Вакили дифоъ: Умед Тешаев аз 30 соли гирифтааш, розист (ВИДЕО)

Додгоҳ Умед Тешаев, маҳбуси сартарошро, ки миёнаҳои моҳи феврал полковник Умар Қаюмов, раиси зиндони Кӯлобро дар утоқи корияш ба қатл расонда буд, ба 30 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили мудофеи Умед Тешаев хабар дода, афзуд, ки додгоҳ бо назардошти 17 соли ҳукми пешӣ зерҳимояашро дар маҷмуъ ба 30 соли зиндон маҳкум кард: “Умед Тешаев дирӯз, 8-уми апрел баъди эълони ҳукми додгоҳ хоҳиш кард, ки дигар аз болои он шикоят набарем. Ӯ гуфт аз ин ҳукм розист.”
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, “маҳбус Умед Тешаеви 30-сола, ки қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард, ҳангоми ба тартиб даровардани мӯйи сари сардори зиндон бо қайчии дар дасташ буда, як бор дар қисми сар ва 16 бори дигар ба бадани ӯ зарба задааст. Дар натиҷа Қаюмов зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта дар роҳ ба беморхона ҷон бохтааст”.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, Умед Тешаев қаблан бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон барои содир намудани ҷинояти куштор ба муҳлати 17 соли зиндон маҳкум шуда буд: “Маҳкумшуда санаи 31 августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсиаш аз сабаби муноқишаи бамиёномада Абдурасул Алиеви 50-соларо 54 бор корд задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст."
Аммо Мушкиниссо Эргашева, модари Умед Тешаев, мегӯяд, писараш ба бемории руҳии ирсӣ гирифтор аст. Ӯ мегӯяд, худаш аз синни 14-солагӣ ба бемории рӯҳӣ гирифтор аст ва ин бемориаш ба писараш низ гузаштааст.
Мушкинисо Эргашева бо зикри он, ки писараш барои куштори як бачаи ҳамсояашон равонаи зиндон шуда буд, аз беэҳтиётии масъулини зиндон шикоят карданд: “Наход аз одами дар зиндон буда, эҳтиёт накунанд. Аз саги занҷирпеч ҳатто соҳиби он метарсад».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |