Бахшҳо

Ҳазфи “ов”-у “вич” аз насаби раисони Хуҷанду Исфара ва Конибодому Панҷакент

Як гурӯҳ аз мақомдорони вилояти Суғд пасванди русии “ов”-у “вич”-ро аз насаби худ ҳазф кардаанд. Рустам Ғиёсов, раҳбари дастгоҳи ҳукумати вилоят, насаби худро ба Рустам Раҳматулло иваз намудааст.

Инчунин, раҳбарони Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва Истаравшану Ғончӣ низ пасвандҳои русиро аз насаби худ берун кардаанд. Раҷаббой Каримов, раиси шаҳри Хуҷанд аз ин ба баъд Аҳмадзода Раҷаббой ва Даврон Зоҳидов -- раиси Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир номида мешаванд. Раиси шаҳри Панҷакент Хисрав Абдуназаров низ насаби худро ба Хисрави Абдуназар тағйир додааст.

Чанде пештар мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд дар сӯҳбат бо мо гуфта буд, ки танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ барои тағйири насаб беш аз 500 нафар муроҷиат кардаанд, ки як гуруҳи онҳоро мақомдорон ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ ташкил медиҳанд. Дар давоми соли 2013 беш аз 4 ҳазор сокини Суғд барои қайди ивази ному насаби худ ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилоят муроҷиат кардаанд.

Ҳазфи пасвандҳои русии “ов”-у “вич” аз ному насаби мансабдорони тоҷик дар пайи даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2007 сурат мегирад. То кунун чанде аз мансабдорон дар пайравӣ ба раисиҷумҳур, ки ному насаби худро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон табдил додааст, аз баҳри “ов”-у “вич” гузаштаанд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандони кишвар ба насабгузорӣ тариқи пасвандҳои “ов” ва “вич” интиқод намуда, онро далели заъфи ғояи миллии афроди алоҳида хонд. Дар пайи ин, дарҳол Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ эълон кард, ки насаби худро ба Қосими Раҳбар тадил додааст. Инчунин, Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ, ному насаби худро ба Абдуфаттоҳи Ғоиб, Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ба Гавҳар Шарофзода ва Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ба Самӣ Шариф тағйир доданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ном
Номхоро тагир додед нагз , акнун аз хочагони халк ба хизматгори халк буданатонро иваз карданро фаромуш накунед.

99
Руссия ки намерен шумо ба чи

Я бекли бесаводи Ба фамилия алиш книи шмо давлат пеш нарава охи

Ин номивазкунихо боз як бори дигар садокати худро ба сарвари давлат нишон додан аст. Ин мансабдорони мо хизмат кардан ба сарварони худро шиор кардаанд на ба халк

Дар Точикистон дигар кор нест магар? Чинояткори, гардиши гайриконунии маводи мухаддир, одамдузди, суистифода аз мансаб (барои коргарони гайри "клан"), каллоби, фохишаги ва гайрахо, ки имиджи Точикистонро ба хок як мекунад ва карда истодааст.
Фахмидан мушкил нест: "ов" ва "вич" душманони аслии Точикистон ба шумор рафта, пеши халли рохи хамаи мушкилихои кишварро дар бар мегирад.
То чунин корро кардан, вазифахои худро супоред нагзтар мешавад. Айб аст барои одами бонангу номус чунин корхои пуч.

Салом
Хело хуб!!!

Макомдорон бозори шуъбаи сабти асноди холатхои шахрвандиро гарм мекунанд. Охир онхо ба Роосия ба мухочират намераванд бинобарин хеч мушкилие ба сар намеояд аммо мардуми одди аз иваз кардани ному насаб ба мушкилихо дучор мешаванд хусусан дар Россия.
Рохбарон гуё фикр мекунанд, ки онхо агар ному насабашонро иваз кунанд, ин ифтихор аст. Ифтихор дар мехнати халол, дастгирии мардум, шароити шоиста зиндаги фарохам овардан, хизмат ба чомеъа, ин не ки ба сари мансаб шишти имруз ном иваз мекуни пагох парчам месози рузи дигар иди харбуза мекуниё рузи чорум заминхоро ба фуруш мемони .....

Darvesh
Eh kori khayre karden. On shakhsone ki ba Russiya ba muhojirat nameravand!!!! Kani binem pas az 6 moh TJK baroi noivazkunii Shumo chi qadar pesh merafta boshad??????

USA
Дар инчо чи гап хаст. Ба фикрам бо Русия дар кадом масъалае нофахми сар задааст, аз ин хотир аз боло амр карданд хама насабхои русиро иваз кунанд. Харчи бошад ман аз ин амал истикбол мекунам. Безорем аз хамин "ову", "гову", "вичу", "лич" . Насабхои точики зебоянд ва хам бояд мо дигар аз Русия вобаста набошем. Русия хеч гох шарики стратеги набуд. У хама вакт дар холати ба нафъаш хал нашудани ягон масъала, худашро душман мебарорад. Мо бояд бо Амрико равобитро кави кунем.

Сангов,
мера охи, и тари нагу, и руз пага чайрахурам мешем, Товба кардум Парвардигор.

salom
хеле хуб - акнун ба ед оред ки шмо бояд ба халк хизмат кунед на ин ки халк мисли гулом шуморо бой кунад

Душанбе
Фамилияхоро иваз карданд. Мансабдорони азиз аз шахрвандии Руссия кай даст мекашида бошанд. Аксарияти мансабдорон бо ахли оилаашон шахрвандии дугона доранд. Ягон хабарнигоре хаст, ки оиди хамин масъала як мониторинг гузаронад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)