Бахшҳо

Шеъри нави Б.Собир барои Фархунда: "...ватандор агар бандит аст"

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик шеъри тозаеро ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд.

Бозор Собир дар шеъри наваш, ки бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҳафтаномаи “СССР” нашр шудааст, Афғонистонро маҳбаси зан хонда, афзудааст, агар мусалмонии Афғонистон ин бошад, ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт, кам аст.

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
Иброхим
Аз "Озодагон" интизор набудем, ки чунин расвогиро дар сахифааш чой бидихад.....

haminam sher shud magar hayf obrui tojikro bo in sherhoi bimanit burdi Fiavn

Камол
Устод офарин.. Хакикатро гуфтед...

Хеч кас ба шеърхои кофирии ту ниёз надорад ки ба ту хакки тахкири як миллатро ичоза дода аст?! ту аввал худатро ислох кун. Шапкаи ленинбобрятро кибла намуда ба куфри худат машгул шав. !!!

ТАЛАБ МЕКУНАМ, ки ин "шеър" аз сомона бардошта шавад! Ин тахкир нисбати кишвари хамсоя аст! Як Галустянро барои филмчааш тайёр будем чи корхое кунем, аммо худамон ингуна навиштахои тунду тахкиромез ва хилофи арзишхои инсониро ба маърази ом мегузорем? Фикр намекунед, ки Афгонистон эътироз мекунад???

Ё, худо о ин одам як теруристи тапа тайёр ку...!

Хакчуй,
Мо факат дигаронро гунахкор кардан мехохем! Кадоми яхудитаборро дар тудаи ин лошахурон диди??? ёфтед бахонара кори шайтон, кори яхудитабор, кори америкои... Худо акла аз сари ин туда гирифтаст, при чём тут яхудитабор??? На счёт Бозор Собир, ту хакки ба ин устод сухан гуфтанро надори! Ту нима нима нимаи акли Бозоро Собира надори!!

Нигора
ХАЙФИ ШЕЪРУ ШОИРИ.ШАРМАНДАГИ. ХАМИНАМ ШЕЪР ШУДУ .АФСУС....

Мусалмон
Дар хаетам чунин шеъри бемаъние вонахурда будам. Ин навистахои бозор собирро агар мардуми Шарифи Афгонистон хонанд хеле нисбати мо точикон норохат мешаванд

ИН БОЗОР АЗ ОЗОРИ БИСЁР НИСБАТ БА ИСЛОМ ДАСТ НАКАШИД... НА АКИДА ДОРАДУ НА ДИН БА ФИКРАМ... АЗ ШЕЪРУ ШОЪИРИ ФАРСАХХО ДУР АСТ... ХАЗОРОН ФАРХУНДАИ ТОЧИК РУЗОНА МЕМИРАДУ ФАКИРУ САРГАШТАВУ ШАВХАР ГАРИБУ БАЧААШ ГАРИБ БОЗОРИ ПУРОЗОР ЛАБ НАМЕКУШОЯД.... ОМАДА ЧОПЛУСИ МЕКУНАДУ ЛАГАНБАРДОРИ МЕКУНАД ХОНАИ МУФТ АЗ ХИСОБИ БУЧАИ МАРДУМ МЕГИРАД... БОЗ ХУДАШРО ШОЪИРУ НАВИСАНДАВУ КИМЧИ МЕГИРАД...

САД ВОЙБОЙ
Рости хеле шарм доштам, ки чунин шоири бемантикнавис дорем. Хама хам=хама дам-дама кардем ки Бозор Собир дар гариби асту бояд ба Ватан биёяд. Мисли оне, ки як нобигаи сухан асту аз хар харфаш чахони маъни мерезад. Рости баъди хондани ин шеъраш як бори дигар хулоса баровардам, ки у вокеан шоир нест ва маънию мантик барои у бегона аст. Ба Шумо ки хукук додааст, ки ба ватани миллати хамсоя, ки мегуем хамфархангу хамосояем туф майлаш боз АХ кунед. Наход забони модарии мо ин кадар очиз монда бошад, ки дигар калимахо надошта бошаду дар шеър ах истифода кунем. Сад хайф. Кумитаи ЗАБОН кани садо баланд кун. Ин чи гап, дар шеър ки аху туф бошад, пас дар сухани кучаги дигар чи бояд бошад.... Ин Бозор аст РЫнок аст, дигар пир шудааст каламро аз дасташ биигред то аз ин бадтарро ба забон наораду нанависад ва сахфахои пурмаънии шери точикро хайф накунад........

Мухиб
Дар хакикат марги Фархунда дилхоро хун кардааст. Устод Бозор хакикатро ба риштаи назм кашидааст. Афгонистон хамеша бо амалхои вахшиёнааш маъруфи чахон буду хаст!

Фархунда аз ту барин пастменталитетхои бадсиришт безор буд. Махз ту барин чохилон уро куштанд.

Мардум
Ба фикрам, устод Бозор Собир ба таасуроти хеле вазнин ин шеърро навиштааст. Инро бояд ба инобат гирифт. Ва шояд у аз он бехабар буд, ки давлати Афгонистон хамаи иштироккунандагони катли Фархундаро чазо дод. Хатто баъзеи онхо хукми катлро сазовор шуданд, ки ин хеле ибратовар аст. Албатта, хамаи ин бисьёртар бо фишори шахсони хорич аз кишвар (мисли Бозор Собир) ба анчом расид.

Матин
Хуб мешуд, шеъре дар бораи точикони дар Русия фавтида менавист ё дар бораи зулму золимие ки дар тюрмаву кисмхои харбии Точикистон хаст, менавист. Слабо вам Бозор Собир.

манучехр
шоирони классики мо пеш аз шеър навиштан аввал тахорат карда баъди адои намоз дар вакти субхгохон шеър менавиштан ки ин илхоми поки шоири буд. шоирони муоссир ба мисли Бозор бошад дар хочатхона сигор кашида шеъри худро менависанд ки дар натича шумо медонед ки шеъри онхо буйи чи мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)