева хаминро гуфтани хастам ки мусулмонхо ба маслихати ту мухточ нестанд ва мисли ту занхояшон ба урусу яхудизанхо пайрави намекунанд фахмо ми? Якон кас пишаки туро пишт гуфт ми? Ту хам пишаки дигаронро пишт нагу!

Точик
Ришу эзор гуфта гардед.... Чахони пешрафта кучо расиду шумо кучо. Чое, ки дини араб аст ончо доимо фитнаву катлу фасод аст...

Камол,
Мардуми совети аз мусулмонони хозира хазорхо маротиба боимону рахмдилу мехрубон буданд. Холо гуе хама мусалмон вале конуни чангал чорист дар чомеа... то ин кадар доду вой гуфтан амали солех кунед, ки мардум дилаш ба ислом гарм шавад. 99 фоизи шумо савдогару фиребгар хастед. Туф куни болои хочи меафтад вале кишвар пур аз нодору факир. Вале хочи хар сол хона таъмир мекунаду хар мох мошин иваз... ва ба фиреби халк машхур. Ку ягон хочии сарватманд барои пирони факиру танхо ошхонаи бепул ташкил кунад..... Бало мекунад.... Вале хамон кофархои гарб дар ватанашон ба нодорон хуроки бепул ва г. х ташкил мекунанд... ДарКуръон факат тарс додану муттахмам карда бещтар омадааст. Рахму шафкат ва одаму одамгари кариб ки нест. Он чи хаст гузаштагони шоиру нависандаи мо баъдтар илова карданд.... Вичдон набошад хазор намозу рузаву хач фоида надорад... 99 фоиз барои муду худнамои намозу рузаву хач мекунанд. Ман худам шохиди зинда... Фирефтаи араби чохили сусморхуру малаххур нашавед.... Акли худро кор фармоед...

бале қуръон ягон шакли либосро таъйин накардааст вале ислом фақадт қуръон нестку.. бисёре аз кавонини ислом дар куръон неаст вале дар хадисҳо омадааст аз ин ру шакли пушиши либос дар хадисҳо таъйин шудааст вале мо ба ин хадисҳо ҳам майлаш кор недорем вале ислом асли пушишро таъйин кардааст ку.. мо ба бунболи он нестем ки занони мо сиёх пушанд мо ба бунболи онем ки мо дар асли сатри худ ки аз мусалламоти дини мо аст инро иҷоза бояд дод... дар точикистон асли пушуш дар хатар аст ва занхо озор дида истодаанд на навъи пушуиш


Бо хамин тахлилу тафсири кадаатон аз Худо шарм доред!

Рахмати момои мае либосхои аврупои намепушид!!!

Абдулло
Баъзехотон мебахшен сатр маъкултон нест, баъд росту дуруг бегонаву арабу эоону Имоми Аъзаму мазхабу милливу зардуштиву мачбуриву озодиву дили соф гуфта менависен, одам як чира нафахма акаллан бояд гап назанаду гуш кна мефахмидагихора. Ислом ай арабу ай эрон не, ай тамоми одамизодай ва ай дигар махлукхои зинда. Парандахо ай шумовори мусулмонаму сатр бегонааст гуфтагихода баакл аст ки зикри Худора мекунанд. Тамоми бузургхои миллати мо ки каму зиёд аз хазор сола шудагиан, хамааш бузургони Исломанд, тамоми дунё хамчун бузургони Ислом медонанд, Салмони Форсу Рудакиву Сино Чоми Газоли ва дигаронаш чени шумовори лакихо акл надоштанд ки Олимони зардушт неву Олимони Ислом шуданд, Сатр ай щумо набошад, никохе ки бо шавхартон карден аз мо нест, барои чи никохи мусулмони мекунен? ЧАНОЗА ай шумо нест, мурдахотона хами мусулмонхо чаноза мекунан, дар дили соф пур аз мухаббати Худову расулаш мешавад, инсон Худову расулаша дуст бдора, фармонхои Худованда бо хурсанди ичро мекуна, бахонаи зиёд факат шайтон мекуна, Фармони Худора ичро мекардагира Худо дустш медора, ичро намекардагира Щайтон дустш медора, бгарден дусти шайтон шуда. Чаноби олира суханоша ио хам гуш кардем, либоси сиёх гуфт, шумода сатр маъкул нест, бахона карда мехохен ки мардум гайр аз хичоб чизе мепушан пушан мешавад, лекин хамина гуфтаниам ба хаму занхои нимбарахна ки гуё дилошон софай, ки хдта бфора лич мегарди чихели мегарди бгарду, ба апаву хохароне ки ай щарму хаё ай тарси Худо хичоб мепушан, кордор нашавен, интихоби дин дар ин дунё мачбури нест, лекин Ислома кабул карди, мачбур хасти ки шартхоша ичро куни ёинки исро мекапдагихода кордор нащавен

Ман хайронам ислом бехтарин шакли либосро пешниход кардааст ин сатру хичоб аст шарм намедоред дуруг мегуед, аз ислом заррае намефахмед чит гап мезанед.

