Бахшҳо

Зоиров: ИНИТ ба ҳар сурат дар интихобот ғолиб меояд

Нилуфари Карим, хабарнигори “Озодагон” бо Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз фаъолони Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи кишвар як мусоҳибае анҷом дод.

Озодагон: Чаро дар давраи пешазинтихоботӣ ин қадар фишор нисбати ҳизбҳои мухолиф мушоҳида мешавад?

Раҳматилло Зойиров: Мегуфтам – “Он чизе аён аст, ҳочат ба баён нест” камтар соддатар мешавад. Мегӯям - Азбаски, ҳукумат бараъло ҳис кард, ки нисбати мухолифини имрӯза заиф мебошад ва интихоботро бой доданаш воқеият дорад, чунин фишорҳоро мушоҳида мекунем. Аз ин рӯ, аҷабо, ҳукумат гуфта наметавонад – “майдон аз далер аст”. Ин навобаста аз он, ки ҳама посбонҳои майдони мубориза аз ҷонибдорони ҲХДТ дар симои ҳукумат қарор доранд (комиссияҳои интихоботӣ, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо ва ғайра). Фишорҳо на танҳо нисбати ҳизбҳои мухолиф аст, ин намоиши қувваи ҳукумат ба ҷомеа, ба ҷонибдорони худ, ба ҳама мебошад.

Озодагон: Чаро маҳз имрӯзҳо ва чаро маҳз ҲНИТ ва ҲСДТ ба чунин фишорҳо дучор шудаанд?

Раҳматилло Зойиров: Сабаби аслӣ дар он аст, ки ҳизбҳое, ки дар гузашта дар алоҳидагӣ амал доштанд, имрӯз якҷоя амал мекунанд, ки натиҷаи он таъсиси ИНИТ аст, ки характери чамъиятӣ гирифт. Ин сабаб дар якчоягӣ бо суст гаштани мавқеи ҳукумати имрӯза ва ҲХДТ дар ҷомеа ҳукуматро водор месозад, ки фишор айнан нисбати ин ду ҳизб пурзӯртар карда шавад ва илоҷаш бошад, байни онҳо тафриқа андозанду, ҳамкории онҳоро барҳам диҳанд. Таъсири фишор, чихеле дар боло таъкид кардам, ба ҷомеа, кормандони ҳокимияти иҷроия, ҷамоатҳо ва ғайра равона карда шудааст, ки «фаромӯш накунед кӣ имрӯз дар ҷомеа ҳукмрон аст». Яъне ин фишор ва таҳдид ба ҷомеа мебошад.

Озодагон: Чаро Зойиров шахсан мавриди фишор қарор мегирад, аммо Кабирӣ бевосита таҳти фишор несту бештар аъзоёни ҳизбаш мавриди зургӯӣ қарор доранд?

Раҳматилло Зойиров: Ин ҳам сабабу асосҳои мушаххасро дорад. Ҳукумати имрӯза ҳамчун хизб аз ҲНИТ хавф дорад, на аз роҳбарони ҳизб. Баръакс, ҳукумати имрӯза на аз ҲСДТ ҳамчун ҳизб, балки аз роҳбари ҲСДТ тарс дорад. Вакте, ки ҳизби хавфнок ва шахсияти хавфнок якҷоя мешаванд, ин барои ҳукумат хавфу тахдиди ду маротиба бештарро ба миён меорад. Аз ин рӯ, фишор нисбати Зойиров барои он аст, ки шахсияти онро номатлуб нишон дода, номзадии ӯро ҳамчун номзади эҳтимолӣ барои аз байн бурдан лозим мебошад. Ҳукумат пурра розӣ мешавад, агар ҲНИТ ба ҷойи Зойиров дигар номзадро пешниҳод намояд.

Озодагон: Боз кадом намуд фишор ва «мушкилиҳо» барои қувваҳои мухолиф, ғайр аз ҳолатҳои маълум, рух додан мумкин аст?

