Бахшҳо

Маслиҳати Шӯрои уламо ба Шаҳодат, ки шавҳараш шиа аст

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба Шаҳодат, як зани тоҷик, ки шавҳараш аз аҳли шиа аст, маслиҳат додааст, ки ақидаҳои худро ҳифз кунад.

Як корбари сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки худро Шаҳодат муаррифӣ кардааст, изҳор доштааст, ки бо шавҳараш аз аҳли шиа беш аз як сол хонадор аст: “Шавҳарам мехоҳад, ки ман мазҳаби ӯро қабул кунам. Аз Шумо мехоҳам, ки ба ман роҳи дурустро нишон диҳед, то дар зиндагӣ гумроҳ нагардам”.

Шӯрои уламо ба Шаҳодат чунин посух додааст: “Миёни шиаҳо ва равофиз фирқаҳои зиёде вуҷуд дорад ва ақоиди онҳо низ мухталиф аст. Баъзе аз онҳо ҳазрати Алӣ (р)-ро Худо медонанд ва ӯро ба сифатҳои Худо шарик месозанд. Мегӯянд, ки Ҷабраил (а) дар овардани ваҳй хато карда, ба ҷои ҳазрати Алӣ (р) ваҳйро ба ҳазрати Муҳаммад (с) овардааст, ба модари муъминон Оиша (р) туҳмати зино мезананд ва саҳоба будани Абӯбакри Сиддиқ (р)-ро инкор мекунанд. Илова бар ин, ақидаҳои куфромезе доранд, ки бар хилофи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Бинобар ин, бо чунин афрод никоҳ қатъиян манъ аст”.

Шӯрои уламо дар идома таъкид кардааст, он касоне ҳам аз аҳли шиа, ки ақидаашон ба ҳадди куфр нарасидааст, аз роҳи залолат ва гумроҳӣ берун нестанд: “Дар китоби “Ақоидул-Ислом” роҷеъ ба ин масъала чунин омадааст: Шиъаҳо он хубиҳоеро, ки дар Қуръони карим дар шаъни саҳобагон омадааст, рад мекунанд, ҳол он ки ин хубиҳо бо далели яқинӣ собит шудаанд. Ба саҳобагон таъну лаънат мехонанд ва нисбати ҳамсарони Пайғамбар (с) суханони нолоиқ мегӯянд, ки агар ба ҳамсари камтарин фарди мо гуфта шавад, мо дигар ба рӯи онҳо назар намекунем. Ҳайф, сад ҳайф бар ин мусулмонон, ки ба ин гуна ашхос муҳаббат меварзанд ва бо инҳо издивоҷ мекунанд. Ҳеҷ шакке нест, ки Расули Худо (с) аз инҳо норозӣ аст ва ононро аз ҳавзи Кавсар меронад”.

Бо зикри ин Шӯрои уламои Тоҷикистон барои ҳар фарди ҷомеа, ки пайрави аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, зарур хондааст, ки ақидаи солими худро ҳифз намояд, зеро ки саодати абадии ҳар инсон дар партави ақидаи саҳеҳи ӯ ҳосил мешавад. Шӯро дар хитоб ба Шаҳодат илова кардааст, “хоҳари азиз, худ ва фарзандони ояндаи худро аз ҳар гуна ақидаҳои нодуруст эҳтиёт кунед”.
Мӯҳр
Суханхои Озодагон барои Иронихо на барои бародарони бадахшонихо,

эрони
Магар эронихо мусулмон нестанд.

Тило
Шаҳодат муаррифӣ кардааст, изҳор доштааст, ки бо шавҳараш аз аҳли шиа беш аз як сол хонадор аст: “Шавҳарам мехоҳад, ки ман мазҳаби ӯро қабул кунам. Аз Шумо мехоҳам, ки ба ман роҳи дурустро нишон диҳед, то дар зиндагӣ гумроҳ нагардам”. ВКД КУ ЯК ПРОВЕРКА КУ . МАЗХАБА АЛИШ КАРДЕСТТАЙ.

