Бахшҳо

Био-Папа: "Натиҷаи ҳарду ташхиси ДНК-и Зайд Саидов манфӣ буд"

Пажӯҳишгоҳи мустақили “Био-Папа” дар Русия изҳороти Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, ки хулосаи ташхиси ин лабораторияро зери шубҳа гузоштааст, бе асос хонд.

Ҷаноби Саидов дар нишасти ахири хабарияш гуфта буд, натиҷаи ташхиси ДНК-е, ки вакилони Зайд Саидов, раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, аз номи “Био-Папа” пешниҳод кардаанд, тақаллубист. Дар ҳоле ки ташхиси аввалияи ДНК-и Зайд Саидов аз сӯи муфаттишони Оҷонсӣ низ дар ҳамин Пажӯҳишгоҳ гузашта, бар асоси он гӯиё 99,9 дарсад падарии ӯ дар “парвандаи аввали таҷовуз ба номус” тасдиқ шудааст.

Лилия Лазарева, намояндаи клиникаи “Био-Папа”, рӯзи 11 феврал дар суҳбат бо Озодагон гуфт, “мо тоза изҳороти раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистонро дастрас кардем. Ӯ моро як лабораторияе донистааст, ки гӯиё қодир аст ба ивази маблағ ба ҳар кор даст занад. Аммо дар асл чунин нест.” Лазарева таъкид намуд, ҳоло намояндагони “Био-Папа” изҳороти Фаттоҳ Саидовро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва баъдан эҳтимол ҳуқуқшиносонашон ба Вазорати умури хориҷии Русия дар ин маврид муроҷиат кунанд. Ба гуфтаи ӯ, аз ин тариқ мехоҳанд, дар минбаъда аз изҳороти беасос дар ҳаққи онҳо ҷилавгирӣ шавад. “Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шаъни худро ҳифз кунем”,-афзуд Лазерева.

Ин масъули “Био-Папа” шарҳ дод, ки лабораторияи онҳо ду навъи ташхис - додгоҳӣ ва иттилоотиро мегузаронад. Дар мавриди қазияи Зайд Саидов, ки гӯиё дар ташхиси аввалияи “Био Папа” 99,9 дарсад падари фарзанди яке аз “ҷабрдидагон”-и парвандаи таҷовуз будани ӯ тасдиқ шудааст, Лазарева муфассал нақл кард: “Аввалан намунаҳое, ки моҳи августи соли 2013 аз тарафи шахси номаълум пешниҳод шуд, танҳо барои ташхисҳои иттилоотӣ буд, на додгоҳӣ. Бояд гӯям, ки барои ташхиси додгоҳӣ ҳузури ҷонибҳо ҳатмист. Барои мо намунаи се нафарро фиристоданд: модар, кӯдак ва хун дар дока. Хун дар дока бо ҳамон намуна - мӯйи сари Зайд Саидов бо решааш, ки баъдан вакилони ӯ оварданд, мувофиқ омад.”

Лазерева мегӯяд, дар ҳар ду ҳолат ҳам натиҷаи падарии Зайд Саидов комилан рад карда шудааст. “Натиҷаи ташхиси ДНК ё сад дарсад мусбат мебарояд ё манфӣ. Ин ташхис дигар ягон ҷой барои шубҳа намегузорад. Метавонанд натиҷаи ташхиси моро дар ҳар клиникаи дигари ҷаҳон тафтиш кунанд, аммо натиҷа ҳамон хоҳад буд, ки Зайд Саидов падари он кӯдак нест”,-таъкид кард ин масъули “Био Папа”.

Вай афзудааст, “агар додгоҳ ва ё тафтишот барои дақиқ кардани асли воқеа манфиатдор бошанд, пас, мо бо дархости ҷонибҳо метавонем ба ҳайси шоҳид баромад кунем”. Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар қаллобӣ, сӯиистифода аз мансаб, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус гунаҳкор донист.


Мӯҳр
сауд
навбати фатох саидов шуд хукумов ки рафт суханро санчида бугуед ай мансаб сарозер мешавед чаноби фаттох хамачоро мисли точикистон набин капат дуд мекнад

Fattoh Saidov, Sardori Ojons-i Fasod! Ejodkori-i fasodat dorad ruz ba ruz ma'lum meshavad. Okhir non-i halol-i Zaid Saidovro be mehnat khurdan ba bini-yi kas mebaroyad! Fikr nakuned ki dunyo faqat dar dasti shumo barin SARDORONI BESAVOD hast. Adolatu vijdon agar dar vujud-i shumo naboshad. leki dar dunyo hanuz hast. Khudo buzurg hast va moro az bolo mebinad! Dar hurfiyat meguyand, DEGI KHUDOVAND DER JUSH MEZANAD!

