Бахшҳо
28 май 2015 05:34Тоҷикистон / Сиёсат

Командири "ОМОН" гуфт, “ба Давлати исломӣ пайвастам”

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори тадвину танзимшудаи видеоие дар бораи полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нашр шуд. Ӯ дар ин филм бо либоси сиёҳ, ки хоси ҷангҷӯёни гуруҳи ДИИШ мебошад, пайдо шуда ва худро муаррифӣ мекунад.

Гулмурод Ҳалимов дар ин филм, бо забони русӣ худро комилан муаррифӣ менамояд ва хотирнишон мекунда, ки дар Русия ва солҳои 2003 ва 2008 дар Амрико давраҳои омӯзишии низомиро гузаштааст. Инчунин мегӯяд, ки Академияи ВКД-и Тоҷикистонро бо рутбаи майор хатм намудааст.

Ҳамчунин мегӯяд, ки аз хурдсолӣ бо Ислом ошноӣ дошт ва намоз мехонд: “Замоне дар мактаб мехондам, таърихи тоҷикон, таърихи исломро омухтам. Онҳо чӣ гуна зиндагӣ мекарданд ва чӣ гуна бояд зиндагӣ кунанд. Замоне “Давлати исломӣ” пайдо шуд мегуфтанд, ки гуруҳи давлати исломӣ аст, вале дар воқеият ин “Давлати исломӣ” мебошад ва тасмим гирифтам, ки ба он бипайвандам. Ин ҷо шариат аст, шариате, ки дар Қуръон гуфта мешавад".

Ҳалимов дар ин филми 12 дақиқаӣ аз қавонини Тоҷикистон, ки ба назари вай мухолифи шариат мебошанд, интиқод мекунад. Ӯ дар хитоб ба муҳоҷирини тоҷик мегӯяд, "ғуломи кофирон набошед ва ғуломи Аллоҳ бошед". Ҳамчунин паёме хашин ба Амрико ва амрикоиён мезанад ва онҳоро ба он гунаҳкор мекунад, ки чӣ гуна ҷанговаронро омода мекунанд, то мусалмонҳоро бикушанд. Собиқ фармондеҳи "ОМОН" дар навор аз ҷаласаҳои Вазорати умури дохилӣ зикр мекунад, ки ба гуфтаи ӯ роҳбарони ин ниҳод зидди ҳиҷобпӯшии духтарон дастур дода, бархе масъулини вазорат барои бадном кардани ҳиҷобпӯшон ба фоҳишаҳо ин либосро мепӯшонанду онҳоро ба навор гирифта, тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон нишон медиҳанд. Собиқ фармондеҳи "ОМОН" таҳдид кард, ки ба Тоҷикистон бо ҳадафи барқарор кардани хилофати исломӣ бармегардад.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон ин видеоро шарҳ надодаанд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд. Ба иттилои манобеъ силоҳ ва ҳуҷҷати полковники милитсия Ҳалимов дар ҳуҷраи корияш ёфт шуда буд. Дар пайи ғайб задани Ҳалимов расонаҳои Тоҷикистон аз пайвастани ӯ ба созмони террористии “Давлати исломӣ” хабар доданд, аммо мақомот расман ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
Патриот
туро хоки Точикистон кур кунад. пустат меканам ......................

Курнамак! Беинсоф, ватанфуруш, корупсионер оки миллат танхо ин тавр ин махлукро номбар кардан мумкин асту бас. Хамчун инсон ва ё сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корхои дохилии Точикистон номбар кардани ин махлук ба ман писанд намеояд, чунки имруз ин лаънати обу руи милисаи Точикро рехт, дар милисаи Точик асосан шахсони Ватандуст ва поквичдонон буданд ва хастанд, охир онхо шабу руз дар тартиботи чамъияти ва орому осоишта умр ба сар бурдани шахрвандони Точикистон кушишу гайрат мекунанд.

