Бахшҳо

Муаллифон: “Баҳсҳо дар атрофи вуҷуди Худо ғаразноканд”

Аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”, ки ахиран китоби ба табъ расондаи онҳо (“Ҷаҳонбинии оянда”), бахусус боби он дар мавриди вуҷуди Худо, боиси баҳсҳои зиёде шудааст, бо пахши баёнияе аз бархӯрдҳои шадиди корбарони Интернет изҳори норизоӣ кардаанд. Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Бобоёров (Холиқзода), Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Шодибой Атоӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Номвар Қурбон Файзи Олӣ узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” будаанд.

НАЗАРИ КОМИЛ БЕКЗОДА

Онҳо гуфтаанд, агарчӣ дар китоб касе таҳқир нашудааст, аммо то кунун дар Интернет нисбат ба муаллифони “Ҷаҳонбинии оянда” 300 вожаи таҳқиромезро ба кор бурдаанд. “Ин сабаби нофаҳмиҳо ва тавтиаҳо (дасисаҳо) и сиёсию мазҳабӣ ва нооромии кишвар гардиданаш мумкин аст”,-навиштаанд муаллифон.

Ин изҳороти аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” тавассути доктор Ҳафиз Бобоёров, ки яке аз онҳост, дастраси “Озодагон” шуд, ки матни комилашро инҷо мегузорем:

“Маҳфили “Ҷаҳони андеша” аз соли 1993 то 2013 давом кард. Ба муносибати 20 солагии маҳфил мо китоби “Ҷаҳонбинии оянда (Ҷаҳонбинии алтернативӣ)” ро таълиф намудем. Дар муддати 20 сол принсипи асосии Маҳфил ин буд: фарҳанг бидуни сиёсат. Ин принсипро мо дар тӯли 20 сол риоя кардем. Ҳарчанд ки ин Маҳфил тобеи маъмурияти Институти фалсафа буд, вале андешаҳои дар ин китоб омада назарҳои фард фарди муаллифони ин китоб мебошанд. Яъне андешаҳои китоб ҳисобаш аз ҳисоби Институти фалсафа ва Академияи илмҳо ҷудо аст.

Рӯи сухани муаллифони ин китоб ба сад соли ояндаи ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Бо ҳамин сабаб, номи китобро “Ҷаҳонбинии оянда” гузоштем.

Аз нашри китоб як сол гузашт. Касе аз фарҳангиёни тоҷик ба он таваҷҷӯҳ накард. Вале моҳҳои феврал ва марти соли 2014 ба сабаби ҳодисаҳои Украина якуякбора ҳаёҳуе дар атрофи яке аз мавзӯъҳои ин китоб (мавзӯи вуҷуди Худо) барпо намуданд. Мо чунин муносибатро дар нисбат ба як китоби фарҳангӣ мунсифона ҳисоб намекунем ва ғаразнок медонем. Мо муаллифон ҳеч гоҳ дар тӯли 20 сол ба масъалаҳои сиёсӣ ва мазҳабии ҷомеаи Тоҷикистон дахолате накардаем. Чаро ки чунин дахолатро мухолифи принсипи асосии китоб, ки фарҳанг бидуни сиёсат ном дорад, мешуморем. Ва то ба имрӯз побанди ин принсип ҳастем.

Маҳфили мо дар муддати 20 сол танҳо дар доираи шунавандагони маҳдуд, ки ба илм сару кор доштанд, мегузашт. Баҳсҳои мо дар пояи методологияи илми муосир баргузор мешуданд. Мо барои намуна ва мисол дар охири китоб рӯйхати 17 сарчашмаи илмиро зикр намудаем, ки дарбаргирандаи навтарин тадқиқоти илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ ҳастанд.

Мо, шаҳрвандони давлати демократӣ, фаъолияти худро ҳамеша дар партави Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекардем ва принсипе, ки ба фаъолияти мо дахл дошт, ин аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқу озодии интихоб ва виҷдон дорад. Мо дар фаъолияти худ аз ин талаботи Сарқонун истифода намудем. Ба ин маъно ки ҳар шаҳрванде ҳақ дорад, ки дар нисбати ҷаҳонбиниҳо андешаи шахсии худро дошта бошад. Ва мо муаллифон ҳамин талаботро дар китоби мазкур татбиқ намудем.

Касоне, ки ин китобро мутолиа кардаанд, медонанд, ки мо доир ба ягон шахс, ақида, ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва ё ҳизбу ҳаракатҳо ягон сухани ноҷо ва таҳқиромез истифода накардем. Дар ҳоле ки дар расонаҳои ҷумҳурӣ дар нисбати мо зиёда аз 300 калимаи таҳқиромез истифода карда шудааст. Ин сабаби нофаҳмиҳо ва тавтиаҳо (дасисаҳо) и сиёсию мазҳабӣ ва нооромии кишвар гардиданаш мумкин аст. Аз ин хотир, барои ба вуҷуд наомадани нооромиҳо ва халалдор нагардидани амнияти кишвар ба мақсад мувофиқ медонем, ки ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ аз чунин амалҳои ғаразнок пайгирӣ ва ҷилавгирӣ намоянд.

