Бахшҳо
04 апр 2014 11:19Хабарҳои ҷаҳон

Қарзовӣ дар бораи рафтанаш аз Қатару наомадан ба масҷид

Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди уламои исломии ҷаҳон сабаби наомаданаш ба намозҳои ҷумъаи ахир дар масҷиди ба номи Умар ибн ал-Хаттоби Давҳаро шарҳ додааст.

Қарзовӣ дар суҳбат бо торнамои Qaradawi.net гуфтааст, “сабаби ҳузур надоштанам дар намозҳои ҷумъа банд будан бо бархе умури шахсӣ мебошад ва аз ҳафтаи оянда дубора ироаи хутбаро аз сар хоҳам гирифт.

Раиси Иттиҳоди уламои исломии ҷаҳон овозаҳо дар мавриди тарки Қатар намуданашро беасос хонда гуфтааст, ӯ худро ҷузъи ҷудо нашавандаи ин кишвар ҳисобида ҳеч гоҳ ба якборагӣ аз он берун нахоҳад рафт: “Замоне ман вориди Қатар шудам, 35 сол доштам, ҳоло бошад дар сини 88-солагӣ қарор дорам, қисми зиёди умрам дар ин кишвар сипарӣ шудааст. Тамоми мардуми Қатар аз мард то зан маро эҳтиром қоиланду дӯст медоранд, ки муҳаббати ман ҳам аз эшон кам нест.

Юсуф Қарзовӣ дар бораи ба сардӣ гароидани муносибати Қатар бо бархе давлатҳои Халиҷ, аз ҷумла бозхон шудани сафири Арабистони Саудӣ аз Давҳа ба ватан, ки дар пайи изҳороти ӯ алайҳи ҳокимони ин кишварҳо мунҷар шудааст, изҳор медорад, “ин гуна қазияҳо бо хости Худованду гузашти вақт ҳалли худро хоҳанд ёфт.”

Қарзовӣ 88 сол дошта, яке аз руҳониёни маъруфи мисрӣ ва раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ӯ бо нашри китобу мақола ва барномаҳои телевизионии динияш миёни мардуми мусулмон мавқеи хосеро касб карда, вақтҳои охир бо мавқегириҳои шадид нисбат ба бархе ҳукком ва сарони кишварҳои арабӣ дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифтааст. Ӯ тӯли беш аз 50 сол мешавад, Мисрро ба қасди Қатар тарк карда, то кунун имом-хатибии масҷиди Умар ибн ал-Хаттоби шаҳри Давҳаро ба зимма дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)