Бахшҳо

Тавсияҳои СММ дар пайи сафари Мендез ба Душанбе

Маркази ахбори Созмони миллали муттаҳид аз натиҷаҳои сафари Хуан Мендез, гузоришгари вижаи ин ниҳоди байналмилалӣ дар умури шиканҷа ба Тоҷикистон хабар дода, аз мақомоти тоҷик хостааст, талошҳоро барои решакан кардани шиканҷаю зӯроварӣ бештар кунанд.

СММ аз қавли Мендез мегӯяд, сиёсат дар Тоҷикистон нисбат ба шиканҷа аз воқеият ҳанӯз дур аст. Мендез аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон, ки зидди шиканҷа равона шудаанд, истиқбол намуда, афзудааст, ки ба хотири ҷалб нашудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ташаббусҳо аз камбудиҳо орӣ нестанд ва мушаххас нест, к и кай ҳамаи нақшаҳо амалӣ мешаванд.

Баробари ин Хуан Мендез аз ҷумла хостори татбиқи ҷазои сангинтар нисбати омилони шиканҷа шуда, хостааст, дар қонунгузории Тоҷикистон авфи дастандаркорони ин зуҳуроти номатлуб манъ шавад: “Аз он нигаронам, ки шикоятҳо аз шиканҷаю зӯроварӣ дар Тоҷикистон зиёданд, вале тайи ду соли охир ҳамагӣ дар 4 ҳолат дастандаркорон муҷозот шудаанд.”

Мендез инчунин аз дастрасии фаврӣ пайдо накардани вакилони дифоъ ба зерҳимояҳояшон изҳори нигаронӣ намудааст. Ӯ аз адами пешрафтҳо дар самти тасвиби протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷа низ аз ҷониби Душанбе изҳори таассуф карда, афзудааст, ки “тасвиби ин санад метавонист, ба шаффофияти низоми ислоҳии Тоҷикистон мусоидат кунад.”

Дар қатори камбудиҳои дигари қонунгузории Тоҷикистон алайҳи шиканҷа Мендез аз ҷумла овардааст, ки “бо иловаи тағйирот қонунҳои Тоҷикистон бояд истирдоди нафаронеро ба кишварҳои дигар, ки он ҷо онҳоро шиканҷа интизор аст, манъ кунанд ва он бояд тариқи додгоҳ ҳал шавад.”

Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар мавриди шиканҷа рӯзи 10 феврал бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуда, дар пайи мулоқот бо мақомоти тоҷик аз маҳбасхонаю маҳкамаҳо низ дидан кардааст. Хуан Мендез моҳи майи соли 2012 низ аз Тоҷикистон боздид карда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва Исфараву Истаравшан бо вазъи 17 муассиса, аз ҷумла аз зиндону қисми ҳарбӣ ошно шуда буд. Мендез аз натиҷаҳои сафараш моҳи марти соли 2013 дар ҷаласаи Созмони Милал гузориш дод.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)