Раҳматилло Зойиров: Ҳар гуна ҳукумати авторитарӣ, ки дорои воситаҳои маъмуриву мақомотҳои махсусро доро мебошад дар эҷоди фишору «мушкилиҳо» устухон надорад. Аз ҷумла, муттахам кардани ин ё он шахс дар содир кардани «ҳуқуқвайронкунӣ» ва дар ин асос оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нисбати номзади эҳтимолӣ, пурзӯр кардани таъсирасонии руҳӣ, ҷисмонӣ, молу мулкӣ ё харидорӣ намудани «ихтиёрии» фаъолони ҳизб, масалан, барои тафриқаандозӣ дар дохили ҳизб ё муносибатҳои байниҳизбӣ, ба миён овардани маҳдудиятҳо дар баргузор намудани анҷумани ҳизб, маҳдудиятҳо дар ҷамъ овардани имзоҳо, ки аллакай дар миқёси ҷумҳурӣ авҷ гирифтааст, даст кашидани раисони шаҳру ноҳияҳо аз тасдиқи варақаҳои имзоҷамъкунӣ ё ташкили семинар ё ҷаласаи ҳукуматӣ, хусусан барои раисони шаҳру ноҳияҳо дар рӯзҳои имзоҷамъкунӣ, ба қайд нагирифтани номзади эҳтимолӣ, баррасӣ накардани шикоятҳои ҳизбҳо ва шахсони боэътимод ва ғайра.

Озодагон:
Интизор меравад, ки чунин фишор пас аз интихобот кам хоҳад шуд? Чунин бархурд бо ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ, аз он ҷумла мухолиф, то кадом ҳад дуруст аст?

Раҳматилло Зойиров: Фикр мекунам, ки пас аз интихобот аз фишору таҳдидҳо ҳукумат бевосита ба барҳам додани ҲНИТ ва ҲСДТ ё чунон заиф кардани онҳо қадам мегузорад. Ин амалҳо сабаби бархурдҳои ҳукумат бо ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ мегардад, натиҷаву оқкибати ин бархурдҳоро пешгӯи кардан мушкил мебошад. Аслан, ворид шудан ба бархурдҳо бо ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ дар ҷомеаи демократӣ аз ҷониби ҳукумат ҳамчун рафтори номатлуб баҳогузорӣ карда мешавад. Давлату ҳукумати демократӣ доимо дар ҳаракати на бархурд, балки парвариши тарбияи мухолифин бошад, ки мухолифин сари вақт камбудиҳои ҳукуматро ислоҳ карда тавонад. Барои ин худи ҳукумат барои мухолифин шароитро муҳайё гардонад. Ин барои пеш рафтани ҷомеа ва давлат бисер муҳим аст.

Озодагон: Аз чунин бархурд, хулоса кардан мумкин аст, ки аҳзоби таҳти фишор ҳамчун рақибони чашмрас ба ҳизби ҳоким дар интихобот шинохта шудаанд?

Раҳматилло Зойиров: Албатта. Ҳукумати босалоҳият ва демократӣ бояд як механизми технократӣ бошад, ки ба ҳар гуна танқид на танҳо тобовар, балки ташаббускори танқиди солим ва тадқиқотҳои объективонаву талх, бошад, на тавсифу таҳният. Дар ҳукумат бояд одамҳои обу тобдида, мутахассисони соҳаи худ, технократҳои дар вазифаи худ устувор, кор кунанд. Муҳимаш, ҳокимияти иҷроия иҷро намояд, сарвари давлат ва раиси ҳокимияти иҷроия доимо ивазшаванда бошанд ва инро ҳамчун қонуният ва анъанаи давлатдорӣ қабул намоянд. Дар ин ҳолат, ҳар як сарвари давлат, ҳокимияти иҷроия аз пурзур шудани ҳизбҳои сиёсӣ, мухолифин танҳо шод мешаванд. Дар интихобот, бо дарназардошти ИНИТ, то куҷо тағйир ёфтани тавозуни қудратҳоро чашмдор шудан мумкин аст? ИНИТ имрӯз қувваи асосии инъикоскунандаи манфиатҳои ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, аз ин рӯ, ӯ дар асл аллакай имрӯз ғолиб омад. Ман тахмин намекунам, азбаски медонам, ки ИНИТ сазовори аз чор се ҳиссаи овозҳои интихобкунандагон ҳаст. Ин воқеият. Аммо, азбаски комиссияҳои интихоботӣ дар дасти ҲХДТ дар симои ҳукумат мебошад ва овозҳо тақаллуб карда мешаванд, натиҷаи интихоботро ҳукумат на, ҲХДТ ба фоидаи ҲХДТ хал менамояд. Лекин ин ғалабаи на ҳукумат, на ҲХДТ нест, азбаски, шикастани иродаи интихобкунанда ин вазнинтарин ҷиноят мебошад. Дар ин ҳолат ҳам ИНИТ ғолиб меояд, азбаски, қудрат, хусусан қудрати инсонӣ дар тарафдории ИНИТ мешавад. Ҳокимияте, ки дар асоси шикасти иродаи интихобкунанда ба ҳадаф мерасад, бисёр умри кӯтоҳмуддат дорад ва танҳо сазовори нобоварии мардум мебошад.

