Бахшҳо
06 мар 2014 13:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Комил Бекзода: “Дар боби инкори Худо дигар баҳс карданӣ нестам”

Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадаф аз таълифи "Ҷаҳонбинии оянда", ки ҳоло бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шудааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад.

Бекзода рӯзи 6 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “бархе аз дӯстон ба хотири муҷодала бо ман, мавзӯъҳои "Ҷаҳонбинии оянда"-ро ба баҳс кашидаанд, ки дигар дар ин мавзӯъ бо касе суҳбат карданӣ нестам”.

Комил Бекзода мегӯяд, ин мақолаи онҳо ҳеч гуна китоби илмӣ, баҳсӣ ва идеологию фалсафӣ нест: “Ба хотири хотима ёфтани ин баҳси хасакӣ аз ин ба баъд дар ин мавзӯъ бо касе муҷодала намекунам ва ҳар кас бо мо баҳс мекунад, китобҳои зиёд дорем, марҳамат!”

Ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо мегӯяд, мақолаи "Ҷаҳонбинии оянда" маҳсули 20-солаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошад, ки аз тарафи ӯ ташкил шуда, мавриди мазаммати бархеҳо қарор гирифта буд: “Вақте мо маҳфили Ҷаҳони андешаро ташкил кардем, баъдан баъзеҳо гуфтанд, ин маҳфил нест, чойхонаи Бекзода мебошад. Мо тасмим гирифтем, барои барҳам задани ин нофаҳмиҳо дар шакли хулоса мақолаеро ба нашр расонда, ҷомеаро огоҳ кунем, ки дар муддати ин 20 сол мо чӣ кор кардем.”

Оқои Бекзода дар мавриди ҷой доштани бобе дар бораи инкори вуҷуди Худованд дар “Ҷаҳони андеша” гуфт, албатта онҳо мавзӯъеро дар ин бора дар мақола ҷой додаанд, ки аз ҳама муфассалтарин қисмати он маҳсуб мешавад. Вале ба гуфтаи ӯ, дар ҷомеа ин қисми мақолаи онҳо каме дигар матраҳ шудааст: “Масъалаи ҷавҳарӣ ин аст, ки мушкили асосии инсоният ба назари Ҷаҳони андеша вуҷуди марг ва мурдани инсонҳост. Ҳамаи динҳо ҳам кафолат медиҳанд, ки гӯиё пайғамбарону Худоҳояшон инсонро пас аз мурдан зинда карда, ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшанд. Мо дар асоси китобҳои илмии ҳозираи ҷаҳони Шарқ гуфтем, илми имрӯза алакай роҳу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад. Он вазифае, ки динҳо назди худ гузоштаанд, илми имрӯза алакай инро иҷро карда метавонад. Барои ин андешаро гуфтан, агар дар бораи Худо гап назанӣ, намешавад. Дигар мо чизе дар бораи Худо нагуфтаему мақомашро муҳтарамона аз нигоҳи таърихӣ ба қалам кашидаем.”

“Ҷаҳонбинии оянда” дар шакли китобчаи иборат аз 40-саҳифаӣ моҳи июли соли 2013 бо теъдоди 100 нусха дар нашриёти «Кайҳон»-и шаҳри Душанбе ба табъ расидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чамшед
Ранги Кохинони маъбади ОМУНАЙ

кулоби
Ман нафахмидам ин одам гуфтани аст ки худо вучуд надорад ????

Бо салом! Дустонигиромӣ ин инсон худашро ба дигар рӯ нишондодани аст мегуяд дар ин масала гап намезанем .Ой бехабар ту агар файласуф мебудӣ бояд, ки исбот мекарди он китобоне, ки ту нишон медиҳи кайҳо боз аз тарафи олимони мусалмон рад шудаанд. КАДОМ ИЛМ "Мо дар асоси китобҳои илмии ҳозираи ҷаҳони Шарқ гуфтем, илми имрӯза алакай роҳу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад". эээ ТУ ҲОЛО ҲАМ ХОБӢ НА шарқу на ғарб инсонро зинда карда наметавонанд, агар зинда мекардан чаро инқадар одаммони ба гуфтаи ту олимонашон зинда накардан?КАНЕ РАВ ПЕШИ ҲАМАИ ғарбиёну шарқиён зорра кун дар ҳамин сари худат ё дар ҳамин руят як тағироти куллли эҷод кунанду ту ҷавон шавӣ. Паёмбарон омадаанд, ки инсонро бигуянд барои зиндагии ҷовидона тушае омода кунанд ва ба фармудаҳои Худованд амал кунанд ки ин амал кардан танҳо барои фоидаи худашон аст. Дар асри 21 то ба ҳол касек мисли ту шарманда нашуда буд. Доноҳое пештар аз ту муқобили Худо садо баланд карда буданд, аммо имрӯз ба гушаи ҳамин замини Худованд зери хоки сард дар азобанд. Ҷаҳонбинии ояндаро аз ин паас метавони дар масалаҳое, ки барои мардум фоиданок бошад ба риштаи баррасӣ қарор диҳӣ, ОЯНДАРО ФАҚАТ ХУДОВАНД МЕДОНАД МАГАР ҲАМИНТАВР НЕСТ ДУСТОНИГИРОМӢ?

