Бахшҳо
27 мар 2014 09:45Тоҷикистон / Сиёсат

Супориши президент оиди манъи “облава” иҷро мешавад? (ВИДЕО)

Дар пасманзари оғози мавсими баҳории даъвати наваскарон ва супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон оиди бартараф кардани роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш, “Озодагон” миёни коршиносон суол гузошт, ки ба лағви “облава” бовар доред?


Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигор:

Агар манзур ин бошад, ки ҷалби ғайриқонунӣ ва ё «облава»-и наваскарон хотима меёбад ё на, фикр намекунам, ки бо шиору суханбозӣ ин раванд хотима ёбад. Бо чанд далел хотима додани ин раванд осон ба даст нахоҳад омад:

1.Вазорати мудофиа натавонистааст, ки тасаввури мардумро баъд аз солҳои душвор барои Тоҷикистон нисбат ба хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба таври мусбат шакл диҳад. Имрўз тасаввури он, ки сарбози тоҷик побараҳна, шикамгурусна ва армияи деҳқону камбағал аст, мардумро намегузорад, ки барои ба сарбозӣ рафтани фарзандашон ба осонӣ ризо шаванд. Воқеан, вазъи сарбозон нисбат ба 10 соли пеш ба маротиб фарқ дорад. Аммо Вазорат натавонистааст, ки ин тавофутро ба мардум фаҳмонад. Бо барномаҳои қолабии телевизионӣ ин амр иҷроношуданист. Масалан, аз хизмат дар Гвардияи миллӣ зиёд сифат мекунанд, вале ҳоло ҳам дарки ин оммавӣ нашудааст.

2.Фарҳанги сарбозӣ. Дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ миёни сарбозон қоидаҳои нонавиштаи боқимонда аз замони Шўравӣ ҳаст, ки Вазорати мудофиа қодир ба он нашудааст, фарҳанги сарбозии хоси тоҷикиро биёфарад. Ақалан, сарбозӣ барои як ҷавони тоҷик мактабе нашудааст, ки баъд аз хидмат ҷавон тавонад ба арзишҳои милливу давлатӣ арҷгузор бошад. Ё ҳадди аќқал, ба дарки ин мафҳум бирасад.

3.Барои ҷавони хидматкарда, ҳеч имтиёзе вуҷуд надорад. Бояд давлат барои ҷавонҳое, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хидмат мекунанд, то як давраи муайяне, ки ба сарбозӣ рафтан, як амри маъмулӣ дар зиндагии мо гардад, имтиёзҳое бидиҳад.

4.Комиссариатҳои ҳарбӣ масъули ҷалби наваскарон набошанд. Ба ҳадди аксар талош шавад, ки ҷамоатҳо ба ин кор машғул бошанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ прокуратура машғул шавад, он ҳам сирф аз нигоҳи қонунӣ. Ба ин монанд зиёд омилҳое ҳаст, ки бо бартараф кардани он метавон сафи хоҳишмандони хидматро бештар кард.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангўи вазорати дифоъ

Даъвати баҳории наваскарон ба сафи неруҳои мусалаҳи Тоҷикистон дар доираи қонунгузориии кишвар сурат хоҳад гирифт. “Облава” намешавад. Чунин мафҳуми “облава” умуман дар қонунгузории Тоҷикистон вуҷуд надорад. Он гуфтугузорҳо, ки зимни даъвати ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳ аз роҳҳои ғайриқонунӣ истифода мешавад, далели мушаххас надорад.

Абдураҳмон Шералиев, коршинос

На, намешавад. "Облава" кайҳо анъана шудааст. Бе он шояд 10%-и нақшаро иҷро кунанд, ё камтар. Ин фармон ҳам мисли ҳамон фармонҳои бекоркунии лимити барќ дар ҳаво хоҳад монд. Чун имкони иҷрои он вуҷуд надорад. Худи фармон хуб аст, хеле зарурист, аммо пеш аз содир карданаш бояд заминаро омода мекарданд. Бубинед, миллионҳо доллари даъватшавандагон ба коми наҳангҳои артиш меравад. Мешавад, ки ҳамин маблағ чун андози раҳоӣ аз хидмат аз як қисм ситонида шаваду ба қисми дигар шароити хуб муҳайё карда шавад. Ҳатто бо ин роҳ метавон роҳро барои гузаштан ба артиши касбӣ ҳамвор кард.


Ин дар ҳолест, ки дар шабакаи интернет наворҳои зиёди "облава"-и ҷавонон чарх мезананд:



Мӯҳр
Мурдани чунин чавон бех, ки ба чойи ором фахмондану нишон додани чавонмарди зораву гиря мекунад. Ин номард на худро химоя карда метавонаду на ватанро, инчунинхо садкаи номи Ватан шаванд.

Облавара мань карада бо чарима банди сар мешад бо зулм дар сари мардуми камбагал! Пули рои кардагихо ай расию ба штраф мерад мардум! Э бас будагист! Баьди хизмат чои кор е ягон донишгох бе пул дохил кунанд хама мерад худаш! Хама чиз аз набудани шароит аст!мачбуран ба расия раванд ки зиндаги бех шавад хеч кас аз масти расия намерад бовар кунед расия азобаш аз дузах бадтар аст! Лек чи илоч хама аз набудани шароит аст! Чоп кун озодагон последни время одамгарит кам шидагияй

Агар замин хамвор бошад хор дар пои камбал мезана меган ростай

салом ба хама ман хайрон мегуй ки ами одамора кштани мебаран мардакам набдастай неки якхелаш одама кштани баран кади вай видеоеи ки нишон дод онкадар гиря намекна

Сабаби саркашии чавонон ба артиш ин набудани одитарин шароит набудани тозагию гигиена хуроку либос. Ба хама маьлум чавони солим хизмат мераваду аз хизмат касалию инвалид бар мегардад Ин дар душанбе камтар холшон бехтар аст леккин берун аз пойтахт дар он кисмхои харби на об асту на чой барои шустуши Фаридун махмадалиев худро ба кури андохтааст гуё намебинад марги садхо чавонон ва кисмати шикастаи садхо нафари дигар дар гардани онхост Ин махмадалиев номи журналистиро пас мезанад Вай бачои проблемахои аскаронро иникос кардан ба чашми мардум хок пошида гуё хамааш хуб аст Ва умуман вазорати мудофиа яке аз фасодтаринхо мебошад

Самир
наворро дида аз як тараф пуштибони Облава шудам. ман бовари дорам ки Хизмат симои покистонии ин писаро ба точикбачаи йигит табдил медихад!

Рустам Генерал
Ин шева мисли замони Амри Олмхон аст. Дар замони Амри Олимхон низ бо чунин шева ба хизмат мебурданд чавононро.

NASMDELI SHARMANDA KARD IN BACHA MEBAHSHED NARNAMODA

ин Худоношиносони куфррафтор хатто конуну коидаи баровардаи худро риояаашро нгамедонанду ба мардуми бечора зулм меварзанд,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)