Бахшҳо

Камол Насрулло дар бораи номҳои арабӣ, ҳиҷоб ва асолату тарсуии тоҷикон

Камол Насрулло, шоири халқии Тоҷикистон бо нашри як матлаб таассуб ва хурофотро аз бемориҳои дерину куҳансоли мардуми мо хондааст, ки ҳанӯз Носири Хусрав, Умари Хайём, Абӯалӣ Сино, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон муборизаи беамон бурдаанд.

Оқои Насрулло бо нашри як матлаб дар хабаргузории “Ховар” изҳор доштааст, ки нахуст мо бояд динро бо хурофот омехта накунем, зеро онҳое, ки хурофотро манбаи даромади худ ва ҳадафи ниятҳои носолимашон сохтаанд, бештар аз номи дин ва “Қуръон” баромад мекунанд: “Ҳол он ки хурофот душмани дин аст ва обрӯи онро мерезонад. Зеро маънои хурофот сафсата, яъне дурӯғ, найранг аст”.

Мисол аз зиндагӣ...

Муаллифи матлаб ҳодисае аз ҳаёт дар яке аз деҳоти Тоҷикистонро мисол овардааст, ки ба гуфтаи ӯ собит мекунад, ки хурофот ва муллоҳои мутаассиби мо чи андоза метавонанд мардумро роҳгум занонанд ва корҳое кунанд, ки шоистаи суннатҳои неки миллати башардӯсти мо нестанд: “Чанде пеш дар яке аз деҳоти Тоҷикистон як зани рус, ки шавҳараш ӯро баъд аз ҷанг бо худ овардаву солиёни зиёд-қариб як умр дар ин деҳа бо ҳам зиставу соҳиби фарзандҳо гардиданд, вафот кард. Ин зани рус ба куллӣ тоҷик шуда буд. Ӯ ба тоҷикӣ сухан мегуфт, либосҳои тоҷикӣ мепӯшид, ҳама одобу суннати тоҷикӣ ва шариати исломиро риоя мекард ва дар ҳамин руҳия фарзандонашро низ парваридаву ба воя расонида буд. Шавҳари ӯ пеш аз ӯ тарки дунё кард. Рӯзе, ки ин зан фавтид, муллои деҳа ба иллати он, ки ӯ мусулмон нест, иҷозат надод, ӯро дар қабристони деҳа бигӯронанд. Ва дар он деҳа касе ёфт нашуд, ки пеши роҳи ин ҳукми беадолатонаи муллоро бигирад. Маҷбур шуданд он занро дар қабристони деҳаи ҳамсоя гӯронанд”.

Камол Насрулло ин ҳодисаро далели хурофоту таассуб ва убур аз сарҳади инсонигарӣ хонда, афзудааст, ки он натиҷаи эътиқоди кӯр-кӯрона ба таассубу хурофот ва муллоҳои ифротгаро аст: “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки яке аз пешвоёни дину тариқати ислом буд, вақте аз дунё даргузашт, аз паси ҷанозаи ӯ яҳудиву насрониву буддоиву мусулмон бо ҳам мерафтанд ва тафриқаи динӣ садди роҳи эътиқоду инсонигарии онҳо нагардида буд. Ва аслан Худо яктост ва ба тамоми башарият тааллуқ дорад”.

Халқи мо тарсу шуд...

Дар мавриди сабаби гирифтории мардуми мо ба таассубу хурофот Камол Насрулло изҳор доштааст, ки он танҳо ноогаҳӣ нест: “Миллати мо дар тӯли таърихи гарону вазнину хунин борҳо зери ҷабру зулм, шиканҷаву зӯровариҳои истилогарон қарор гирифтааст. Садсолаҳо ӯро ғорат мекарданд, сар мебуриданд, хунаш мерехтанд. Тамоми шаҳрҳои замоне ободи он борҳо қатли ом дидаву бар хок яксон шудаанд. Ин ҳама даҳшатҳо ин халқро то ҷое ба ҷонаш расонд ва тарсу ҳаросро ба сиришти ӯ, дар тафаккури ӯ ҷо намуд. Ана ҳамин тарс, тарс дар пеши фардо, дар пеши тақдир, дар пеши мушкилоту масъалаҳои чигил халқи моро сахт тарсу кард ва боварӣ ба фардоро аз ӯ даррабурд. Имрӯз як сабаби гирифторӣ ба хурофот ана ҳамин тарси ботин дар пешорӯи мушкилот, ана ҳамин бовар надоштан ба худ, ба нерӯи созандаи худ ва ба фардои худ аст. Тарси рӯ ба рӯ шудан ба мушкилот, даст ба гиребон шудан бо он, аз сари роҳ бардоштани ин монеаҳо боис мешаванд, ки роҳи осони ҳалли мушкилро дар хурофот ҷӯё шаванд. Мо бояд ин тарсро аз ниҳоду сиришти халқамон бизудоем”.