Abdulloh
HAYFI UMRI ODAMI KI 20 SOLI ONRO BAROI INKORI XUDO MASRAF KUNEM. NAXOD INSON TO BA IN HAD POYON FAROYAD!

Bovari doram ki inBekzoda yahudtabir ast...Az ada u irfon bekhabar ast...ba digar roh shuhrat nayoft ana hamin..qissaboro barovard...Kitobi digari u ki Gurez az Khayom nom dorad ana hamin gu.a puchu besamar ast..Mo isbot kardem dar on jo ki Bekzoda naboyad dar barobari Khayom gap zanad zero hamtoi u nest...Holo did ki tojikon uro orom nameguzira.d az bahs megufezad..Masuli asosii kitob khudi ust

Изат
"Ҳамаи динҳо ҳам кафолат медиҳанд, ки гӯиё пайғамбарону Худоҳояшон инсонро пас аз мурдан зинда карда, ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшанд. Мо дар асоси китобҳои илмии ҳозираи ҷаҳони Шарқ гуфтем, илми имрӯза алакай роҳу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад". - Огои Бекзода, аз руйи кадом китоби шарк чунин хулоса баровардааст. МАрхамат номхои китобхоро мегуфти! Афсус китобатро дастрас накардам вагарна маколаи хубе дар чавоб нашр мекардам. Аз худо тарс, ё ба хамин васила мехохи худата реклом куни:?

"илми имрӯза алакай роҳу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад."

Kadom ilm budast? Hohishmandem ba mo niz rushani meandoht in donishmandi Tojik az gujo in chizro gifirft? "аз нав зинда кардани инсонро" Durug ast....

Хайфи Точикистонки туро дар хокаш рохдодааст ту 99% халки точикро тахкир карди кучост шурои уламо кучост кумитаи Дин агар як чавон ба масчид равад ё касе тар маъракааш 2 хурок пазад сару садо мекунед ё дар ин масъла поятон мелангад ?

Абдулло
Ҷосуси Ленин ва Изроилу Ғарб корашро кард

Komil Bekzoda dar borai makolai hud " Jahoni Oyanda" ki yake az purbahstarin wokiyoti ruz shud. Holo, yak makolai digar dar Ozodagon chop shudast ba nomi "Комил Бекзода: “Дар боби инкори Худо дигар баҳс карданӣ нестам”

Komil Bekzod guftaast ki "илми имрӯза алакай роҳу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад" Hohish mekardem ba in kame rushani meandoht, hangomi in shahs "ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон" ast...

1: ba olimoni kadom shirkat in muyassar shud ( AZ NAV ZINDA KARDANI INSON) ?

2: Bo kadom asos in suhanro guft, isbotash gujost?

3: Hangomi inson murd Ruh az tanash mebaroyat, mo hamonro az nav zinda kardan meguyem ki ba badan ruh darorad, ki va kadom davlat tavonist in korro amali kunad?

Salomat boshed

Рахимов. Душанбе
Ту таълими Исломиро дар хурди нагирифтаи !!!! Кохинони маъбади ОМУН хам фикри. туро доштанд ;

ПЕШНИХОД МЕКУНАМ АЗ ИН БАЪД КОМИЛ БЕГЗОДА - КОХИНИ МАЪБАДИ ОМУ НОМГУЗОРИ КАРДА ШАВАД ВА ХАР ЧОЕ АЗ У ЁД ШАВАД ИБОРАИ КОХИН ФАРЗ АСТ.

Одил
Мебахшед бародарон чи лозим-аст тахкирот!Охир мо дар-кишвари-дунявии замоне-хело-0таракикарда-зиндагони-дорем!Як
кас ба-худо-бовари-дорад-як-нафар-материалист-х

Файласуф
Мухтарам Саидмукаррам Абдулкодирзода бо хайъати Шурои Уламо, ки хамеша дифоъ аз мусалмонон мекунед, кани як часуритона нишон дихед, Устод- Файласуф ба бахс даъват кардааст. Хамчун намоянда аз мусалмонони кишвар бо он кас Бахс карда як номатонро машхур кунед.

Рафик К.Бекзода иктибос аз китоби шумо "илми имруза аллакай роху усули аз нав зинда кардани инсонро дорад" савол:
Кадом олими муосир ва кай инсони мурдаро дар ин дунё зинда гардонидааст?
Агар ин кор шуда бошад насаби шахси мурдаи зиндашуда чист?
Агар ин кор нашуда бошад ба хотири чи шумо ин калимаро навиштаед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)