Бахшҳо

Мусодираи бинои дигари марбут ба хонаводаи Зайд Саидов

Додгоҳи иқтисодии Душанбе имрӯз 31-уми март як бинои дигари марбут ба хонаводаи Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷикро ба фоидаи давлат мусодира намудааст.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки тибқи қарори додгоҳ бинои мазкур, ки дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ ҷойгир аст, ба ҳисоби давлат баргардонида мешавад: “Ин биноро, ки дар қабл Маркази илмии назди вазорати энергетика ва саноат буд, соли 2003 шаҳрванд, Саидаҳмад Мирзоев дар музояда бо маблағи 58 ҳазор сомонӣ хусусӣ мекунад. Баъдан бинои мазкурро, ки аслан дару тиреза ҳам надоштааст, соли 2006 Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов гирифта, бозсозӣ мекунад ва онро аз бинои дуошёна ба сеошёна табдил медиҳаду ба сифати дафтари корӣ ба корхонаҳо иҷора медиҳад.”

Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров тибқи қарори додгоҳ бинои мазкур бо даъвои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон бояд ба ҳисоби вазорат, ба ҳолати қаблӣ баргардонида шавад ва ҳамчун маркази илмӣ фаъолият бикунад.

Исҳоқ Табаров аз тадриҷан мусодира шудани амволи марбут ба зерҳимояаш Зайд Саидов зикр карда, афзуд, ки маълум аст тамоми парвандаҳои иқтисодӣ бар зарари онҳо анҷом хоҳанд шуд.

Маврид ба зикр аст, ки то имруз додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дар нисбати ду моликияти мансуб ба Зайд Саидов ҳукм бароварда, дукони “Модная точка” ва корхонаи хурди “Тоҷикмармар” –ро ба ҳисоби давлат мусодира кард.

Вакилони дифои Зайд Саидов мегӯянд, ки аз ҳукми додгоҳи Тоҷикистон дар нисбати моликияти зерҳимояашон норозиянд ва аз болои он шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.
Мӯҳр
Ном
Бари як ду бино шарт набуд ин шахсро ба зиндон бурдан, хами суди иктисоди хамаша мусодира мекард
Ин, ки аз аввал хамин накша маълум буд..

точикбача
Товба сад товба инхо аз Садомхусейну хусни муборакхам гузарондан ку аку худаша суд карден бмонен хаму бинохо бачаву наберахош истад охи бо дахо камбагала кумак мекунанд мисли падарашон. ман аз онруз метарсам ки замоне мерасад хона ба хона куча ба куча рохбва рох санг ба сани Точикистон таксим мешавад. ба гуфти Муъмин Каноат метарсам рузе таркиш нашавад...

Азизов
зинда бод очонси зиди фасод моле ки аз рохи бедардимиёну машенки мия окибаташ хамин бафоидаи давлат дарорен чизи дорад агар ай мехнати халолуш кови яхона намеёви

марказхои илмиву таълими , тандурусти , маъдани , варзиши ва амсоли инхо ки хусуси карда шуда буданд , новобаста аз он ки сохибашон кист бояд ба давлат баргардонида шавад.

Вохима накунетон, зайд хост ранги березовский дар давраи елцин через пул хокимиятро ба даст орад. Лекин сирхояшон фош шуд. Бо гуфти бузургон накун шухи бо арбоб, чаро ки арбоб мезанад ба хар боб.

Озодагон чота гузарондести, гапхои зиети дар коментарийхо бисер шидестай! Бин да....

Рустам
Ин Зайдам анои набудаст-ку! Ин кадар моликият дошта боша, бо чй мехоха? Аз вазирону кабирода хам гузарондаст-ку. Шукри тинчи гуфта гард. Боз мартия чи лозим ба ту?

мардикор
Агар рузе ин хукумат равад, ки медонад ки чанд иншооти хешутабору оила ва хешовандону кудою хусурбачаю бачаи апаюу кудои кудо ба хисчоби давлат мусодира мешуда бошад? ки медонад?

Мансур,
бахшиш арбоб аз номи озодагон бо ба шохат назани хама хонандахош гурезан!!!

Рустам,
Мартия чи хаст? Нафахмидам!

Аз авом бигрезу густохаш макун,
Бо бахоим (арбоб) бози бо шохаш макун!!!

Бародарон ман яке аз мухлисони Зайд Саидов хастаму мемонам, лекин Зайд Саид низ хело корхо карда будааст да. Хар руз як корхонаи уро мусодира мекунанд, хеч тамом намешавад.Ин кадар дорои аз кучо?

Бародарҳо як гап гум!
Ҳами як чиза намедонед аз пеши худатон ҳархел гапу гапча насозед..!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)