Қайтармаву аласт, бахшигӣ ва ғайраҳо аслашон муғуливу туркист...

Муаллиф идома додаст, ки суннатҳои баланди миллии мо ҳеч муносибате ба хурофот надоранд, аммо онҳое, ки таассуб ва хурофот манбаи даромадашон шудааст, бисёре аз ин падидаҳоро нишонаҳои суннату одоби миллӣ нишон доданӣ мешаванд: “Масалан, суннатҳои миллие, мисли гаҳворабандон, мӯйсаргирон, рӯйбинон ва даҳҳои дигар суннатҳои миллие мебошанд, ки бо ҳадафҳои неку мақсадҳои наҷиб амалӣ мегарданд. Дар онҳо озодагиву покӣ, гигиенаи миллӣ зоҳир шуда, ҳар яке дар тарбияи кӯдак саҳме дошта, ӯро дар рӯҳияи одобу суннатҳои солим тарбият менамоянд. Аммо падидаҳои номатлубе чун қайтармаву аласт, бахшигӣ ва ғайраҳо, ки аслашон муғуливу туркӣ буда аз замони тороҷи чингизиҳо боқӣ мондаанд, ягон муносибате ба суннатҳои волои мо надошта, ҳама фиребу макру дурӯғанд ва бар ваҳшонияту бефарҳангӣ бунёд ёфтаанд”.

Мусалмонӣ гузоштани номҳои арабӣ ва пӯшидани либосҳои арабӣ нест...

Ба ақидаи Камол Насрулло масъалаи ҷиддии дигар дахолат ба фарҳанги либоспӯшии мо мебошад: “Солҳои охир аз ҷониби онҳое, ки мехоҳанд симои халқи моро таҳриф кунанд, суннатҳои волои либоспӯшии моро аз байн бубаранд, боз ҳам дар зери ниқоби гӯиё дину шариат кӯшишҳои фаъолона шуд ва мардуми содабовари мо қариб буд ба он гирифтор шаванд. Теъдоди онҳое, ки аз баҳри либосҳои миллӣ баромадаву саропо сияҳпӯш гардидаанд ва симову хулқу атвор ва ҳатто рафторҳои ношоистаи худро дар паси ин ниқобҳо пинҳон карданӣ шуданд, зуд афзуданд ва ҳамин тавр зуд фош ҳам гардиданд”.

Шоили халқии Тоҷикистон мегӯяд, муқобили либоси миллии дигар кишварҳо нест, аммо либоси миллии мо, фарҳанги мо, маънавиёт , симои миллии мост: “Дар кишварҳои мусулмонӣ ҳам халқи ҳар кишвар, бо вуҷуди ягонагии дину мазҳаб, фарҳанги хоси либоспӯшии худро дорад. Мусулмон будани онҳо садди роҳи либоси миллӣ доштани онҳо нест”.

Мо тоҷикон бояд нишон диҳем, ки мо бештар мусулмонем, ҳатто номамон арабист...

Дар мавриди номгузорӣ Камол Насрулло изҳор доштааст, ки бо иваз кардани номҳои тоҷикӣ ба арабӣ мусулмонии мо на афзун мешавад, на кам: “Аслан ягон миллати дигаре ба хотири мусулмон будан аз баҳри номҳои миллии худ баромадаву номҳои арабӣ қабул накардааст. Аммо боз ҳам мо — тоҷикон ҳар корро бояд ба ифрот расонем. Бояд нишон диҳем, ки мо бештар мусулмонем, ҳатто номамон арабист. Ҳол он ки мусулмон будан маънои араб буданро надорад. Миллатҳои зиёде ҳастанд, ки дини мубини Исломро қабул кардаанд,аммо фарҳанги миллии номгузории худро маҳфуз медоранд. Чаро боз ҳам мо нопойдорем...”.