Dud-i kapaat baromada istodaast oghoy-i EJODKOR-I FASOD!

Яъкуб.
Агар дар вучуди инхо камтар хуни инсони мебуд е истеъфо медоданд е худкуши мекарданд.Инхо на як худ балки Миллатро шарманда карда истодаанд.....

инсоф
салом фато гоибович барои хамин заид саид асабота ваирон накун хамаш аз руи конун хаст мардуми кишвар худашон нисбати кормандони шумо ва шахсан,ки шумо тахти назорати худ парвандаи чиноятиро гирифта будед,рахмати калон

ачоиб зани МАСЪУЛИЯТНОК будааст Лилия Лазарева.)))))))))))))))))

точик
Охир хама медоанад ки ЗАйдро ки ба турма шинонд, ва барои чи аз тарси аз даст нарафтани власт, вале падари хамон кудак ёфт мешуд ачиб буд чунки мегуянд падари асосии у як макомлори калон аст.

Бобои фатох хтон майли МИЛЛАТА шарманда Каде охи и клиникаи нукта тичи е (made in Dushanbejon) нес ки рулитш кнем оправдатмон КНА охи и шармандагии сохтакориимора меброра дунера бе сохибвор тасавур накнен шояд Барри бофтахот ки шану шухрати ин клиникара паст мекна ба чавобгари кашида шави ва обруи хдтхам пас шава ма як коментари намебинм ки зиди Зайд боша як Миллат тарафи Зайд а як Хукумате ки 75 е 72 КАС зиди Зайд ма хайрон мешам и мард ика пас боша чиба ама тарафдоршан ма намешиносмша но мебинм ки вокеан махбуби мардумай.

Хонанда
Хукумов дар пресс-конференция дахонкалони кард, аз кор ронда шуд. Акнун Фаттох Саидов ин хаторо такрор мекунад. Ин русхо то судбози накунанд, оромат намегузоранд.

Шаттох
Эй мардуми шарифи точик,баъди ин дуругу тухматхо ба у бовар кард? Илтимос аз Худо битарсед эй нохалафон! Якчахон ташаккур! Точикисто аз манй...

Наход бо хамин дарача беадолати ба ниходхои давлати рох ёфта бошад Боварам намеояд

Адвокатхои Зайдро зарур аст, ки аз "Био Папа" дархост намоянд, ки казияи мазкурро ба воситаи матбуоти Россия пахн намояд ва аз болои -Фаттох Саийидов ба суд мурочиат намояд. Вакте ин даъворо худи БиоПапа пеш орад ана баъд мебинед, макомоти хукуки мо чи гуна барои фалсификатсия шарманда хоханд шуд. Худо медонад бо чунин фалсификатсияхо инхо боз чанд нафари дигарро пушти панчара фиристодаанду боз мефиристанд. Пеши рохи чунин конуншикани бояд фавран гирифта шавад.
Инро танхо даъвои БиоПапа аз болои агентии коррупсия Точикистон метавонад яктарафа кунад.
Ончи дар матбуоти Точикистон пахн мешавад, инхо ба назар намегиранд ва боз тухмат эълон мекунанд

Адлия
Рохбарияти клиникаи "Био Папа" и Руссия агар аз тарики каналхои дипломати ё Вазорати корхои хоричии давлати ФР нотаи эътирози пахш намояд, бовар кунед шармандагии навбати ба имичи миллати точик мешавад.Аз бесаводи ва гаразу махалгароии иддае аз мансабдорони Рахмон чони як миллат дар азобу кашмакаш ва тамасхуру хандахариш.

Даврон
анна аку ҳукумат саросема шид чохопох крда ягон кор менан ҳатман ҳоли вазири таедурустӣ барои Лилия Лазарева, намояндаи клиникаи “Био-Папа номаи девонагӣ бароварда мегуянд у да таҳти назари табибони асабшинос аст
аммооооооооооо халабонҳо ёдатон ҳаст???????

Коршиносак
Сари Ҳукумова Турманистон хурд, сари ин мардака Россия мехура...
Ин ранги занакои лави об гап мезадаст ку!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)