7 марти соли 2014
шаҳри Душанбе”


Дар акс: Ҳафиз Бобоёров
Мӯҳр
Ман аз муаллифони ин китоб пурсиданиям, ки чаро дар мусоҳибаҳо ва ин изҳороти пахшкардаатон ошкоро намегӯед, ки барои чӣ боберо махсус дар бораи исботи адами вуҷуди Худо гузоштаед? Тибқи омори расмии кумитаи дин 99,4%-и Тоҷикистон мусалмонанду ба Худо эмон доранд. Чигуна шумо ҷуръат кардед, ки баҳси Худоро ба миён овардед?
Агар ин гуфтаҳо ва овозаҳо воқеият надошта бошанд ва чунин бобе ё баҳсеро шумо дунбол накардаед, пас чаро дар даҳонатон муҳри хомуши задаеду як бор ошкору возеҳ намегӯед, ки он баҳсатон чӣ маънӣ дораду шумоо чӣ гуфтан мехоҳед?

БандаиХудо
Ба мукаддасоти 99% мардуми мусалмони кишвар бешармона тахкир кардед "файласуфхои мухтарам"! Шумо пасмондахои акидахои атеистии замони шурави хастед ки гох гох бо расидани нами борон буятон мебарояд! Хостори амният хастеду ба хонаи ору чуб мехалонед?!!!

Ҳафизҳо ва Бекзодаҳо!
Инсон вақте ҳарферо гуфт, бояд то охир пойдор бимонад ва аз он дифоъ кунад. Шумо на танҳо муқаддасоти мусалмонон, балки аз ҳамаи башариятро таҳқир намудед. Ин баҳсҳо ба ҳодисаҳои Украина чи рабте доранд? Аз ин ки ҳама дар рӯятон туф карданд, ҳоло мехоҳед дар симои ҳукумат аз худ пуштибон пайдо кунед. Бехабаред, ки дар кормандони амнияту дигар мақомоти мусулмонзода ҳастанд ва ба ин даъвоҳои пучи шумо ҳеҷ вақт розӣ нестанд ва чун аз пуштибонии Худо маҳрумед, дигаре ҳеҷ пуштибоне надоред.

Точик
Максади Хафиз Бобоеров аз ин навиштааш ин аст: кушиш намудааст ки гуе дар навиштани ин китоб иститути фалсафаи Академияи Улум ки аз хисоби буджаи давлат, яъне аз хисоби андозхои мардуми мусулмон фаъолият мекунад хеч алокае надорад. Хол он ки ин 20 нафар кормандони хамин институт хастанд ва аз хисоби буджа маъоши то 1500 сомони мегиранд. Ва дар охир Хафиз Бобоев аз КГБ ва Вазорати дохилаю прократура талаб кардааст ки онхоро аз мухолифонашон химоя кунанд. Аниктараш касе ба онхо дар мазуи набудани Худо мувофик нест чазяш диханд. Чои таачубаш ин ки Комили Бекзода ошкор мисли Бозор Собир мегуянд ки Худо нест, чаннату дузах дуруг аст ва гайра... Аммо касе онхоро барои ин эътикоди атеистиашон кофир гуянд хафа шуда худро тахкир шуда мехисобанд. Магар ин мунофики нест? Кофирро кофир мегуянд. Ин калима истилохи исломи аст ва ба касе ки вучуди Худоро инкор мекунад е ягон амри Куръониро кабул намекунад, мисли арак, зино, рибо, пора, дузди ва одамкуширо халол медонад кофир мешавад. Е хичобро инкор мекунад кофир мешавад.

Ба муалифони китоб гуфтани хастам, ки Шумо имон ба Худованди яка ва ягона биёред, тоба кунед барои ин гапи ширку куфр задагиатон рузе мешавад Шумо бе эмонхоро Худованди мехрубон дар газабаш мегира дигар чои гурез надорен. Шумо номи миллати мусулмонони точикро догдор кардед. Барои чи аз халк метарсед дар фикри амнияти худ хастеду аз Худованде, ки хамаи мо махлуконашро офаридаст тарсе надоред. Ба Худо касам шумо атеист хастед.
Ло илоха илалоху, Мухаммадур расулуллох.
Ашхаду анлло илоха илалоху, ашхаду анна Мухаммадан расулуллох.Собир,
Собир,
Собир,

Абдуллох
Оё Шумо фикр накардед ки ба гайр аз инсона чавон кардан боз фалокатхое хаст ,ки сабаби ачали одами мешавад.....