Озодагон! илтимос хар хел наворхоро бахуда бехуда пахш накунед! Монед мардумро балво наандозед! Хар кас кори худро кунад хукумату давлат обод мешавад. Барои Мардуми одди сиесат чи лозим . Дехкон дехкони кунад духтур бемор табобат кунад... Давлат обод мешавад! Бечора чаноби Оли мехнат мекунад давлатро обод кунад шахсони поени ва журналистони найрангбоз байни мардум ва давлат вайрони меандозанд! Мо бояд тарафдори давлат ва хукумат бошем якдигарро тарафдори кунем давлатро обод кунем! Хеч кас ватани моро обод намекунад ... Ягон ташкилоти байналмилали манфиати моро намехохад... Гайр аз манфиати худ. Дар назди чаноби Оли мухтарам Эмомалии Рахмон чамъ оем давлати азизамонро обод кунем!

нилуфар
Салом.мурдани амихели номард э бмбр ватанфуруш зану фарзанта фикр накади. Ки. Чихот найти ба. Таврт хдо тра мезана оли т фарзанде ки нав зант ба дунё овар партофта рафти руйтвори камандир сиёх

Холт бад твори камандира

Гулмурод Ҳалимов Барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.Ин шучоати Гулмурод Ҳалимов Дар мохи Рамазони соли 2012 ки амалиетро дар шахри Хоруг гузаронданд 280 афсарии хукумати ва 21 нафар сокинони шахри Хоруг кушта шуданд,Соли 2012 Гулмурод кати мусулмониро дар хамон Вакт нишон надоди Дар едат хаст соли 2012 дар вакти амалиет бо мухобираи дасти аз шумо бачахо хохиш карданд ки мурдахойи афсаронро бигиред Шумо хакорат кардед вале мурдахоро нагирифти хамон вакт мусулмон набуди озирин бошад буйи пули америкои шуморо зада,ва бахонаи ман"и крдани ҳиҷобпӯшии духтарони Точик Гулмурод фамид ки мусулмон будааст ва аз Хурди бо дини ислом ошнойи дорад. Ин ҷо шариат аст, шариате, ки дар Қуръон гуфта мешавад" Гулмурод шумо хак надоред ки халки точикистонро"ғуломи кофирон набошед ва ғуломи Аллоҳ бошед"Шумо одамкуш мард намешавад

Сайф
Ман хамчун як шахванди Чумхури хаминро гуфтаниям, ки барои он, ки чавонон ва дигар одамхо ба доми дигарон наяфтанд Хукумати Чумхуриро зарур аст, ки таълими Курон ва дини Ислмро дар мактабхо чори намояд, то ин ки чавонон аз дину оини худ бохабар шаванд. Инчунин Рохбарияти Хукумати Чумхури тахлил намояд, ки оид ба он, ки хичоб аз мо нест Барои хамин Хукуматро зарур аст, ки дар конун оид ба нарафтани чавонон то 18 сола ба масчид тагйирот дарорад. Дар оинаи нилгун(телевизион) як программа оид ба омузиши Курон ва фахмондани Дини ислом ташкил намоянд.

Салмон
Баъд аз ин фоч,иаи Гулмурод Х,алимов, Президенти кишвар бояд куллан ВКДро барх,ам дода, аскару афсари онро зери итоати Кумитаи давлатии амнияти миллии Точ,икистон бояд к,арор дих,ад ! ! !

Ман медонам ки озодагон суханои маро чоп намекунад, локин ба хар хол менависам. Халимов шахси поквичдон будааст, ки хамма кару фарро тарк карда рохи дигарро гирифт. Уро нохакихое ки дар органхои мо хаст карор нагузошт. Шумо фикр кунед агар баъзехо барин беномус мешуд дар ин вазифа ки на ба хар кас муясар мешавад, чунин намекард. Уро санг назанед, чунки ман борхо бо макомот корафтода шудаам аммо онхо пушти мардумро намегиранд ва дар фикри кисаи худ хастанд.Махтале хастанд, ки аризае афтад ва гунахгоро бо маблаг бе гунох гардонанд ва одами зарар дидаро гунахкор мегардонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)