Бахшҳо

Шеъри нави Б.Собир барои Фархунда: "...ватандор агар бандит аст"

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик шеъри тозаеро ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд.

Бозор Собир дар шеъри наваш, ки бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҳафтаномаи “СССР” нашр шудааст, Афғонистонро маҳбаси зан хонда, афзудааст, агар мусалмонии Афғонистон ин бошад, ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт, кам аст.

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
тоцик
инхел шеъри бемазмун ва бе вазну кофияро бори аввал мебинам...

э Хдозаната Риноки Бозорчаи ноширги траму хаму шеьри ба номш мембри карор бгири е ягун чот бор да хор хорак дромадай ранги солои 1992 и дафа ба чхе бо мегрези чртаст?

Бар нокасони зиндаги гардан надодаам,
Аз зери теf бо сари боло гузаштаам !
Устод Кутби Киром
Бо ду мисра мехохам гуям, ки ба ин хел шеърхои дар боло нашр шудан тавачух накунед. На маъно дорану на вазн !

мо реперем ай ида зур менависм агар нависм
бо шоири шинохта шидай

Точик
Офарин. Мардуми фанатика решакан кардан даркор. То ин муллохо гумдон нашаванд чамъяти мо пеш намеравад

Muhiddin musalman.
Ман ба котилони Фархунда аз забони шоир гуфтаниям:
АЁ ЭЙ КОТИЛОНИ НОМУСУЛМОН
ТИХИ МАFЗОНИ FОФИЛ АЗ ХУДОЕД
ХАМЕ ХОНЕД КОФИР ДИГАРЕРО ВАЛЕ АЗ ДИДИ АКЛ КОФАР ШУМОЕД...ALLAHU AKBAR!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)