Бахшҳо

Шеъри нави Б.Собир барои Фархунда: "...ватандор агар бандит аст"

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик шеъри тозаеро ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд.

Бозор Собир дар шеъри наваш, ки бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҳафтаномаи “СССР” нашр шудааст, Афғонистонро маҳбаси зан хонда, афзудааст, агар мусалмонии Афғонистон ин бошад, ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт, кам аст.

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
Бандаи Худо
Ин Бозор Собир ачаб одами бемаъни будааст да. Ами одама дилаш сиёх шидагияй. Худованд мухри сиёхира дар дилаш чой кардай ба фикрм. Худо нигах дорад аз сиёхии дил.

Холид
Сад афсус ки устод Кутби Киром дигар дар байни мо нест агар шодравон зинда мебуд ту чуръат намекарди чунин шеър хоро бинависи

И акай Бозор Собир гузаронд неки, шоири "нормальный" инхели шеър наменависад. Бехтараш дар бораи точикони Руссия нависад, ки сархояшонро аз тан чудо мекунанд скинхедо. Ай хаму самолёт-бозияш маълум, ки магзаш вайрон ин шоира.

111
шоирон мурданду ту шоир шуди............ хамин хам шеър шуд ми?????

хуршед
99
Барои ин гуна "шеър" бояд одам ҷазо дода шавад, чунки ин шеър пур аз кинаву адоват, таҳқир ва душманист, ки муносибаги моро ба Афғонистони дӯсту бародар бад мекунад!!!
"Озодагон" ту ҳам бояд барои мунташири ин гуна таҳқиру бадгӯии як душмани Ислом, ки аз худ шоири бузург метарошад, худдорӣ мекардӣ!!

Tajik (Форс)
Зарае ба шеър монанд нест.
* Туф ба ватан,
Ах ба ватан. *

* Марг ба Афғонистон! *

Я шеъре навис, ки ба Шеър монанд бошад!

Шеърдуст
Ба Кутби Киром параст! Ман рости Бозорро шеърхояшро на маколахои ва афкор бесару нугашро кабул надорам ва надоштам аммо як росте вучуд дорад агар имкони аз кабр бархоста омадан медошт худди акаои Кутби хам мепазируфт ки Бозор хамчун шоир аз тамоми хамнаслони худаш як сару гардан болос хамяун шоир албатта хамчун анедшаманд ва хамяун идеологи хиччу пуч аст . ин шеър хам мегуям боз арчи гаразварзихое дорад аммо дар кул як шеъри хеле модерн ва хеле бохунарона аст

Шеърро максуд агар одамгарист,
Шоири хам вориси пайгамбарист.

Хайфи забони бихишти...

Одамӣ дар олами хокӣ намеяд ба даст,
Олами дигар бибояд сохт в-аз нав Одаме... (Ҳофиз)

Ин одам шпиони Узбакистон набудаст ми?

Устод, Рахмати калон! Шеъри бузург навистед.

кулоби
Ватан ин асту ватандор агар бандит аст, Намедонистам ки то ин дарача зехн доштаи дар ягон лугати забони точики калимаи " Бандит"-ро наёфтам

Озода
боз як бори дигар маълум шуд, ки "озодагон" хеч вакт ба фикри миллати точик нест.чопи ин хакоратнома гуломи гуруххои махсус будани ин агентиро баръало нишон додааст. амниятихо бедор шавед.

asad
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)