раис
мебахшеду чаноби Зикрулло сатри сиёх либоси ачдодии мо набудаасту юбкаву брюкхои танги аврупоихо моли мо будааст.Ачиб гап мезани бародари азиз ба Худо аз бесаводиат шармам омад барои шумо писанд аст ки духтари мардум зани мардум либоси тангу урён пушида назди шумо ояд ва боин шумо халоват баред бехабар аз он ки ин дард ба духтару зани худат хам таъсир кард.МАЪНИ ДЕМАКРАТИЯРО ХУДАТОН ДАРК МЕКУНЕД Ёне демократия ин озодии инсон яъне озодии рафтор кирдор гуфтор ва гайра ээээ Худо хидоятатон кунад ба гуфтан гап тамом намешавад.

ВАШЕ НЕПРАВИЛЬНОЕ МНЕНИЕ НИКОГО НЕ ИНТЕРЕСУЕТ!

Бе ном
Он чизе, ки чанобони диншинос ва чанобони конунбарор мегуянд магар ба
гуфтахои зерине ки дар Сарконуни Чумхурии Точикистон омадааст, зиддият
намекунад??!
Конститутцияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон:
Боби 1
• Моддаи 1, кисми 2: ТоЧикистон давлати ичтимои буда, барои Хар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароХам меорад.
• Моддаи 5. Инсон, ХуКуК ва озодиХои он арзиши оли мебошанд.
Хаёт, Кадр, номус ва дигар ХуКуКХои фитрии инсон дахлнопазиранд.
ХуКуКу озодиХои инсон ва шаХрвандро давлат эътироф, риоя ва Хифз менамояд.
• Моддаи 6. Дар ТоЧикистон халК баёнгари соХибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи Хокимияти давлати буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амали мегардонад. (Демократия)
• Моддаи 10. Конститутсияи ТоЧикистон эътибори олии ХуКуКи дорад ва меъёрХои он мустаКиман амал мекунанд. КонунХо ва дигар санадХои ХуКуКие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ХуКуКи надоранд.
Давлат ва Хамаи маКомоти он, шахсони мансабдор, шаХрвандон ва иттиХодияХои онХо вазифадоранд Конститутсия ва КонунХои ЧумХуриро риоя ва иЧро намоянд.
Боби 2
• Моддаи 14. ХуКуКу озодиХои инсон ва шаХрванд ба воситаи Конститутсия, КонунХои ЧумХури ва санадХои ХуКуКии байналмилалие, ки аз тарафи ТоЧикистон эътироф шудаанд, Хифз мегарданд.
ХуКуК ва озодиХои инсон ва шаХрванд бевосита амали мешаванд.
• Моддаи 18, кисми 2: Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиХад.
• Моддаи 26. Хар кас ХаК дорад муносибати худро нисбат ба дин мустаКилона муайян намояд, алоХида ва ё якЧоя бо дигарон динеро пайрави намояд ва ё пайрави накунад, дар маросим ва расму оинХои дини иштирок намояд.
• Моддаи 30, кисми 2: Таблигот ва ташвиКоте, ки бадбини ва хусумати иЧтимои, нажоди, милли, дини ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

РАХИМ
РАНГАШРО МАЪЛУМ НАКАРДААНДУ НАГУФТААН АММО АСЛИ МОЧАРО ХУДИ САТР ХИЧОБ ХАСТ ХУДОВУ ПАГАМБАР АМРКАРДААСТ КУ ПАС ХИЧОБИ САБЗ ПУШИДАН САТРИ САБЗ ПУШИДАН САДДАР САД БАГУФТИ ХУТОН ИЧОЗАТ АСТ ХА ТАМОМ АГАНЕ МАН АЗ ХАМИН РУХ ХАМСАРАМУ ХОХАРОНУ ДУХТАРОНАМРО ХИЧОБИ САБЗХАРИЖОРИ НАМУДА БА ОНХО МЕГУЯМКИ ПУШОВИРИ ПРЕЗИДЖЕНТ ХУДАШ НАВИШТААСТ КИ САФЕДУ САБЗ ИН ЛИБОСЕ МЕБОШАД КИ ПАГАМБАР ОНРО ДУСТ МЕДОШТААСТУ ОНРО АМР КАРДААСТ КИ ПУШЕД РАХМАТ МУХТАРАМ МУШОВИРИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ АМРИ МАЪРУФАТОН МАН АКНУН ФАХМИДАМ КИ ХИЧОБУ САРИ САБЗ ИН КОНУНИ ИЧОЗАТ БУДААСТ

Чаро занони араб аз хичоб озод мешаванду занони точики мо имруз хаваси чодари сиёх мекунанд холо он, ки ин либоси милли мо нест. Имрузхо дар кишвари Аморати Мутаххидаи Араб, ки ин гуна сару либос барои бонувон расмист, бонувон баръакс худро озод намуда, мавкеъи хешро дар чомеъа мустахкам намуда истодаанду дар мо занон паси чодари сиёх мераванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)