Бахшҳо
28 май 2015 05:34Тоҷикистон / Сиёсат

Командири "ОМОН" гуфт, “ба Давлати исломӣ пайвастам”

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори тадвину танзимшудаи видеоие дар бораи полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нашр шуд. Ӯ дар ин филм бо либоси сиёҳ, ки хоси ҷангҷӯёни гуруҳи ДИИШ мебошад, пайдо шуда ва худро муаррифӣ мекунад.

Гулмурод Ҳалимов дар ин филм, бо забони русӣ худро комилан муаррифӣ менамояд ва хотирнишон мекунда, ки дар Русия ва солҳои 2003 ва 2008 дар Амрико давраҳои омӯзишии низомиро гузаштааст. Инчунин мегӯяд, ки Академияи ВКД-и Тоҷикистонро бо рутбаи майор хатм намудааст.

Ҳамчунин мегӯяд, ки аз хурдсолӣ бо Ислом ошноӣ дошт ва намоз мехонд: “Замоне дар мактаб мехондам, таърихи тоҷикон, таърихи исломро омухтам. Онҳо чӣ гуна зиндагӣ мекарданд ва чӣ гуна бояд зиндагӣ кунанд. Замоне “Давлати исломӣ” пайдо шуд мегуфтанд, ки гуруҳи давлати исломӣ аст, вале дар воқеият ин “Давлати исломӣ” мебошад ва тасмим гирифтам, ки ба он бипайвандам. Ин ҷо шариат аст, шариате, ки дар Қуръон гуфта мешавад".

Ҳалимов дар ин филми 12 дақиқаӣ аз қавонини Тоҷикистон, ки ба назари вай мухолифи шариат мебошанд, интиқод мекунад. Ӯ дар хитоб ба муҳоҷирини тоҷик мегӯяд, "ғуломи кофирон набошед ва ғуломи Аллоҳ бошед". Ҳамчунин паёме хашин ба Амрико ва амрикоиён мезанад ва онҳоро ба он гунаҳкор мекунад, ки чӣ гуна ҷанговаронро омода мекунанд, то мусалмонҳоро бикушанд. Собиқ фармондеҳи "ОМОН" дар навор аз ҷаласаҳои Вазорати умури дохилӣ зикр мекунад, ки ба гуфтаи ӯ роҳбарони ин ниҳод зидди ҳиҷобпӯшии духтарон дастур дода, бархе масъулини вазорат барои бадном кардани ҳиҷобпӯшон ба фоҳишаҳо ин либосро мепӯшонанду онҳоро ба навор гирифта, тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон нишон медиҳанд. Собиқ фармондеҳи "ОМОН" таҳдид кард, ки ба Тоҷикистон бо ҳадафи барқарор кардани хилофати исломӣ бармегардад.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон ин видеоро шарҳ надодаанд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд. Ба иттилои манобеъ силоҳ ва ҳуҷҷати полковники милитсия Ҳалимов дар ҳуҷраи корияш ёфт шуда буд. Дар пайи ғайб задани Ҳалимов расонаҳои Тоҷикистон аз пайвастани ӯ ба созмони террористии “Давлати исломӣ” хабар доданд, аммо мақомот расман ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
Шахсоне, ки ба ин гапхои нохалафон ва бар зидди давлату миллати Точик сухан мегуяд, ин гуна шахсон акли солим надоранд, дар аввал, ки акли солим надоранд, онхо бе шууранд ба монанди гусфанду гов.
Шахсе, ки ба фикри дигар шахсон ва бо акли дигар фард кор мекунад, он гуна шахс худро инсон фикр накунад, чунки инсон шахсеро мегуянд, ки акли расо дораду бар зидди миллату давлати худ, сухани носазо намегуяд. ЗИНДА БОШ МИЛЛАТИ ТОЧИК, ДАВЛАТИ ТОЧИКИСТОН ПОЯНДА БОД.

Шахсе, ки бар зидди давлату миллати точик сухан мегуяд, беномус шахс аст, ин гуна шахсон хиёнаткоранд

Чабор
Басо ношукр будаи "полковник" маошат ками кард чи рох суи Сурияро гирифти?.. Фикри худатро накарди палид фикри он чавонони фиребкардаатро накарди ки онхо падару модар, зану фарзанд доранд онхо чи кор мекунанд. Дар назди Худо барои хар як охи дили онхо чавоб хохи гуфт.