Озодагон: Оё дар Тоҷикистон ҳизби нейтрал, ки на ҷониби мухолиф бошаду на ҳукумат, вуҷуд дошта метавонад?

Раҳматилло Зойиров: Не, наметованад. Онҳо низ ҷонибдори яке аз тарафҳо ҳастанд, ё иродаи сиёсиашон барои ошкор худро муаррифӣ кардан басанда нест. Барои ҳамин функсияи асосии онҳо ин дар театри сиёсӣ бозидани нақши лухтакҳои сиёсат мебошад.
Мӯҳр
Точик
Э Зоиров тамоман шумора нафахмидем неки шумо узбак давлати ТОЧИК-ро нест кардани ва аз байн бурдани хастед хамин шуморо агар узбако овоз натан ягон точик овоз намета ин хизбхои мегуфтагиатон хам тамоман ба нафъи мардум нест. Мардуми точик хушёриро аз даст надихед бубинед ин узбак чи кадар талош дорад то хокимиятро ба даст орад ба хар рох мехохад мардумро ноором созад нияташро бинед. НЕЕЕЕЕЕЕЕ мо мардуми ТОЧИКИСТОН ин корзоро гузаштаги хастем намехохем дубора нооромиро.

Ба Точик:

Ман точик хастам, вале бу у овоз хохам дод! Ту аз номи дигар точикон харгиз гап назан. Чи фарк дорад ки номзад узбак аст, рус аст, тотор аст ва е киргиз. Бигзор у немис бошад, вале мухим босавод, ватандуст, ва адолатпарвар бошад, барои пешравии мамлакат, некуахволии мардумаш ва барои аз байн бурдани махалчиги, фасод ва конуншикани талош варзад. Ин аст орзуи мардум!

Абубакр
Бале бародар дуруст кайд кардед. Ин Зоиров гапашро фикр накарда, сафсатахони кардаст ку... Ах кучо ин ИНИТ голиб мебарояд?? Аз номи хама чавоб надихед Зоиров. Максаду мароми Шумо ба хама маълум. Шумо танхо обро лой карданиву аз он мохи гирифтани. Ин нишонаи номардию ноухдабароии Шумост. То имруз чикор кардед шумо?? Гаштед танкиду гайбад када... Намедонед худро ба кучо занед. Дам пеши Кариби дам пеши Турачонзода медавед...
Бале Иншоаллох бад аз интихобот бехад нагз мешад, ки хамин хищби шуморо бандад...
Худо ба Чаноб барору сарбаланди, ва аз душманонаш нигахбон бошад.

Аличон
Ин гапзании ин одама бин: "ба хар сурат голиб мебароем" Ин чи маъне дорад? Фикр мекунам сохторхои кудратии кишвар аз ин суханои Зойиров ягон хулосаи дуруст мебардоранд. Шахсан ман фикр мекунам, у аз Узбекстон ваъади сахт гирифтаги аст ва нооромии кишвар махз ба манфиати Узбакистон аст. Ин суханонро нодида нагирен, сохторхои кудрати! Мардум ба умеди шумоан,ки маъракаи интихоботи тинчу осоишта гузара!!!