Ба гуфтаи Камол Насрулло таҷрибаи замони кӯтоҳи мо нишон дод, ки ҳиҷобҳои сиёҳи зоҳиран исломӣ на танҳо соҳибони онҳоро мусулмон намекунанд, балки, баръакс, агар инсон покният набошад, дар паси пардаи онҳо метавон симову маънову рафтори ношоистаи ғайриисломиро пинҳон кард: “Хулоса, пӯшидани либосҳои арабӣ ва гузоштани номҳои арабӣ ҳанӯз маънои мусулмон шуданро надорад. Аммо, чунон ки гуфтем, вақте либоси миллии худро аз даст медиҳем, симои маънавии худро аз даст медиҳем, вақте номҳои тоҷикии худро аз байн мебарем, мо маънавиёти худро аз байн мебарем. Ҳар миллат, ҳар халқ бо фарҳанги таърихиву хоси худ бояд арзи вуҷуд кунад ва бохтани ин фарҳанг, бохтани асолати хеш аст. Зиёда аз ин, халал ворид овардан ба фарҳанги либоспӯшӣ ва фарҳанги номгузорӣ зиён овардан ба маънавиёти миллист. Ва зиён овардан ба маънавиёти миллӣ зарба задан ба асолати миллӣ ва ҳувияти миллист”.

Дар охир шоири халқии Тоҷикистон гуфтааст, вақте мо асолати миллӣ мегӯем, халқу миллати худро даъват ба асилзодагӣ ба наҷобати воқеии таърихии худаш мехонем: “Вақте мо дар бораи ҳувият мегӯем, ин даъват ба шинохти худ, шинохти имрӯзу дирӯзи худ, шинохти наҷобату хуҷастагиҳои миллии хеш аст, ки дар бисоту сиришти миллати мо таърихан вуҷуд дорад”.
Мӯҳр
Ширина бесавод. Халки рус дар мактаб ва зиндаги либоси оди мепушад гохо ба мактаб бо шорти меравад лекин як кудаки богчараваш аз ту босавод Аст

«О бародар номатон араби,либосатон аврупои,брутатон зардуштист,хататон крилли...»!!!
Бародар чони гапа гуфти!)))

Иван - Тоҷик
Зинда бошед, Устод!

хонанда
Садқаи ному насаби мусалмонӣ шавӣ. Чаро ҳарфе дар бораи кунлучиву сарлучии занон нагуфтӣ, инҳо миллиянд? Ошкор бигу, ки аз густариши дин ҳарос дорӣ, чун хонандаву шунавандагонатро аз даст дода истодаӣ.

Бародархо!то бачое медонем устод на мансабсабталошанду на мансабдоранд танхо фикри худро иброз намудаанд.Агар рози набошед боз бихонед навиштачотро ва боз нафахмед боз бихонед пас хулоса бароред!бо эхтиром Артучек!

Бобочон
Камол Насрулло агар ту мусалмон боши сураи Нур ояти 31-ро бихону баъд ин суханонро бигу!

Чаноби Камол шумо дар бораи либоси милли гуфтед аммо чаро танхо нафаронеро мисол овардед ки хичобпушу сатрпушанд, магар худи шумо тарсу нестед оё дар бораи он либосхои нимбарахнае ки 90% духтарони точик онро имруз дар донишгоху корхонахо ба бар мекунанд дар назари шумо наменамояд ё инхам либоси миллист. Рост мегуед ин миллат аз дасти шумобарин зиёиёни тарсу хечгох рушд намекунад. Он фохишахое дар кади рох бо сатру хичоб меистанд ин хама дасти кори милисаи точик аст, агар шумо инро надонед мардум медонанд.

Бо баъзеаш розиям бо баъзеш не. Мулло кори хуб накарда хатто гунохи бузург кардааст. Шарххои бархе хонандагонро хам мехониву мефахми ки мо мардум хеле хассосем, хафт бор санчида баъд наменависем. Чи хеле ки номхои араби иктисодиётро пеш намебаранд, номхои точики хам хамин тавр. Дуввум ин ки як мусалмонро гарчи харфаш хатову маъкул хам набошад, казоват накунед ки гайридин шуд. Инаш кори Козии Охират аст, шумо дар чои худ биншинед ки он курси сохиб дорад. Бо нуги забон барои худ бехуда гунох чамъ накунед. Вале вокеан имрузхо бархе мардум араб шуданро меъёр кардаанду бархе гарби шуданро ки ихтиёрашон. Ва касе ба номхои араби то имруз кордор набуду нест. Ин муллонамохоянд ки аз хама пеш ба номхои точики часпидаву мухри мубораки куфрро пахш кардаанд. Таваччухи чомиъаро хаминхо ба чизхои бехуда чалб мекунанд. Баъдаш масъулони бемасъули мо хам ин корхои онхоро дида, инхо хам мераванд думболи калла ба чои салла. Сипас мардуми оди дар миёни ин ду гурухи камсавод, муллонамохову хукуматихо сахт хайрон мемонад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)