Курнамак Точикистон туро хононд, калонат кард сохиби обрую вазифаат кард дар Амрикову Русия ба пули Точикистон рафта таълим гирифта акнун имруз сагбарин мечаки .... Ду руз бад хабари маргат меояд бад мебинем

И бехакли худозада намедона ки ба Точикистон биёя зани хдша фарзандои хдша бой мета
Саволе ба миён меояд, ки чаро шахсе, ки медонист Давлати исломи моли кист ва барои чи сохта шудааст, дидаю дониста худ ба онхо пайвастааст? Чавоб хамин як аст, ки хадафаш маблаги гарон мебошад, аммо дониста монад, ки ин маблагхо сари худашро мехурад.

агар иход мебд барои чи кудакони бегунохра кушта таги хок мекардаанд ,,,,,, чи кудако чира мефахман и одамои мераван беаклан кадоми мерава фикри фарзандоша кна

Бовар кунед аз ин дида дигар чохиливу хоини нест. Чун, ки ба ин хоин давлату хукумати Точикистон хама чиро дода буд. Ин рафтори хоинона ва курнамакии Гулмуродро на Ватану ва на фарзандонаш бахшида наметавонад.

Ин кори бисёр хатарнок аст, барои ояндаи давлату миллат.Чун, ки дар симои Гулмурод натанхо Точикистон балки тамоми халки точикро бахо медиханд ва наълат мекунанд!!!!!!!!!!!!

Бегичон
Муъмин бародари муъмин аст мегуянд дар ислом ва муъмин хак надорад, ки бародари муъмини худашро бикушад, пас, чаро ту хариф зидди бародарони худ силох гирифтаи?.... Аблах ту муъмин нести балки фурухташуда ва х...моли чухуду амрикои хасти

Дустони азиз ба ин гапхои дуруги ин хоин бовар накунед, ки уро аз тарафи чонибдорони созмони террористии ба ном Давлати Исломи фиреб карда бурдаанд ва шустушуи магзи кардаанд.Танхо аз фирефта шудан аз тарафи чунин шахсон эхтиёт кунед.

Ман азин хело мутааъсифан ки ин бародар бо сабаби нодони ба ин гурух пайвастастааст аммо х,ах,икати х,ол дуруст аст ки хукаматдорони мо бар зидди ислом бо хар гуна найрангу фитнахои худ ва бад ном кардани дини мубини ислом дар чашми мубориза мебаранд гуфтанихо бисер аст вале худо ба мардуми мо акл дода аст медонанд ки телек дар ихтиершон аст чизе хоханд мегуянду мекунанд аммо бовар кунед ислом хичоб ва риш хегох ба мо фарханги бегона набуд ва нахохад буд ва ман аз ин хукумадорон хохиш мекунам ки ин шеваи корашонро нисбати мардуми оддии бегунох мекушан хади ак,ал баъзе аз вазоифи диннияшонро ич,ро кунанд монеъа нашаванд мо азин терорисхову хоч,ахои хоричияшон безорем ва максади онхо танхо бадном кардани дини ислом ва бизнесхои худашон аст.

шарифбек аз назарбек
камтар фишор руи дини мубини ислом биеред, Худованд ана инхел нишон дода, шарманда хам мекунад. истеъфои бояд шавад. алахусус макомотхои кудрати, то дигарон шоиставу лоик омада адолатро чори кунанд, набошад нисфи хамин хукуматдорон ба сурия мераван

наворро чигуна тамошо кунем

втдоеро чихел тамошо кунем

Кулябец
Магар хаётро бо пул фурухтан ё бе ягон асос худро ба оташ партофтан мункин хаст? Не! Ин полковник аз паи пул нарафтааст! Агар пул мехост мансабаш басанда буд, истифода мебурду пул кор мекард . У хакикатро чустучу дорад, баробари ва бародариро! Аммо намедонам дар Сирия он чизе мекобад хаст ё не?
Хама сабабхои рафтанашро гуфт, вазири ВКД аз коркунонаш талаб мекардааст, ки сатру хичоб дар шахр набошад. Ва фохишахоро барои бадном кардани Ислом истифода мебурдаанд. Ё аз фохишахо маблаги муайяне коркунони ВУД мегирифтаанд .
Ба хамаи ин ВУД чи мегуфта бошанд??

