56 000 сомонӣ барои ҷарроҳии 1-уми Шаҳбол: Генерал Раҳмоналӣ пардохт мекунад?

Мутахассисони беморхонаи Ибни Синои шаҳри Душанбе Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷикро ташхис карда, арзиши ҷарроҳии якуми ӯро 56 ҳазору 467 сомонӣ муайян кардаанд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбоз хабар дода, афзуд, ки дар назар аст, рӯзҳои наздик мутахассисони эронӣ барои гузарондани ин ҷарроҳӣ ба Душанбе оянд. Дар мавриди пардохти ҳаққи ҷарроҳӣ Мирзоев афзуд, ки маълумотнома дар бораи арзиши онро аллакай ба қушунҳои марзбонӣ ирсол кардаанд ва ҳоло дақиқ нест, ки онро пардохт хоҳанд кард ё на.
Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбози латтукӯбшуда, ки сутунмӯҳрааш шикастаасту ба табобати фаврӣ ниёз дорад, мегӯяд, ҳар чанд генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба аёдати писараш омада, ҳазинаи ҷарроҳиаш аз сӯи давлатро ваъда дода буд, вале то ҳол ҳеч гуна иқдоми ҷиддиеро дар ин бора аз сӯи сарраёсат дар амал намебинад.
Худи сарбоз мегӯяд, давоми чанд рӯзе, ки дар беморхона бистарӣ мебошад, вазъи саломатии ӯ беҳбуде наёфта, ба ҷузъ даст узвҳои дигари баданаш ҳамоно ҳаракат намекунанд. Ба гуфтаи Шаҳбол Мирзоев, танҳо доруҳое, ки барои муътадил нигоҳ доштани вазъи саломатияш заруранд, аз сӯи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон феълан таъмин мешаванд.
Шаҳбол Мирзоеви 23 сола, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латтукӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ҳоло ин қазияро тафтиш дорад, мегӯяд, гардани Мирзоев дар пайи куштии маҷбурӣ шикастааст.
Дар ҳамин ҳол Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев, мегӯяд, дар қазияи зерҳимояи ӯ Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон наметавонад, айбдор набошад ва бояд хазинаи табобаташ аз сӯи ин ниҳод пурра пардохт шавад. Ҷӯраев таъкид дорад, “азбаски Шаҳбол аз ҷониби Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми санитарии Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, яъне нафаре, ки дар ин ниҳод кор мекунад, латту кӯб шудааст, бояд зарари расидашуда аз сӯи сарраёсат ҷуброн шавад.” Ӯ илова кард, ки ҳоло онҳо ният доранд, ба таври расмӣ аз тариқи нома ба масъулини Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ муроҷиат карда, ҳақиқати ваъдаи генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ барои пардохт шудани маблағи ҷарроҳии зерҳимояаш аз сӯи давлатро муайян созанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |