Бахшҳо
10 апр 2014 16:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

АКС: Эълони ҳукми парвандаи даҳнафарии муттаҳам ба қатли Сорбон ва Саъдӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз зӯҳри 10 апрел ба баҳси додгоҳии гурӯҳи даҳнафарии муттаҳам ба қатли Сорбон Музаффарбекови 20-сола ва Саъдӣ Сатторови 25-сола нуқта гузошт.

Бар асоси қарори додгоҳ, Шералӣ Муродов, ки дар ҳар ду куштор муттаҳам мешавад, ба муҳлати 30 соли зиндони низомаш сахт бо мусодираи молумулк аз озодӣ маҳрум шудааст. Ҳамзамон падари ӯ - Салим Муродов ба хотири ироаи санади тақаллубии тиббӣ, ки гӯиё писараш бемори руҳист, барои 2 сол равонаи зиндон гардид.

Инчунин Камолиддин Тошзода, Абдулазиз Шарифҷон, Сайфулло Кабутов ба муҳлати 18 - солӣ бо мусодираи молу мулк ва нигоҳ доштан дар колонияи низомаш сахт аз озодӣ маҳрум шуда, Наимов Дилшод барои 5 - сол, Ҷаҳонгир Муродов, бародари Шералӣ 5 - сол маҳкум ба зиндон шуданд.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз толори додгоҳ хабар дод, Насим Муҳиддинов, яке аз айбдоршавандаҳо аз толор озод шуда, Ҳамроқуллов Ҳусейн ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ ва духтур Домуллоҷонов, ки санади тақаллубиро ба хонаводаи Муродовҳо пешниҳод кардааст, ба миқдори 16 ҳазор сомонӣ ҷарима ва раҳо карда шудаанд.

Сорбон Музаффарбеков, муштзани тоҷик, 26 августи соли 2012 дар наздикии тарабхонаи “Бешаи палангон”-и шаҳри Душанбе бо зарби корд захмӣ шуда, баъдан дар бемористон ҷон додааст. Мақомот дар марги ӯ Шералӣ Муродови 22-сола,Камолиддин Тошзодаи 21-сола ва Абдулазиз Шарифҷони 24-соларо айбдор мешуморанд.

Қатли Саъдӣ Сатторови 25-сола моҳи апрели соли 2013 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и пойтахт сурат гирифтааст. Баъдан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ҳафт нафари муттаҳам дар куштори Саъдиро боздошт намудааст, ки дар миёнашон Ҷаҳонгир ва Шералӣ Муродовҳо низ буданд.

Дар пайи ин ҳодиса, волидони Саъдӣ Сатторов низ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карданд, то тафтишоти қазияро зери назорати худ бигирад. Волидони ин ҷавони марҳум аз он нигаронӣ карданд, ки гӯиё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои вазнин халос шудааст.


АКС: Эълони ҳукми парвандаи даҳнафарии муттаҳам ба қатли Сорбон ва Саъдӣ

АКС: Эълони ҳукми парвандаи даҳнафарии муттаҳам ба қатли Сорбон ва Саъдӣ

АКС: Эълони ҳукми парвандаи даҳнафарии муттаҳам ба қатли Сорбон ва Саъдӣ
Мӯҳр
мехостам судяхоро иваз кунанд. он судяхое метавонанд дар ин вазифа бошанд, ки аз руи адлу инсоф хукми суди бароран. Судяхои мо бошанд мурофияхои судиро хамчун ШОУ мегузаронанд ва боз як гапи дигар доранд аз боло фармон шудаги. Ба ин чавонон бисер хукми ноодилона бароварданд ин чавонон аз махбас ки шуда мебароянд???????Хукумат Давлат Президент ба доди халк бирасед)))))))

Саломалейкум ба хамаи нафарони Точик. ман мехохам гуфтан, ин Судяхо номус надоран, Ин бачаи 22 соларо ба 30 сол додан, ин Куштори Сорбонро соли 2012 ин бача гунохгор нет. Сорбонро як Афгон кати як Ванчи куштаги буд, а соли 2013 ин Саъди як бандити хулигани Душанбе буд. Саъдиро вес одамо медонан , .ки як хулигани одамкуш буд. Саъди да тарабхонаи Шахрисабз кати Насим хардуяшон маст чанг мешаванд. чанд дакика пас Муродов Джахонгир холос куни мебиёд, холос кадани мешад, Саъдии маст арак хур , тапончаро буроварда Муродов Джахонгиро мепаронад. аммо тир намерасад. Хамун вакт Муродов Шерали медарояд. тарабхона, тапончара тарафи Муродов Шерали мекунад мехохад паронад, ки Муродов шерали сама оборонаи худаш и бародашро Муродов Джахонгиро фикр када , Саъдиро корд зада, мехалтонад. аммо. Муродов Шерали максадаш ба куштор набуд, .ин бародарои ёшон, ки зиндагишон оло ай пешан, инхо бе гунохан, хамаи Точикистон хабардор, аммо конуни Точикистон дуруг хаст, кадомеро форан ба хости худашон суд мекунанд. а не ба конун, ман ай Чаноби оли Хохиш дорам як тафтишот гузаронанд. ин бегунохоро сар диханд.

