Бахшҳо

Шеъри "Инқилоб"-и Раҳнамо: “Гар тафаккур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?”

Нашрияи “Нигоҳ” дар шумораи тозаи худ чанд шеъри иҷтимоии сиёсатшинос Абдулло Ҳакими Раҳнаморо ба табъ расондааст, ки дар миёнашон таронаи “Инқилоб” низ ҳаст. Ин шеъри оқои Раҳнамо таблиғи худшиносӣ, ҳифзи Ватан, омӯзиш, парҳез аз додану гирифтани ришва, шинохти қадри вақту ҳалолкорист.

Абдулло Раҳнамо яке аз донишмандони шинохтаи улуми сиёсӣ ва коршиноси муносибати дину давлат мебошад. Ҳоло ин шеъри ӯ пешниҳоди Шумо карда, барояш дар эҷоди ашъори тоза барор мехоҳем.

ИНҚИЛОБ

Гар ба бонги бомдодӣ рахт барбандӣ зи хоб,
Гар расӣ то коргоҳат гарм ҳамчун офтоб,
Гар ту дорӣ тарҳи нобу фикри нобу ҳарфи ноб,
Гар туро пок аст хону хонаву молу ҳисоб,
Гар диҳӣ дар қитъаи худ пеши виҷдонат ҷавоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Гар бидонӣ қадри вақту гар шиносӣ қадри ёр,
Гар ба касби худ расӣ то зинаҳои ифтихор,
Гар набахшиву нагирӣ ришва дар иҷрои кор,
Гар ба илму фан намонӣ аз замони худ канор,
Дар бари фарзанд як соат нишинӣ бо китоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Наҳзати мо гар бувад як наҳзати созандагӣ,
Мазҳаби мо гар бувад парҳез аз паркандагӣ,
Фитрати мо гар бувад инкори фақру бандагӣ,
Бартар аз қавму маҳал дар сатҳи миллат зиндагӣ,
Гар ба ҷои тан кунӣ фикри Ватанро интихоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

То ғуломи нафсу муздури шикам бошем мо,
Дархӯри ҷабру сазовори ситам бошем мо,
Фахр набвад, ориёӣ ё аҷам бошем мо,
Фаҳш агар ин аст, маҳкуми адам бошем мо.
Гар ҷавонеро раҳо бахшем аз бангу шароб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Ёд дорӣ, “кӯдаке мегашт бо қуттии худ”?
Ин ҳикоят сарнавишти кӯдаки тоҷик шуд,
Ормони насли истиқлол ҳаргиз ин набуд,
Гар тафаккуур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?
Гар ба сӯи худшиносӣ рӯ кунад шайху шабоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Инқилоби Миср ҷаҳлу зулмро якбора кард,
Инқилоби Шом ними халқро овора кард,
“Инқилоби нарм”-и Гурҷистон Ватанро пора кард,
Инқилоби Украина мулкро бечора кард,
Меҳани мо гар амон монад аз ин мавҷи хароб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Инқилоби ҳар яки мо ростии кори мост,
Рӯшании фикри мову дидаи бедори мост,
Дасти поку қалби поку лафзи беозори мост,
Инқилоби ҳар яки мо нанги мову ори мост,
Ҳар яки мо гар ба кори хеш гардад комёб,
Пас ҳамин аст инқилоб!
Мӯҳр
Сафар
Гар ба точик мазраи номус набошад ин бас аст,
Марди точикро гулому мардикори хуш бас аст!

вафо
"ШУКРОНАНОМА"-и окои Рахнамо. Шояд онро дар хавлии ФАБРИКАИ ЧАВОБ навишта бошад. хайфи зиёии точик ки гах чунину гах чунон. ба кавли Олга .....

Эй афсус, шеърро нахонда бахо медихед. Ин Як манифести худсозии хар точик бояд бошад. Ин хел баланд. Кошки хамин танкидчиён худашон хамин корхоро карда бошанд., худашонро сохта бошанд.....
Абдуллоро чоизаи Рудаки додан даркор, агар гурда бошад....

Шеъри устод Абдулло Ҳакими Раҳнамо шеъри замон, доғи рӯзгор аст. Пешниҳод мекардам, ки ҳар якеи мо ин мисраъҳоро бихонем ва сари маъниҳо андеша биронем. Ташаккур ба муаллифи азиз. ҳама ҳақиқати талх аст. Бояд пайрави ин андешаҳои созанда бошем. Бас аст тафриқагузорӣ, ришвагириву ришвахӯрӣ. Кофист бефарқ, тамошогари дунёи харобии маънавӣ будан... Инқилоби маънавӣ мебояд, то ҷомеаи инсонӣ ба мисли чаманистони гулзор таровати дӯстӣ, ваҳдат ва муҳаббат ба атроф парокананд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)