Бахшҳо
14 апр 2014 11:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Падари Шаҳбол: “Мақомот то ҳол пул надоданд. Худам меҷӯям”

Пайвандони Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик, мегӯянд, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳанӯз маблағи ваъдадодаи худро барои ҷарроҳии ӯ пардохт накардаанд.

Нӯъмон Мирзоев, падари сарбози маъюб, ки беш аз 35 рӯз мешавад, дар беморхона интизори ҷарроҳист, 14 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, мақомот то ҳол маблағи зарурӣ барои ҷарроҳии аввалияи Шаҳболро ба ҳисоби беморхона интиқол надодаанд. Ӯ мегӯяд, “шояд Қушунҳои сарҳадӣ ин маблағро доданӣ нест. Аммо то ҳол чизе намегӯянд. Худам пул кофта истодаам, дигар чӣ илоҷ? Писарам фавран ба ҷарроҳӣ ниёз дорад.”

Ин дар ҳолест, ки Абдусаттор Гулаҳмад, масъули Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ин ниҳод маблағи ҷарроҳии Шаҳболро, ки дар беморхонаи Ибни Синои пойтахт, сурат мегирад, пардохт хоҳад кард.

Шаҳбол Мирзоеви 23 сола, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканаду ҳоло тақрибан 36 рӯз мешавад, дар беморхонаи Қарияи боло интизори ҷарроҳист. Мутахассисони эронӣ барои гузарондани ҷарроҳии Мирзоев иброзӣ омодагӣ карда, гуфтаанд, омода аанд, барои табобати сарбоз ба Душанбе оянд. Ба гуфтаи Нуъмон Мирзоев, мутахассисони беморхонаи Ибни Сино писари маъюбашро ташхис карда, арзиши ҷарроҳии якуми ӯро 56 ҳазору 467 сомонӣ муайян кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев, гуфта буд, дар қазияи зерҳимояи ӯ Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон наметавонад, айбдор набошад ва бояд хазинаи табобаташ аз сӯи ин ниҳод пурра пардохт шавад. Ҷӯраев таъкид дорад, “азбаски Шаҳбол аз ҷониби Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми санитарии Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, яъне нафаре, ки дар ин ниҳод кор мекунад, латту кӯб шудааст, бояд зарари расидашуда аз сӯи сарраёсат ҷуброн шавад.”

Аз сӯи дигар, Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ҳоло ин қазияро тафтиш дорад, изҳор дошт, гардани Мирзоев дар пайи куштии маҷбурӣ шикастааст.
Мӯҳр
Мухтарам Нӯъмон Мирзоев!
Хар як рузи рафта барои фарзанди шумо вазнинии бештарро меорад ва хатарро афзун мекунад. Ба умеди макомот нашуда, хама имконияти худ ва хешешу табори худро истифода бурда фарзандатонро начот дихед.
Агар илоч наёбед, ба ташкилотхои гуногун барои кумак мурочиат кунед, аз бонк карз гиред ва хама имкониятро истифода бурда чаррохиро гузаронед.
Вакте макомот маблаги чаррохиро медихад, шумо баъдтар онро ба карзхои гирифтаатон месупоред. Аммо холо худ кушиш кунед.
Хар лахза кимат аст

Мухсин
Ин далели бечора будани артиши кишвар аст. Артиши мамлакат аз ухдаи табобати як сарбозаш намебарояд ва агар душмане ба хоки кишвар ворид шаванд, чи гуна ин артиш садди рохаш мешавад?

точик
миллати мурда. боз лофи мусулмони мезананд. наход як сарватманди инсонсифат набошад?

Хар лахза кимат аст, аз ман хабар бигир, Дунё ганимат аст, аз ман хабар бигир. Худоё ин бародарро шифои комил дех! Омин.

дарди вазнин дорад имруз фарзанди шумо. касе парвои ин проблема надорад. Хатман бояд карз гиреду табобат намоед. харчи зудтар фурсат кам аст. худованд мададгори шумо бошад.

Нуъмон Мирзоев Бародари азиз, Як фонди хайрия кушоен албата дасгири мекунем хадди имкон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)