Саломалейкум ба хамаи нафарони Точик. ман мехохам гуфтан, ин Судяхо номус надоран, Ин бачаи 22 соларо ба 30 сол додан, ин Куштори Сорбонро соли 2012 ин бача гунохгор нет. Сорбонро як Афгон кати як Ванчи куштаги буд, а соли 2013 ин Саъди як бандити хулигани Душанбе буд. Саъдиро вес одамо медонан , .ки як хулигани одамкуш буд. Саъди да тарабхонаи Шахрисабз кати Насим хардуяшон маст чанг мешаванд. чанд дакика пас Муродов Джахонгир холос куни мебиёд, холос кадани мешад, Саъдии маст арак хур , тапончаро буроварда Муродов Джахонгиро мепаронад. аммо тир намерасад. Хамун вакт Муродов Шерали медарояд. тарабхона, тапончара тарафи Муродов Шерали мекунад мехохад паронад, ки Муродов шерали сама оборонаи худаш и бародашро Муродов Джахонгиро фикр када , Саъдиро корд зада, мехалтонад. аммо. Муродов Шерали максадаш ба куштор набуд, .ин бародарои ёшон, ки зиндагишон оло ай пешан, инхо бе гунохан, хамаи Точикистон хабардор, аммо конуни Точикистон дуруг хаст, кадомеро форан ба хости худашон суд мекунанд. а не ба конун, ман ай Чаноби оли Хохиш дорам як тафтишот гузаронанд. ин бегунохоро сар диханд.

Эээээ мардум! Мо мегуему онхо кори худро мекунанд. Агар ин судяхои мо хакикатро нигох мекарданд, парвандаи бо нияти суикаст куштани додари худ, ки соли гузашта сокини дехаи Дарабедо Саидова Хуснигул додарчаи сесолаи худро оташзада сузонидани шуда буд, ва хушбахтона кудак Саидов Олимчони сесола баъди бардоштани чарохат яъне сухтани кисми бадан начот ёфт аз чониби Судяи суди Варзоб Кудратова А ва кормандони ОВД нохияи Варзоб як тараф намемонд!

Ин судя Одинаев берахмона хукм баровардаст. Ин Саъди ва ахли оилааш худошон КРИМИНАЛ мебошанд. барои вай шуда йигитои зебо дар махбас ба доди мо одамони бесарпанох ПРЕЗИДЕНТИ кишвар бирасед. мо илтичо мекунам макомотхои хифзу хукуро тахти назорати худ бигиред. ИЛТИМОС ИЛТИМОС ИЛТИМОС, Ин бисер хукми НОАДОЛАТОНА дар хаки Муродовхо мебошад. Муродовхо хеч гунохе надоранд.

Аввал Саломи худро ба озодагон мерасонам ! Ман ба хамин сайти озодагон гуфтаниям ки ма дар мурофияи Сорбону Саъди иштирок намудам хамчун хукукшинос ва хулосаи баровардаамро мехохам байён кунам ба Шумо Хакикатанам хакикат набудааст ва намешавад ин бисёртар дахл дорад ба судяхои мансаб талаб барои курсии худ шуда рахму адолату инсофро гум кардаан ва вичдони инсони дар вучуди онхо нест ва намешавад.Онхо барои вазифаи худ шуда бегуноху багунохро яхел хисоб карда суд мекунанд ,вале он ки Чаноби Оли вазифаи судягиро ба онхо сазовор мегардонад мегуяд ки пеш аз хама адолату пок вичдони худро пеши халк беша кунед сазовори хамин вазифаи гирифтаатон гардед. Аммо бисёр судяхои бевичдон барои пулу мансаб шуда ин гуфтахои Чаноби Олиро бачо намеоранд ва факат дар руи когаз мемонад.Мо чавони хукукшинос аз ин хел кирдорхо ва бе адолати бе вичдони баъзе судяхо чи ибрат гирем ва дар оянда чи хулоса барорем .Судяхои Чумхури Точикистонро тахти назорати худ гиред. судяхои бевичдонро ва беинсофро аз вазифахояшон сабукдуш кунед. Мо хукукшиносхо аз ин хел судяхо прокуроро чи ибрат гирем ва ояндаи мо чи мешуда бошад мо аз хозир метарсем.Агар хаминхел прокуроро ва судяхо чунин макомотхоба кор кунад оянда хукукшиносхо низ чунин кирдорхоро мекунад.Хамин гуфтахои маро бо дикат хонда хулосаи худатонро бароред.

гули
судхои нмо танхо гов суд кардан метона

ман как стажор дар тавтишоти бешаи палангон иштирок кардам дар мудат якуним сол тавтишот ягон далел дар гунахгории Тошзода Камолиддин ва Шарафчони Абдулазиз наефтан бачахои бегунохро гов суд кардан Камолиддин танхо шофер буд

хамаи чанг аз руи Насиму Хусейн шуд, инхоро сар додан, одамои бегухноро, махкам кадан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)