Огох
Агар суботи чомеа бархам зада шавад, бояд ниходхои кудрати бидонанд, ки сарчашмааш ана акидаи ин тоифа нимчафайласуфхост. Шумо медонистед, ки 99%-и мардуми точик ба Худо эътикоди сахт доранд, аммо боз хам чуръат карда, аз вучуд надоштани Худояшон харф задед. Кабл аз интишори ин китоби пучатон андешаи амнияту суботро чаро накардед, дар холе, ки медонистед мардуми точик сахт пойбанди Ислом аст ва барои Худо омодааст аз бахри худ бигзарад!? Мутмаинам агар ба шумо чунин вокуниш нишон намедоданд, дар оянда хам ин кабил китобу маколахоятонро зиёд мекардед, хамакнун дидед, ки иштибохи бузург содир намудед, худро пушти ниходхои кудрати пинхон карданиед. Ман намефахмам, ба фикрам шумо нимчафайласуфхо кадрхои махсуси Исроил хастед, ки барои ноором сохтани авзои чомеаи Точикистон ташвикот мебаред. Кумитаи амнияти милли, инхоро зери назорати чидди карор дихед, чун аз димогашон буйи хиёнат меояд!

Салим
наход озодагон шумо гуфтахои хар калу кура ба назар гиред? наход шумо устодро бо ин бесаводони асри 21 баробар кунед. ?

Мусалмон
ту ба 1 миллиарду 300 миллион мусалмон тавҳин ва таҳқир кардӣ боз мехоҳи гулдастаҳо бароят барем ?
300 то таҳқир кам аст бояд 1миллиарду 300 миллион бор тақир шавӣ
ин барои ин дунё! он дунё ки рафтӣ баъд эмон меовари ва мегуӣ ...Ё ЛАЙТАНИ КУНТУ ТУРОБО онҷо чи хоҳад шуд Валлоҳу аълам

Ман
Мукаррамзода кучост. Чаро аз дин дифоъ намекунад?

точик
Агар як нафар дар масчид намоз хонад ва баланд омин гуяд кумитаи дин он як нафарро фитнаандозу салафию халафи гуфта штраф мекунанд шумо бошад ба на танхо ба 99% мардуми мусалмони точик балки ба яку ним имлиард мусалмони руи дунё ру ба ру шуда тухми фитнаро коридед, вале кумитаи дин инро озрдандеши ном мебарад ва шумо аз пули хукумати дунявие, ки худро мусалмон мешуморанд ин китобро чоп 4ардед, магар бояд мардум хомуш истда. Ин масъалао ба дуруг сиёси накунед , он хечгох ба масъалаи Украина рабт надорад, балки шумо пушщти ходисаи Украин худро сафед кардани хастед ва гапро ба дигар су бурданиед. Ба ин бесалохияти шумо хам хукумат ва хам кумитаи дин хам гунахкор аст. ХУди шумо хам дар нахди мардум ва хам Худо чавоб хозед гуфт , албатта рохе ки шумо интихоб кардед озодед, вале ачиб ин аст ки кумитаи дин ва шурои уламои точикистон барои хурдтарин коре ки як нафари дигар кунад бо фармони хукумат доду вой мекунад ва фитнаву шар барпо мекунанд аммо чаро дар ин масъала хомуш анд, маълу мшуд ки шурои уламо бо фармони хукумат хама корро мекунад. Боз ачибтараш инки мехоахнд худро пешвои марду нишон диханд, вакте шумо аз Мухимтарин асли ислом вучуди Худдованд дифоъ карда наметавонед, ки ба шумо хак дода аст, ки худро пешво эълон кунед?
Ин гунохи бузург аст бояд назди миллат узрхохи кунед ва пеши Худо тавба вагарна рузи киёмат .............

Рахмат . Варзоб
Хафиз авал ту бачои Комил Бекзод бояд Омунро истифода мебурди!!!!!!!!!!!!!! .Бояд бо хамаи файласуфони Худо бехабарат пеши яке аз олимони Исломи рафта аз ягонагии Худо дарс мегирифтенд.

умар
Ман аз президенти кишвар хохиш дорам, ки амр кунанд то чунин китобхои беимони ва тафрикаандозро чида сузонанд. Агар президент худро бо имон мешуморад.

Бори дигар собит шуд, ки бархе "зиёиён" - и мо ба андозаи як кудак фаңмишу басират надоранд!

Сиёвуш
Мебахшед-ин-нишонаи-прюлазми-андешахост-мо-
давлати-исломи-нестем-ва-дар-кишвари-
конунияти-исломи-низ чун-афгону-иронию-покистони-зиндагони-надо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)