Бахшҳо
16 апр 2014 09:27Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Мақомот гуфтаанд, Шаҳбол -- сарбози латту кӯбшуда ба ҷарроҳӣ ниёз надорад

Масъулини Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” далели пардохт нашудани ҳазинаи ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби тоҷик, аз сӯи ин ниҳодро шарҳ додаанд. Нарзулло Расулов, муовини сардухтури беморхонаи марказии Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, гуфтааст, ин сарзбози маъюб дигар барои ҷарроҳӣ ниёз надорад ва аз ин рӯ, маблағ низ ба ҳисоби беморхонаи Ибни Сино интиқол дода нашуд.

Расулов дар шарҳи гуфтаҳояш, илова намудааст, “12 мутахассис Шаҳболро муоина карданду ба қавли эшон, ҷойи шикастаи сутунмуҳраи ӯ дубора пайваст шудааст. Дар ягон нуқтаи ҷаҳон ингуна беморро ҷарроҳӣ намекунанд. Дар рӯзҳои наздик мо бо мутахассисони эронӣ машварат карда, ба хулоса хоҳем омад.”

Ин дар ҳолест, ки сарбози тоҷик баъд аз латту кӯб шудан ва шикастани сутунмуҳрааш беш аз 35 рӯз мешавад, ба ҷуз як дасташ аъзои дигари бадан беҳаракат буда, мунтазири ҷарроҳӣ мебошад. Пайвандони Шаҳбол Мирзоев субҳи 16 апрел дар сӯҳбат бо Озодагон гуфтанд, тасмим доранд, ӯро барои ҷарроҳӣ ба Русия баранд.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, гуфт, азбаски ваъдаи Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, сардори Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон барои пардохти ҳазинаи ҷарроҳии писараш ба ҳақиқат напайваст, онҳо аз хидматрасонии мутахассисони эронӣ сарфи назар кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло онҳо ба мутахассисони русӣ муроҷиат карда, интизори ҷавоб мебошанд: “Мо ҷавоби духтурҳои русро интизорем ва мехоҳем, Шаҳболро барои ҷарроҳӣ, албатта, аз ҳисоби худ ба Маскав барем."

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканаду ҳоло дар беморхонаи Қарияи боло интизори ҷарроҳист. Қаблан мутахассисони эронӣ барои гузарондани ҷарроҳии Мирзоев иброзӣ омодагӣ карда, арзиши ҷарроҳии аввали ӯро 56 ҳазору 467 сомонӣ муайян намудаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
сарбоз
агар ягон наздикони, мансабдорон мебуд кайхо дар Олмону Амрико табобат мекарданд. Ачиб замона, нафаре бо мошин одам мекушад дасташро гибс карда дар Олмон табобат мекунанд. Дигаре, ки хизмати Ватан мекунад ба як тин пули пуч баробар намекунанд. То ба кай ин рафторхои номардонаро хазм мекарда бошем. Инчо омилхои зиёд хаст, ки намехоханд бечора сарбозро табобат кунанд, хамааш касд мекунад......

Гамдида
Гиряам меояд аз ин ноадолатихо. Чи гуям, ки инонро тахрик дихад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)