Бахшҳо
18 фев 2014 09:26Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Боздошт ва ҳабси сармутахассиси Кумитаи андоз барои талаби "пора"

Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ё коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Ҳалим Касиров, сармутахассиси Кумитаи андози кишвар, хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, Касиров дар қаллобӣ ва гирифтани ришва дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои торнамои расмии Оҷонси зидди фасоди молӣ, сармутахассиси Кумитаи андоз барои дар санади санҷишӣ кам нишон додани маблағи ҷарима аз соҳибони яке аз ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд 10 ҳазор доллар талаб кардааст.

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии кишвар мегӯяд, Касиров ҳангоми супоридани варақаи санҷишӣ ва гирифтани қисмати дуюми маблағ дар ҳаҷми 5 ҳазор доллар аз сӯи кормандони ин ниҳод рӯзи 14 феврал боздошт ва инчунин аз шахси гумонбар далелҳои шайъӣ гирифта шудааст. Манбаъ илова менамояд, алайҳи ин корманди Кумитаи андоз бар асоси моддаи 319 қисми 4 банди “в”-и Кодекси ҷиноиии Тоҷикистон, яъне аз ҷониби шахси мансабдор шахсан бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани пора барои иҷрои амали муайян ба манфиати порадиҳанда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, гумонбар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Ҷумъахон Холов, як мансабдори Идораи андози Душанбе низ аз сӯи кормандони оҷонсӣ барои тамаъкорӣ боздошт шуда буд. Оҷонсии зидди фасоди кишвар гуфта буд, Ҷумъахон Холов баъд аз 6 моҳи санҷишу гирифтани 50 ҳазор сомонӣ “пора” аз соҳибкор Мирзокаримов, аввали соли ҷорӣ дигарбора аз ӯ пул талаб намуда ва шарт гузоштааст, ки дар акси ҳол фаъолияташро аз санҷиш хоҳад гузаронд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Jon
Salom Mardumi Sharif,

Vaqte ki in maqolaroo mekhonii meguii ki kormandonii agenti khudashon mablagh namegirifta boshad. Az kujo vayhoo zindagiashonroo pesh mebaran? Tojikistonii mo az pushtii hamin kasalii pesh rafta istodaa ast va garnaa mardum tamoman qashoq shuda meravad..

Vaqte ki maosh 1000 e 3000 somoni boshad in namerasonad ba yak oilaaa. Baroi moshin dar 1 moh kamash az 200-1000$ kharojot mekunan. Ana aku biyov bgir. Mardum az ruii hamin chakidan zindagiashroo pesh mebarad. Mo naboyad 1 odamroo dast gir kunemuu digar odamhooroo nodida girem.

ba fikram guftanii man shart nest. khudaton hamaashroo az man ba nazgtar medoned.

Гулмурод
Хой налоговики оддии нохия Хоби чи Аз хоби гарон хез Лакаев Б. Се соли инчониб ба макомот хайру хуш карда рафт Баъд ин ки се бор дахонатро об гардону баъд Номи Лакаевро гир

назаршо
хеч гап не инхо хама як тоифаанд. боз 20 хазор ба болотар медихаду рахо мешавад.хамин гуна аст то болотар

фируз
Ин бечора тага надоштаст барой хамин, ё камтар дар болотар медодаст, ё аз ягон хеши мансабдор гирифтаст гапи онхоро гуш накардаст.хамин гуна омилхо шуда метавонад.

Гулмуроди лаганбардор навишту як шархи обдор нисбар ба фасодкорихои дар бозорхои шахри Душанбе аз "Моро хамрои кунед" гайб зад. Ё атрофи сире хаст?! Мухтарам "Озодагон"!.........

и ки боша. и кадар тарифш кард глмурод. глмродам албат ранги хами

Чумъахон
Агар нисфи Точикистонро ба хабс гиранд бо ин маошхоеро ки хуакумат медихад ин порагири анчом намеёбад инро хукумат нагз медонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)