Бахшҳо

Сиёвуш Зуҳуров: Ман домоди президент нестам (ВИДЕО)

Сиёвуш Зуҳуров -- писари Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар суҳбат бо “Озодагон” домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон будани худро рад кард.

Зуҳуров баъди гирифтани медали нуқра дар сабқати байналмилалии “карате ню-фул контакт” ва “кикбоксинг” дар Эрон бо “Озодагон” суҳбат карда гуфт, хабарҳо, ки гӯиё ман домоди раисиҷумҳурам ягон асос надоранд: “Ман ҳанӯз 20-солаям ва феълан муҷаррад мебошам. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултаи ҳуқуқшиносӣ мехонам. Ҳамаи овозаҳо дар бораи хонадории ман бофта аст.”

Ба суоли “Озодагон”, ки бармеояд, духтари президент ҳамсари бародари Шумост, бо табассум “намедонам” гуфт.

Ин дар ҳолест, ки қудо шудани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Зуҳуров тобистони соли гузашта расонаӣ гардид ва баъди ғолибияти Сиёвуш Зуҳуров дар Эрон дубора ин мавзӯъ дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Сиёвуш дар хабарҳо ҳамчун домоди раисиҷумҳур муаррифӣ шуд, аммо худи ӯ инро дурӯғ хонд.

Ӯ ахиран дар Эрон бо ду рақиби худ - яке аз Ироқу дигаре аз Эрон - дастболо гардид ва дар даври ниҳоӣ бо сабаби лат бардоштани пояш натавонист ба рӯи татамӣ барояд ва соҳиби медали нуқра гашт.

Сиёвуш Зуҳуров афзуд, ки фаъолияти варзишияшро падараш Бег Зуҳуров сарпарастӣ мекунад ва дар идома ҷузъиёти қувваозмоӣ ва лат бардоштанашро ба “Озодагон” шарҳ дод, ки пешниҳоди Шумо мекунем:



Мӯҳр
Чи бало шуд? Мардум хешу табор шудани худро бо ЧО "ор" медонистаги шуданд. Чашмонашон равган гирифт-ми?! Ё аз хонаводагии президентхои "мардуми"-и чахон хабардор шуда истодаанд (дастгир ва чавоб шудани домоди Акаев...).

Тахлил
Агар тахлил карда бароем хамин овозахоро худи журналистон баровардаанд. Аниктараш сомонаи Озодагон!

Rafik oyo tocik nest? Va man nafahmidam çaro guzoriş ba zaboni davlati surat nagiriftaast?

Ошик
Бехтарин духтари чаноб хамон аст ба акидаи банда.

Хабиб
Бег Кулобро забт карда истодааст. Аллакай 40 иншоотро гирифтааст, аммо ягонтоаш фоида наоварда истодааст. Зарари чукурии 16 ошёнаашро шоир Хакназар Гоиб дида истоааст. Магозаи ин бечора дар лаби чукури кариб чаппа шудааст.

bachai zebovu bosavod.ofarin..lekin duxtari prezident dar sari roh nestki har kasa tiyanush.ba in oila taaluk nadorad in oila ham oburui xudro dorad.

Офарин шербача ҳамеша муваффақу комём бошӣ! да куҷое таҳсил карда бошиям забони модарира фаромуш накун!!!

Будущего олимпийского чемпиона и обладателя поясов в своей категории мы сегодня рады поздравить! Пожелать хотим только успешных выходов на ринг и регулярных подъемов на пьедестал! Пусть спортивный дух твой укрепляется, и на пути не будет непреодолимых преград!

Бародар Сиёвуш ифтихори ватан хасти.Кош монанди ту варзишгарон дар ватан зиёд мешуданд...

По моему визуально он выглядит воспитанным и в меру грамотным...плюс еще спортсмен. Отрадно.

Dev
Az rui suhanroniash bachai botarbiya metobat. Ba padarash kor nadoram, u hud ki varzishkor , in alakaj obrui mardumi tojik ast.

Шахноза
Озодагон... Барои чи дар охир овози журналист дигар буд??? И что за окцент у нее??як одами ба савода кор намегирен? Е точки гап зана.

Az in suhbat malumam shud ki zhurnalist interesash tamoman digar 4i budastu be4ora ba4a boshad shishtast dar borai muwafaqiyathoi varzishiash nakl karda, eh Khudoe, lekin BA4AI KHUSHRU BDAY) molodez muwafaqiyathoi naw ba naw orzumandam!!!!!

Молодец .
Чувствуется, молодой спортсмен имеющий опыт ...
Надеюсь у него будет результаты еще выше...
Симпатичный , здоровый парень ...
Не понемаю помирский акцент журналистки , а ведь я зн что они вроде образованнее чем та которую мы слышали ...
Побольше спортсменов - на вид похожие как он, на Таджика!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)