Мебахшед,
Шумо худ мутаваҷҷеҳ ҳастед чӣ мегӯед. Оё ибни Сино ҳофизи Қуръон набуд, оё Закариёи Розӣ таҳсилкардаи мадраса набуд, оё Хайём 72 дар садҷа набуд, ки ин қадар кашфиётҳо кардаан. Оё дар чандин ҷои Қуръон з чигунагии хилқати инсон бён нашудааст, оё дар Қуръон дар мавриди ҷараёнҳои гарму сарди уқёнусҳо ҳарф гуфта нашудааст. Оё дар Қуръон дар бораи гардиши саёраҳо сухан нарафтааст. Оё дар Қуръон дар бораи пасттарин нуқтаи замин оят наомадааст. Агар аз доираи ахлоқ берун ҳам бошад-Шумо ё намефаҳмед ё худро ба нафаҳми задаед.

Ба муслим
ба хамаи ин гапхоят чавоб хам хаст ки ту хабар надори

Хорак
Ба Аз Афшана,
Пас аввал сухан гуфтанро омӯз ва баъд баёни фикрро.
Он чӣ дар боло навиштаӣ, Сино ва Форобиро ба куфр маҳкум кардаӣ, ҳарчанд гуфтаӣ, ки ин суханони Ғазолианд.
Ва дар ёд дошта бошӣ, ки паҳн ва пуштибонӣ кардани ақидаҳои фундаменталистии ифротгароӣ, минҷумла аз Ғазолӣ, бар пояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозотшавандаанд.
Ҳо, дар ёд дор, ки Ғазолӣ кӣ буду, Синову Форобӣ кӣ.

Dev
Dar jahon millate nest ,ki 4 bor dinashro ivaz karda boshad, ba juz tojikon-forsho. Mo na akida doremu na ustuvori,moro ba zudi, rohat metavonand ba digar roh andozand(az hama jihat) chun sodayu tarsuem. Bubined,ki to diruz tojikoni davlati hamsoyaro "shumo tojik nested-shumo musulmoned "gufta "kushtanamon" , mo boshem az hursandiyu fahra izorhoi taramonro nadidem.
Holo ham kadom mufticha yakdiliyu tifokii millatro sarfi nazar mekunadu targibi kadom afsonahoi arabi dorad.Avval ODAM boyad bud !!!
Ba hohari Shahodat guftaniyam,ki tu musulmoni ba hamdinat ba shavhar baromadi , digar mehohi shoh barori? ZIndagi bo suniyu shia budanu guftan shodi meorad? Nek budan lozim, rost guftanu rost kardan lozim, guftoru raftori nek doshtan lozim, ba hudoi hud sodik budan lozim(hamun hudoi yagonae,ki Khristianho, musulmonho, evrejho dorand).

Хамаи шарххоро хонда ба хулосае омадам,ки 97% не шояд 17%-и ахолии мо мусалмони хакики бошанд. Ин акидахоро бинеда... То ба хол дар дини мукаддаси ислом бовар надоранду дину хиндухоро мукаддас мешуморанд.(Худо ин чавононро хидоят кунад) Як мисол меорам вакте кудак аз батни модар берун наомада дар пистони модар шир пайдо мешавад, магар ин муъчиза нест? Бубин Худои мо чи кадр бузург аст. Мисолхо хело зиед аст аммо дар дили ин чавонхо мухр зада шудааст. Аз дасти бут чизе намеояд. Ба баъзе бародароне,ки мардумро аз амнияту ВКД метарсонед. Аз Худои бузурге,ки метавонад дар як лахза курат кунат фалачат кунад наметарсиву... Замин агар 5бал чумбад то субх хоб надорию.. Е МЧС-ро дилпури мекуни? Шиори дини мубини ислом ин аст,ки мумин бародари мумин. Аз ин бармеояд,ки дар ягон вакт кофар бародари мумин шуда наметавонад.

hmmmm
Ohooo agar "donoyon"-i Shuroi Ulammo chunin maslihat medihand, voi bar holi mulloyoni kamsavod va khalqi bechora ki bovar mekunand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)