Бахшҳо

Абдуллоҳи Муҳаққиқ: Ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон пешвои занони исломӣ дар Тоҷикистон эълон шавад

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масосили динӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, бонуи аввали кишвар пешвои занони исломӣ дар Тоҷикистон эълон гардад.

Ҷаноби Муҳаққиқ дар матлабе, ки хабаргузории “Ховар” нашр кардааст, мегӯяд, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон нахустин зани мусалмони тоҷик аст, ки дар дохили Каъбатуллоҳ намоз гузорида ва аз баракати ин макони муқаддаси исломӣ мушарраф гаштанд. Ӯ навишта, “сазовор аст, ки апаи Азизмо — ҳамсари Президент Эмомалӣ Раҳмонро пешвои занони исломӣ дар Тоҷикистон эълон ва эҳтиром намоем, ба хотире, ки ӯ нахустин зани мусалмони тоҷик аст, ки аз Осиёи Миёна дар дохили ҳуҷраи Каъбатуллоҳ намоз гузоридааст! Хушо ба ҳолу ба ҷони ӯ ва хушо ба миллати тоҷик, ки апаи Азизмо парвардаи хоку оби Тоҷикистон аст!”

Ин пешниҳоди оқои Муҳаққиқ дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон расман Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат унвон гирифт. Ин унвон ба ӯ иҷоза медиҳад, баъди анҷоми ваколати президентиаш дар соли 2020 бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ як бахше аз матлаби ҳаҷман бузурги худро ба бонуи аввали кишвар бахшидааст. Ӯ ҳаҷ кардани хонум Азизморо рӯйдоди таърихӣ барои занону бонувони тоҷик, падидаи тоза, дарси ибрат, муждаи саъодат номида, гуфтааст, модарон ва хоҳарони мусалмони Тоҷикистони азиз бояд ҳуввияти миллӣ, бедории динӣ, худшиносии худро фаромӯш насозанд ва иффату назофати имонии худро ҳифз намоянд: “Чӣ зебогист ва чӣ давлати сармадист, ки ҳамсари оқила ва духтарони Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давлати дунявӣ зиндагӣ ва ҳаёт ба сар мебаранд, мушарраф ба номи ҳоҷӣ гаштанд. Нақши зани исломӣ чун офтоби ҷаҳоннамо қалбҳои имониро равшан ва муаттар сохт. Кош, дигар бонувони тоҷик метавонистанд ба зиёрати Каъба ва равзаи мубораки Расулуллоҳ (с) мушараф мегаштанд”.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар идома меафзояд, “ба андешаи банда, апаи Азизмо ҳамчун ҳоҷии ҳарамайни шарифайн ифтихор ва шарафи зани тоҷик аст! Аз рафтор ва кирдори апаи Азизмо бояд дигар бонувон ибрат бигиранд. Муддаъиёне, ки аҳли байти Президентро такфир мекунанд, дигар далоил ва санади шаръӣ дар ихтиёри худ надоранд, ки афкор ва ақидаи ифротии худро машруъият бахшанд!”

Ин коршиноси масоили диннӣ гуфта, ки тасмим дорад дар мавриди ҳамсари раисиҷумҳур, ки чун нахустин зани ҳоҷии мусалмони тоҷик, бо фарзандони хеш ба зиёрати дохили Каъба ва оромҳои Паёмбари ислом (с) мушараф гаштааст, китоб бинависад. “Ҳаргиз зани мусалмон мутаассиб, ҷоҳил, гумроҳ нест, балки он олиҳаи ҳусн, муҳаббат, тароват, афзали одамият, беҳтарин мураббӣ, сарпараст ва чароғи рӯзгори башарият аст! Аз фазли Худо умед дорам, ки афкори кӯтоҳандешонеро, ки мехоҳанд аҳком ва аркони исломро, ки нисбат ба зан ва эҳтирому иззати модари мусалмон бахшида шудааст, бо мизони фикрӣ ва меъёрҳои ғарбӣ бисанҷанд, хунсо намоям",-навиштааст Муҳаққиқ.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар 4 январи соли равон, дар рӯзи охири дидори расмиаш аз Арабистони Саудӣ бо ҳайати Тоҷикистон, бо шумули ҳамсар, ду духтар ва домодаш Ҳаҷҷи умра анҷом дод.
Мӯҳр
Расул,
Дуруг нагу аз Аллох тарс. Масчидхоро махкамкуни як тараф истад, чаппа карда истодаанд. Магар ту кури намебин. Боз шарм надошта гап мезани. Як мисол биёр, ки ягон дискоклубро махкам кардан, ягон юпкадора танкид карданд

Лутфан ин назаро бигузоред агар хушомадгуи хукумат набошед
Беранчу амал сохиби унвон нашави
Бар тахт раси вале Сулайсон нашави
Дар асл агар нест Худо дар дили ту
Садбор ба хач рави мусалмон нашави

Муслим
Чаро танхо пешвои занони мусалмонони точик????
Ба занхои гайри мусалмон ки пешво мешавад??? Раиса....... аз кумитаи занхои ЧТ???

Агар ин макомро сазовор бошад, пас аввал занхои мусалмони Точикистонро дастгири намояд.

Расул
Чавоб ба Анас
Чойхое буданд, ки онхо на масчид балки клуб ё дисоклуб ба кайд гирифта шуда буданд. Як бор хисоботи Раиси кумитаи динро бинед. То имруз ягон масчид баста нашудааст, балки клубхое буданд, ки мардум сунъи дар он чохо намоз мехонданд. Давлат бояд донад, ки чанд масчид дорад. Аз ин ру то хуччати масчидро гирифтани дискоклуб онхоро баст. Тамом

Ин шахс ба фикрм ҷойи Абдулқодирзодара гирифтанӣ аст, ба фикрам!‼)))))
Абдулқодирзода ҳушёр шав!))))))

Анвар
Ба кадом давлатхое, ки пешрафтаанд назар накунем хамсарони сарвари он давлатхо барои пешрафти давлаташон ба хамсарашон кумакхои харчониба мерасонанд агар бонуи аввали милати мохам ин икдомро пешгирад хело хуб мешуд


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)