Беном
Ба Точик ва Аличон
Хамин хукумати хозираро Узбакистон ба Сари кор оварда буд! Аввал аз таърихи ин хукумат бохабар шуда баъд ба дигарон тухмат занед! Зоиров точик АСТ ва аз ин хама лакай, кунгурот ва катагану шумо бештар дилаш барои ин мамлакат месузад...

ба рустам
албата зоиров ватандуст аст лекин ту медони ки у зодаи кучо аст хешу табораш дар кучо аст???намедони!ин одам зодаи Узбакистон аст!

Абубакр,
НЕ ДУРУГ НАГУ ТОЧИК НЕСТИ!!!! Нангу номуси точиконата нишон надодести малумай, Хози хам вакт дори ТОЧИК шав! БОНАНГУ БАНОМУС ШАВ!!!! Худо хидоят кунад ШУМОРО!!!!

Абубакр
Хех бародар беташвиш бош. Тамоми сохторхои давлати нагз кор карда истодаанд. Аз дасти ин хеч кор намеояд... Бекор ки монд, хар чиз гуфтан мегирад. Худаш худашро дастгири накунад, ки инонро дастгири мекунад...

Нилуфари Карим, хохишмандам аз Р.Зоир кахрамон натарошед. Дониста бошед, ки у нисбат ба точику Точикистон хайрхох нест. Амалхои сиёсии у гаразнок аст. Аз руйи накшаи барои солхо тархрезишудаи кишвари бегона у ба Точикистон партофта шудааст ва супориши хочагони худро бо махорати нихоят баланд ичро мекунад.
Казоват кунед: аксарияти аъзои ХСДТ аз шумораи кадом миллатанд?; пеш аз интихобот хафт пушташро точик мехонад ва дуруг мегуяд, ба чехрааш нигох кунеду холса бароред; муовинаш Ш.Хакимов кист? У хам гайриточик аст. Харду, ки хизби муваффак сохта натавонистанд, пеш аз интихобот худро ба огуши ХНИТ партофта, бо истифода аз чахолати нахзатиён барои таъсиси ИНИТ комёб шуданд ва акнун мехоханд аз руйи сенарияи соли 1992 Точикистонро боз ба гуруххо ва кисматхо таксим карда, суботу оромиро бархам диханд.
Инро Кабири хуб дарк кардааст ва хеле эхтиёткори низ нишон медихад. Вале атрофиёнаш ба у низ фишор оварда истодаанд, ки окибати нек дар пай надорад.
Агар низоми имрузаи давлатдори ва Президент дар Точикистон тагйир ёбад, ногузир аст, ки рушди кишвар боз дахсолахо кафо хохад монд. Аз ин ру мо бояд, ба дасисахои фиристодахо ва агентхои кишвархои бегона дода нашуда ва мувофики гуфтаву рохнамоии онхо амал накарда, бояд такдири ояндаи миллати худро бо аклу заковати хеш муайян намоем.

Tura
AYBA NAMEDONEN DAR TJ BIYOREN 1- UZBAKA MONEN . U ZOIROV GAPSH DAR KHONAVODAI KHUDUSH NAMEGZARA BO TJ-RA ROHBARI MEKNA . IRA BOYAD AZ TJ GUM KUNAND. BO YAK UZBAK MORA GAP NISHON META BRRRAAAAAEEEEEEEEEEE.......

Rustam,
РУСТАМЧОН ФАКАТ УЗБАКУ ЯХУДИ НАГУ, КИ АЗ ИНХО АЛЕРГИЯ ДОРЕМ БИГУЗОР ЧОПОНИ БОШАД ГУ...

Абубакр,
Мабахши бародар худудт случайна аз Дангара нести????Точик,

Салим .
Э ин к,адар точ,икгуи кардитон якташ х,амин президенти х,озира точ,ик 20 сол боз чи кор кард?!...

номдор
Каримов хам точик хаст лекин бинед барои узбекистон чи корхода кодир аст!

мухочир
Беном,
пётр-1 хам точик буд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)