ислом.70mail.ru
,
Салом ба хонандагон. Макола ва посуххоро хонда ба хулоса омадам ки бетараф набошам. Албатта якум айби худи хукумат хаст ки баъзан фармонхои гарчанде ки шифои бошанд хам фикр нокарда мефармояд ва мебинад ки окибаташ хуб нест даррав худро мисли муссичаи бегунох карда ягон коргари хайвонмичозро курбони мекунад то ки мардумро ором карда як муддати кутох боз мисли шагол дигар сайдро шикор мекунад. Дуввум! Марг бар чунин полковникхои тасодуф ки мардуми бечора ба умед ки ту барин гумроххо амнияти онхоро таъмин мекунед. Аз хукумат хохиш мекунам! Хотима бахшед чанг бо дини Худо. Аз чавонон хохиш мекунам ки ватанро дуст доред ин чо ватан чи гунох дорад? ва дар охир гуфтани хастам ки хар кас нангу номуси худро химоят кунад нагузорад ки баъзан беномусхо ба мукаддасоти мо яъне ба сатри хохарони мо даст дароз кунад Аз Худованд ба миллати азизам устувори талаб дорам.

Э акаи Гулмурод нону намаки Точикистон курат кунад, ки фикри падару модар, фикри фарзандота, фикри авлодата накарди, ки хиёнат ба ватанут кардести марг ба ту, ланат ба ту, хоини давлат. Ту фикр карди, ки ба онхо якчо шуда коре карда метавони, на аз дастат хеч кор намебиёяд. Мо хуни точики дорем, ту надошти, то хастем Точикистони азизи худро хифз менамоем, чонамонро медихем лек намемонем, ки ба Точикистон касе зарари худро расонад. Зинда бод Точикистони азизи Мо....

Содиқи ватан
мусулмонон ба бозиҳои пасипардагии геополитикии Арабистони Саудӣ ва Эрон кашида шудаанд. Арабистони Сауди ба маблағи нафт ва Ҳаҷ, Эрон бо маблағи нафт яке мусулмононро салафӣ ва дигаре шиа (дар Гургон, Қум) карда ба ҷангҳои манфиатхоҳона равона мекунанд. Ин ҷанге, ки имрӯз идома дорад, маҳз муборизаи ду давлати бо ном исломӣ аст. Бародарони мусулмони тоҷик ба ваъдаҳои ғаразнок ва доми душманони аслии ислом дода нашавед. Агар мо мусулмон бошем пас бояд бар асоси ҳадиси саҳеҳи паёмбар (с) рафтор намоем:
Калидҳо (ганҷинаҳо)-и замин ба ман дода шуд ва ман ба Худо аз Шумо аз ин биме надорам, ки пас аз ман мушрик гардед, вале аз он бим дорам, ки бар сари дунё ба рақобату кашмакаш пардозед! Саҳеҳи Бухорӣ. 13/44. 40/44

Кумитаи амният ва вазорати корхои дохила дигар аз пушти муллову ришдор сатрдору масчидрав нагардед аввал коргархои худатонро тафтиш кунед. Муллову ришдор харгиз хийонат ба Ватан намекунад зеро Худо расул ба у Амр мекунад то химоят аз Ватан кунад шумо бошед даст бар домони муллову масчид задаед шояд чандинтои дигар бар Ватан хийонат кунад чандинтои дигар чосуси дигар давлатхо бошад. Биандешед хама хато мккунад фикри давлатро кунед наин, км шахсиятро холохам дер нашудааст

Шахло
хами мерава дар Сурия як мусулмони дигара мекуша и чи шаф шаф дора нашот либос манам Куртаи ба сатр остиндароз ё шарфои ба гардана дар бозор равим мепушм барои насухтан амо и маъное надора ки ма мусулмонима дар либосм нишонметм ё ман дар ягонгурух шомилм мусулмонии ма дар вичдони махай зап айбе ёфтай протифи Давлат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)