Бахшҳо
26 фев 2014 16:03Тоҷикистон / Сиёсат

BHR: “Қарори додгоҳ нисбат ба Тутубалина зидди меъёрҳои байналмилалист”

Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз 30 ҳазор ҷарима шудани Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс” аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт нигаронӣ карда, онро талоши мақомот барои маҳдудсозии озодии баён донистааст. Ин созмон дар изҳороти худ, ки рӯзи 26 феврал пахш кард, гуфтааст, “қарори додгоҳ хилофи меъёрҳои байналмилалист”.

Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар изҳороти худ, инчунин, аз моддаи 30-и Қонуни асосии Тоҷикистон иқтибос овардааст, ки бар асоси он ҳар нафар ҳаққи озодии баёнро дошта, таъқибу сензураи давлатӣ барои танқид манъ мебошад. “Ҳангоми содир кардани қарор додгоҳ бояд бандҳои махсуси қонунҳои байналмилалӣ дар мавриди ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсиро ба эътибор бигирад. Бояд ҳаминро гӯем, ки муаллиф дар матлаби худ ному насаби касеро нагирифта, танҳо аз ибораи В.И.Ленин истифода кардааст. Ҳатто агар ин назари шахсии хабарнигор ҳам бошад, ҳаққи мунташир карданро дошт”,-омадааст дар изҳорот.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврал даъвои як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина -- муҳаррири “Азия-Плюс” ва муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро қисман қонеъ кард. Додрас Сурайё Ҷобирова ҳангоми қироати қарор гуфт, ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён буда, муаллиф ва “Азия-Плюс” вазифадоранд, дар тӯли ду ҳафта раддия чоп намоянд ва ба Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева 10 ҳазор сомонӣ (дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ) ҷуброн пардохт кунанд. Ба қавли додрас, ин се нафар баъд аз хондани матлаби Олга Тутубалина зарари маънавӣ дидаанд.

Аммо Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, “дар парванда мушаххас нест, ки даъвогарон чӣ гуна фишорҳои равониву физикӣ дидаанд ва додгоҳ онро чӣ гуна мушаххас кардааст? Аз ин хотир, аз коллегияи додгоҳӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии додгоҳи шаҳри Душанбе даъват мекунем, ки ин парвандаро мунсифонаву боадолатона баррасӣ намояд.”

BHR: “Қарори додгоҳ нисбат ба Тутубалина зидди меъёрҳои байналмилалист”Дар ҳамин ҳол, Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, мегӯяд, қарори ахири Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба Ттубалина ҷомеаи журналистиро нигарон сохтааст. “Мо ҳоло байни якдигар маслиҳат ва машварат дорем. Алҳол тасмими охиринро нагирифтем. Албатта, намехоҳем, мавқеъгирӣ ва ё изҳороти мо ба ҷаараёни мурофиаи додгоҳӣ таъсир расонад. Вале мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон алҳол ҷавобгар ё тарафдорони онҳо имкон доранд, шикояти кассатсионӣ баранд. Вале мо созмонҳои журналистӣ бар он ҳастем, ки чунин муносибати мақомоти аввалияи додгоҳӣ дар ин қазия як навъи фишороварӣ ба озодии баён аст. Баъд аз озодии баён озодии сухан аст. Шояд созмонҳои жуналистӣ рӯзҳои наздик бо ягон баёния ё изҳороте баромад кунем”,-таъкид дошт ӯ.

Ин баҳси додгоҳӣ баъд аз нашри матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции”-и Олга Тутубалина, ки дар пайи бозгашти Бозор Собир аз Амрико чоп шуд, оғоз ёфт. Тутубалина дар ин матлабаш аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурда ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
Журналист
"Аввал андеша, баъд гуфтор" чунин аст мақоли халқӣ ва 100 фоиз дуруст ҳам аст, хонум Олга. Ман муҳаррири "Азия плюс" гуфта аз худ рафтан шарт нест, дар назди Қонун ҳама баробар.

Агар Туту ба чои зиёиён журналистон мегуфт мо тарафдор будем. Додгоххам Тутуро сафед мекард..

Кироншох, ко кайя маслихат мекуни? Бо КИ?

Гурдофарид
Мебахшену Чи шумо хурсанд шудед, ки Хонум Олгаро чарима намуданд? Ба фикрам худат кадом шоири хасаки асти а? Дар маколахаш харчи гуфтаст рост гуфтаст. Журналист бояд чунин нотарусу часур бошад Ин хонум мисли Шери нар суханхояшро дар макола навиштаст. Ман бовар дорам, ки у голиб мебарояд. Такшто бехуда хари нанавис. Зеро Олга метавонад!

Бехтарин ва дакиктарин назар нисбат ба хукми суд ,ба фикри ман хамин гуфтахои Шабдолов аст: "Часть таджикской интеллигенции дождалась от «Азия-Плюс» правду о себе. Я с полной уверенностью могу заявить, что те, которые сегодня кроме себя и своего благополучия не думают ни о чем, те, которые хотят переписывать историю, готовы послужить новоявленным хозяевам жизни, являются говном и дерьмом».

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)