Бахшҳо
15 апр 2014 18:22Тоҷикистон / Сиёсат

Сабти "ҷабрдида"-и таҷовуз, худдории додрас ва норозигии Қудратов

Бахтиёр Абураҳмонзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, навори аудиоиеро, ки дар он гуфта мешавад, гӯиё шаъну шарафи Моҳира Бобораҷабова, “ҷабрдида”-и таҷовуз дар парвандаи Зайд Саидов, паст зада шудааст, ба вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов надодааст.

Хонум Бобораҷабова ҳафтаи аз болои Шӯҳрат Қудратов шикоят карда, ӯро дар паст задани эътибораш муттаҳам кард ва аз додгоҳ хост, ба нафъи ӯ 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн рӯёнад. Додрас Абдураҳмонзода гуфтааст, онҳо имкони нусхабардории фиттаро надоранд ва он далели аслӣ дар ин баҳс асту набояд ба ҷавобгар дода шавад.

Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, “бо ин амал додрас Бахтиёр Абдураҳмонзода дониши ҳуқуқии худ ва ҳам беғаразиашро нисбат ба ин парванда зери шубҳа гузошт. Аз рӯи ин амали додраси ноҳияи Фирдавсӣ ба Шӯрои адлияи Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд”. Қудратов мегӯяд, аризаи даъвогии мазкур идомаи фишор ба вакилони дифои Зайд Саидов мебошад. Пештар аз ин, Фахриддин Зокиров, вакили дигари Зайд Саидов низ ба иттиҳоми ҷинояти иқтисодӣ боздошт шуда, тафтишот алайҳи ӯ идома дорад.

Соли гузашта бо даъвои Моҳира ва Гулнора Бобораҷабоваҳо духтару модараш Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд ва ҳатто иддао пеш гузошт, ки “ҷабрдида” аз Зайд Саидов соҳиби фарзанд мебошад. Аммо баъдан ташхиси ДНК ин иддаоро рад кард ва додгоҳ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ бозгардонд.

Номи Моҳира Бобораҷабова баъд аз он вирди забон шуд, ки тобистони соли гузашта дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аксҳои ӯ, ки баъди рӯбарӯкунӣ бо Зайд Саидов, дар лаҳзаҳои берун рафтан аз Боздоштгоҳи муваққатӣ гирифта шуда буданд, нашр гардиданд.
Мӯҳр
Ин хабаро дар вакти ужин кардан дар хонаи 3айд адвакатхо ба хабарнигорон гуфтаанд. Рост ми

Said
Boborajabova , nomus chist?

Хонандагони мухтарам интизор бошед. Дар вакти субхона хурдан низ дар хонаи 3айд хабари нав мешавад! Хабарнигори 0зодагон хатман ба шумо мерасонад. )))

Ман хам модарам. Вале мехохам аз Мохирахон ва модари он кас бипурсам:
- Вакте модар хатто ба воситаи ташхиси ДНК муайян карда наметавонад, ки падари фарзанди у кист, пас у чи гуна метавонад дар бораи шаъну шараф харф занад. Чунин модар шаъну шарафро чи гуна мефахмида бошад?
Шавхари асосиаш падари фарзандаш нест. Ташхиси ДНК собит сохт, ки Зайд хам падари у нест. Пас падари он тифл кист? Пагох ба ин савол модар ба фарзандаш чи посух медода бошад?
Вой бар холи чунин модару чунин фарзанд.

Спитамен
Узр мехохам, аммо ин модару духтарро дар зодгохашон мардум хуб мешиносанд. Идомаи гапо худатон бояд жарк кунед...

шаьну шарафи ин духтар чудо хам кимат будаст 200 хазор.

шерафкан
шаъну шарафи ин духтарро бояд экспертиза кард

Спитамен,
Мебахшед ки бошанд онхо мегуфтед моям мефахмдем, ташакур

Чабор
Ин зан бехтараш бо дигар васила рафта хамхобаашро маълум кунад ва ба фарзандаш падарашро шинос кунад чунки падари вай Зайд нест!

Саидчон
Апаи Мавчуда Худо нигохбонатон,бехтарин суханхо. Хак ба чониби Шумо ва вой бар он зане,ки номусу шаъни худро 200000 х нарх мондааст. Ман тарафдори Зайди Саид хастам, бигзор мучозот шавад, агар вокеан ин сухан рост бошад. Лекин маълум хаст ин сухан сохта аст..

Саидчон
Апаи Мавчуда Худо нигохбонатон, бехтарин суханхо. Хак ба чониби Шумо ва вой бар он зане, ки номусу шаъни худро 200000 х нарх мондааст. Ман аслан тарафдори Зайди Саид хастам, бигзор мучозот шавад, агар вокеан ин сухан рост бошад. Лекин маълум хаст ин сухан сохта аст. Худо хамаи моро дар панохи исматаш нигох дорад аз тухмату бухтон ва он касоне, ин найранго сохтаанд..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)