Бахшҳо

Вокуниши хонандаҳо ба талаби қотеи Убайдуллоев: Аввал худатон ҷома пӯшед!

Талаби қотеонаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои муборизаи беамон алайҳи тарғиб ва пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ дар пойтахти Тоҷикистон бо вокуниши корбарони “Озодагон” рӯбарӯ шуд.

Бархе аз хонандаҳои хабаргузорӣ гуфтаанд, ҳарчанд ҷонибдори ин иқдоманд, вале дар ҳоле ки сокинони пойтахти Тоҷикистон даҳҳо мушкили ҳалношуда доранд, ҳарф задани Убайдуллоев дар бораи тарзи либоспӯшӣ ғайримантиқӣ аст. “Ш.Душанбе”, яке аз корбарони “Озодагон” аз раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон даъват кардааст, масъалаи сару либосро дар ҳоли ҳозир канор гузошта, дунболи ҳалли мушкили бекории ҷавонон шаваду роҳҳои берун рафтан аз буҳрони молии кунуниро ҷустуҷӯ кунад. “Доим як масаъларо мебинед. Ҳоло дар пеш зимистон асту соли хонишу ҷашни истиқлолият дорем. Масълаи бекории ҷавононро низ бояд дид. Доим масаълаи сатр ё риш, ин мавзӯъҳо куҳна шудаанд. Мо бояд фикр кунем, ки аз буҳрони молӣ бароем. 80%-и сокинон аз бонкҳо қарздоранду мардум худ руҳан вайрон шудаанд. Ин масълаҳоро бояд дид!”,- навиштааст ин корбар.

Корбари дигаре бо номи “Саидҷон” аз раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон суол кардааст, ки магар сокинони минтақаи таҳти раҳбарии ӯ мушкили дигаре надоранд: “Муҳтарам, ҷаноби шаҳрдор, оё дигар камбудҳо ҳал шуданд?”

Ин баҳсу гуфтумонҳо дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ахиран бори дигар ба масъалаи пӯшиши либосҳои ғайримиллии занон дахл карда, барои мубориза бо ин раванд дастури қотеъ дод. Ӯ дар ҷаласаи васеи кории худ рӯзи 19 август бо иштироки намояндагони тамоми қишрҳои иҷтимоии шаҳр, вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ аз шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мақомоти марбутаи ҳуфзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, институтҳои шаҳрвандӣ, роҳбарони марказҳои савдою тиҷоратӣ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, инчунин масъулини кулли сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ пушидани либосҳои ғайримиллиро хатарзо хонда, хостааст, то аз фурӯши либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона дар бозор ва нуқтаҳои фурӯши пойтахт ҷилавгирӣ кунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бори аввал нест, ки барои ҷилавгирӣ аз пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ дар шаҳри Душанбе дастур медиҳад, вале дар бештари ҳолат иҷрои он аз бонувони муҳаҷҷаба ва рӯсарипӯш талаб мешавад, ки боиси нигаронии бархе сокинон шудааст. “Саид”, корбари “Озодагон” навиштааст, ҳарчанд худи ӯ зидди пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ аст, аммо азбаски дар ин “маъракаҳо” танҳо занони муҳаҷҷаба “қурбонӣ”-анд, наметавонад аз иқдоми Убайдуллоев ҷонибдорӣ кунад: “Ин раиси шаҳр либоси миллиро ба танзим дароварданӣ аст ва мо ҳам тарафдори ин ҳастем, аммо либоси аврупоиро ҳам бояд бардоранд, чун онҳо ҳам либоси миллии мо нест”.

“Тоҷик”, корбари дигар ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, навиштааст, раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле метавонад, дар бораи либоси миллӣ ҳарф занад, ки худ бар тан ҷомаву дар сар тоқӣ бипӯшад: “Магар ҷинсу футболкаву брюку костюму галстук либоси миллӣ аст?! Ҷаноби Убайдуллоев худ дар либоси миллӣ нест боз аз либоси миллӣ суҳбат мекунад! Тоқию ҷома пӯшад ва баъд ин гапҳоро бизанад!”.
Мӯҳр
NA LIBOSI ZEBO BUVAD NISHONI ODAMIYAT!!!!!

хонанда
Чаро хакиката намегем? гап дар сари як риши дак ё формаи чугиги намерава, дар давраи шурави мусулмонш намоз мехонд ку. мешид ку ин чунин одамо проста хтшона куротой мегиран))

навруз
Бенихоят хуб . биёед формами мактабиро хам милли (на европаги,на араби,балки МИЛИ)мекунем .охир либоси миллии МО точикон атласу адрас...........нестми? Ё ин кофтаю юбка либоси мили хисоб мешад??????????????

Точики тоза
Цитата: Точик
тумонҳ

))) Шумо мехохед ки бо замона зиндаги кунед. Аз Аврупоихову аз Амрикоихои бе фарханг фарханги нав фарханги замонави ба даст оред. Пас фарханги нави онхо ин хамчинсгарои хаст.

либоси миллии мо ай трбай асоси

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)